Баргашт Чоп кардан

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. АВЛАВИЯТ БА СОҲАИ КАРТОШКАПАРВАРӢ

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба соҳаи картошкапарварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин аст, ки сол ба сол ҳосилнокии картошка баланд ва майдони парвариши он васеъ мешавад.
– Дар баҳори имсола майдони кишти картошка нисбат ба соли рафта 845 гектар афзуд. Бо кушодани майдонҳои нави кишт аз ҳисоби талу теппаҳо ва заминҳои наздикӯҳӣ кишти картошка боз ҳам зиёд хоҳад шуд. Аҳолӣ низ ба рушди ҳамин соҳа сахт манфиатдор мебошад, зеро картошка ин маҳсулоти серистеъмоли мардум маҳсуб ёфта, бозори хуб дорад ва дар рушди иқтисодии ноҳия низ нақши асосӣ мебозад, – иброз дошт Хайрулло Бобозода, раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 дар ҷараёни сафари кории худ ба ин ноҳияи кӯҳистон ва дар мулоқот бо сокинони рустои калонтарин – Роғ оид ба фардои дурахшони Кӯҳистони Мастчоҳ ва дурнамои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ки ба пешравии иқтисодиёт мусоидат мекунанд, ҳарф зада, таваҷҷуҳи масъулони вилояти Суғдро ба рушди картошкапарварӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳ ҷалб намуд. Васеъ кардани майдони кишти картошкаву афзун бахшидани истеҳсоли он ва, дар ин замина, ташкил намудани хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ аз тарафи Президенти мамлакат тақозо шуд. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки шароити Кӯҳистони Мастчоҳ барои парвариши картошка нисбат ба бисёр навоҳии дигари кишвар мувофиқу мусоид мебошад. Ҳамин аст, ки дар панҷ-шаш соли охир соҳаи мазкур дар ноҳия рӯ ба тараққӣ оварда, истеҳсоли картошка тадриҷан меафзояд. Соли 2024 зиёда аз 129 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуда буд, имсол деҳқонон тасмим гирифтаанд, ки истеҳсоли онро то ба 150 ҳазор тонна расонанд.
Айни замон дар ноҳия 1200 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Баҳорон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 3 ҳазору 38 гектар картошка кишт шуд.
– Дар шароити баландкӯҳи мо ба ҷуз картошкапарварӣ соҳаҳои боғдорӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ низ дар авҷи рушд мебошанд, – мегӯяд Баракатулло Раҳмонзода, раиси деҳаи Худгифи Боло, – аммо пешбарандаи рӯзгори мардум даҳсолаҳост, ки картошкапарварист. Ҳама аз нозукиҳои парвариши он огоҳанд. Агар гӯем, ки хурду калон мутахассиси ҳамин соҳа шудаанд, иштибоҳ намекунем. Иқрор бояд шуд, ки маҳз картошкапарварӣ сокинони баландкӯҳро мехӯронаду мепӯшонад.
– Имрӯз дар кишвар ба рушди соҳаи картошкапарварӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд ва мақсади асосӣ дар ин ҷода, дар баробари таъмини аҳолии мамлакат бо картошка, ба роҳ мондани содироти он аст. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик то 200-250 ҳазор тонна картошка истеҳсол шавад.
Дар заминаи ривоҷу равнақи соҳаи мазкур тасмим гирифтаем, ки бо ҷалби сармоягузории ташкилотҳои байналмилалӣ чанд коргоҳи хурди коркарди картошка бунёд намоем, – таъкид кард раиси ноҳия.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”