Оре, сабр як вожаи одӣ нест. Маънои зиёд дорад ва тағйирдиҳандаи ҳолатҳост. Дар баробари ин, ҳидояткунанда низ мебошад. Гуфтанаш ба ҳар кас даст медиҳад, вале амал ба он мушкил аст.
Замоне ки яке аз пайвандони кас аз дунё реҳлат мекунад, барои тасаллояш сабр мехоҳанд, сабри ҷамил. Магар ҷойи тааҷҷуб нест, ки “ҷамил” – як вожаи зебои дигарро ба он иртибот медиҳанд, балки мепайванданд?
Мақолҳои зиёде дорем дар мавриди сабр: “Аз сабр ғӯра ҳалво мешавад”, “Сабр калиди шодиҳо, хурсандиҳост”, “Сабр калиди мушкилиҳост”.
Гузаштагони барӯманди мо сабрро дар мавридҳои гуногун талқин менамуданд.
Агар дар мусибат сабр накунӣ, сабаби ҳалокат, нестӣ ва харобият мешавад. Пас, якеро интихоб бикун. Бисёр шоҳид гаштаем, ки бархе сабрро раҳо карданд, аз даст доданд, дар натиҷа ё ба ҳалокат расиданд, ё девона шуданд ва, ё шаробхора. Ба ин хулоса ҳам омаданд, ки шароб ғамро, мусибатро рафъ намуда наметавонад.
Бархеи дигар, ки ҳақиқату моҳияти сабрро надонистанд, ба ғамзадаву мусибатзадаи шаробхор бо чашми тараҳҳум нигариставу гуфтанд: “Хайр, чӣ кор бикунад? Ғамашро бояд аз дил барорад”. Як лаҳза ба таври сунъӣ бехуд шудан ғамбарорӣ нест. Бар мусибат мусибат афзудан аст. Агар нафаре яке аз наздиконро аз даст додааст, оё меандешад, ки худро низ аз даст медиҳад? Ҳаргиз мардуми оқил ӯро аз зумраи оқилон намехонанд, ҷоҳилаш медонанд ва бар поёни кораш огоҳ мешаванд.
Баъзе аз касон аз вазифа ва ё мақоме рафтанро низ мусибати бузург дониста, ба беморӣ ва ё марг рӯ ба рӯ шудаанд. Агар рафтанҳо ё худ ғаму мусибатҳоро бо доруи сабр даво мебахшиданд, наҷот меёфтанд.
Сабрро донишмандони мо аз асоситарин хислатҳои ахлоқӣ хондаанду донистаанд. Дар баробари ин, онро пайваста тарғиб намудаанд. Бо вуҷуди ин, ҷойи тааҷҷубу таассуф аст, ки “сабр”-ро нашинохтаанд. Агар ҳам як нафар мусибатзада ба шумо аз мусибаташ мегӯяд ва мехоҳад барои рафъаш маслиҳат бипурсад, маслиҳататонро ба тамасхур мегирад. Гуфтани “сабр бикун” барояш як сухани одӣ аст. Оре, ин посух, маслиҳат бар ӯ хуш намеояд. Мепиндорад, ки як суханест назарӣ ва ҳам раҳоӣ аз посухи аслӣ гуфтан.
Мисле, ки имрӯз “сабр” барои аксари мардум маънои худро аз даст додааст. Гузаштагони мо ба умқи маънои “сабр” мерасиданд. Дар ҳолатҳои вазнин гуфтани ҳамин як вожа кофӣ буд, ки бидонед чӣ коре бояд бикунед. Як вожае беш нест. Пештарҳо онро шарҳу тавзеҳ намедоданд. Имрӯз, агар ин вожаро ба забон биёрӣ ва соатҳо шарҳ бидиҳӣ, ғамдидаву ба ҳолати вазнин гирифторшуда онро фаҳму дарк карда наметавонад. Ин ба ҳолати руҳӣ зуд таъсиргузор мешавад, ба ҳангомаҳои дарунӣ ҳам гирифтор мекунад.
Дар замонҳои на он қадар дур бар одами бесабр мегуфтанд: “Ту чӣ хел дар шиками модарат нуҳ моҳ сабр кардӣ?”.
Ба бесабрӣ, агар бихоҳад ҳам, одам ба балоғати ҷисмӣ намерасад, рушду нумӯ намекунад. Яъне, аз “сабр” хоҳ огоҳ ва хоҳ ноогоҳ раҳоӣ надорем, маҷбурем, ки бо он бисозем.
Ба фасли зимистон наметавонем, ки баҳорро ворид бикунем. Чорае ҷуз сабр надорем. Гардиши Моҳу Офтоб дар ихтиёри мо нест. Дар нимашаб наметавонем Хуршедро ҷилвагар созем.
Бешак, дуруст “сабр”-ро калиди ҳастӣ гуфтаву навиштаанд.
Ҳатто хишт барои девор ҳам батадриҷ омода мешавад, на дар як лаҳза, агар аз рӯйи ҷаҳолат ҳам онро хостор шавем.
Пешрафти инсонҳо ҳам ба сабр вобаста аст. Наметавон маълумоти таҳсилоти миёнаи умумиро дар як сол, дар ҳафтсолагӣ гирифт.
Агар ба мусибатҳо, ғамҳо сабр мекунем, онҳо батадриҷ моро тарк мегӯянд ва ҳам бар ивази ин подош мегирем. Мавлоно барҳақ фармудааст:
Ғам зи дил ҳар чи бирезад ё барад,
Дар иваз ҳақро, ки беҳтар оварад.
Барои ҳамин бояд “сабр”-ро бишносем ва нагузорем, ки гурезпо бошад.
Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”