Иқлими мусоиди ноҳияи Дарвоз барои парвариши меваву сабзавот ва дигар намуди зироатҳои кишоварзӣ ва аз як замини кишт рӯёндани ду ҳосил дар тули сол созгор аст. Бар асоси тавсияҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи истифодаи мақсадноки замин, ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ ва захираи маводи ғизоӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ тадбирҳои саривақтӣ меандешанд.
Деҳқонон ҳангоми ҷамъоварии меваву сабзавот, захира намудани маводи ғизоӣ барои давраи тирамоҳу зимистон, ба тайёр кардани ҳар гуна шарбату мураббо ва консервҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.
Бонувони ҳар оила аз меваву сабзавоти аз 100 то 800 бонкашиша ва зиёда аз онро ҷиҳати захира бандубаст менамоянд. Яке аз бонувони ботаҷриба дар ин самт Зифнун Ҷорӯбкашева мебошад. Ӯ ҳамасола шуруъ аз аввали фасли тобистон ба ҷамъоварии меваву маҳсулоти полизии барвақтӣ оғоз менамояд. Аз зардолу, олу, шафтолу, себу нок шарбату мураббо тайёр менамояд.
Мутахассиси бахши занони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз Лутфия Шарифзода иброз намуд, ки чанд сол қабл дар ноҳия танҳо як корхонаи хурди дӯзандагӣ фаъолият мекард.
Хушбахтона, бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои зиёди дӯзандагӣ ба фаъолият пардохтанд, ки ин иқдом барои бо кор таъмин намудани занҳои хонашин шароити мусоид фароҳам овард.
Ҳоло дар корхонаи дӯзандагии «Ахгар»-и Ҷамоати деҳоти Сағирдашт 80 нафар ва дар Маркази бонувон бо номи «Меҳри модар» 150 нафар бону ба кор ҷалб шудааст.
Маркази «Меҳри модар», ки соли 2015 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шуруъ кард, соли гузашта ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ либоси ягонаи мактабиро ба фурӯш баровард. Либоси дӯхтаи ин корхона зебову шинам ва арзон буда, соли равон ҳатто муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон низ ҷиҳати дарёфт дархост пешниҳод намуданд.
Кормандони Маркази «Меҳри модар» ба ғайри дӯхтани либосҳои миллӣ барои занону мардон, кӯдакону наврасон, ба зардӯзӣ, тоқидӯзӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ низ машғуланд.
Ду сол қабл, бо мақсади дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба рушди ҳунари қолинбофӣ дар корхона коргоҳи алоҳида кушода шуд. Ҳоло 8 нафар бону ба қолин ва адрасбофӣ машғул аст ва зиёда аз 10 нафар ҷавондухтар зери назари устодон ин касбро аз худ мекунад.
Бояд гуфт, ки роҳбарияти корхона ба шароити маишии коргарон низ аҳамияти хосса зоҳир мекунад. Дар ошёнаи сеюми бинои «Кохи бонувон» ошхона барои 150 нафар ҷойгир аст ва дар он ҳар нисфирӯзӣ барои занон таомҳои болаззат омода менамоянд. Дар рӯзҳои истироҳат мувофиқи шартнома сокинони маркази ноҳия ва деҳоти атрофи он тӯю маъракаҳои хурсандии худро дар ин толор баргузор мекунанд.
Маркази бонувон - «Меҳри модар» яке аз муассисаҳои давлатиест, ки на танҳо дар ноҳияи Дарвоз, балки дар ҳудуди ВМКБ ҳамто надорад ва барои ҷолибу рангин сохтани ҳаёти занону духтарон нақши босазо мегузорад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА, рӯзноманигор