Публитсист Аъзам Мӯсоев аз соли 1970, пас аз хатми Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ДМТ) тавассути рӯзномаи ноҳиявии «Вахш» ба матбуот пайваст ва то имрӯз мақолаҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳо муттасил нашр мешаванд. Яъне, 55 сол аст, ки ба навиштани мақолаҳо дар жанрҳои гуногун сарукор дорад. Ӯ тасодуф ба рӯзнома наомадааст. Вай дар ин ҷо шахси худӣ буд, зеро аз солҳои донишҷӯӣ хабару гузориш ва лавҳаю таронаҳо, ҳикояҳои хурд эҷод менамуд. Чакидаҳои килкаш ба нашр мерасиданд. Минбаъд аз ходими адабӣ то ба мансаби сармуҳарририи рӯзномаи «Вахш» расид. Дар поғундаҳои зинаи камолот таҷриба андӯхт, махсусан аз мактаби журналистони рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», имрӯза «Ҷумҳурият» баҳраҳо бардошт, дониши назариявиашро дар амал татбиқ намуд. Ин буд, ки дар солҳои роҳбарии ӯ рӯзномаи «Вахш» борҳо ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар байни нашрияҳои маҳаллӣ гардид.
Журналист Аъзам Мӯсоев, баробари офаридани маводи публитсистӣ, ба навиштани китобҳо низ даст зада, дар ин роҳи пурпечутоби эҷодӣ комёб гаштааст. Китоби ӯ «Эҳёи водии лабташна» ба ифтихори 90-солагии ба кор андохтани шабакаи обёрии Вахш бахшида шудааст. Муаллиф аз сарчашмаҳои зиёди чопӣ, ба монанди рӯзномаву маҷалла, китобҳои таърихиву ҳуҷҷатӣ, санади бойгониҳо истифода бурда, ҳамчунин, бо шахсоне, ки дар бунёди ин иншооти азим саҳм гузоштаанд, ҳамсуҳбат гаштааст ва бо далелҳои асосноку дақиқ асарашро ба хонандаи нуктасанҷ пешкаш намудааст. Вақте ки саҳифа ба саҳифа китобро мутолаа менамоед, ҳамроҳи нависандаи он аз саргаҳи канали калони Вахш, аз Неругоҳи барқи обии Сарбанди Левакант то мавзеи Панҷи Поён гӯё пиёда қадам зада, ҳар як дастоварди коргарони солҳои 1931-1933-ро бо чашми худ мебинед, бо таърихи обёрии водии Вахш ошно мешавед. Дар китоб аз муҳоҷирони Балҷувон, Ховалинг, Ҳоит, Ғарм, Хуҷанду Конибодом, водии Фарғонаи Ӯзбекистон ва ғайра низ сухан меравад, ки онҳо дар корам намудани заминҳои лабташнаи водии Вахш саҳм гузоштаанд. Масалан, нафақахӯр Абдураззоқ Одинаев давраи ба водӣ омаданашро 29-уми сентябри соли 1974, дар шумораи 118, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи «Вахш» чунин ёдовар шудааст: «Моҳи марти соли 1927 мо, як гурӯҳ сокинони ноҳияи Ховалинг, ба водии Вахш омадем. Дар каппаҳои қамишӣ ва заминканҳо мезистем. Соли 1930 колхози «Меҳнатобод»-ро ташкил доданд, ки 50 гектар замин дошт. Ҳамон сол 9-сентнерӣ ҳосили пахта рӯёнда шуд».
Ҳамин тавр, дар ин китоб комёбиҳои заминкушоёни водии Вахш то соли 2023 сол ба сол таҳлил шуда, дар хусуси садҳо нафар зафармандон, аз ҷумла 5 нафар Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ: Саидқул Турдиев, Ҳайдар Қосимов, Қудрат Қаюмов, Алексей Дмитриев, Викентий Тошенко, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Ҷаббор Расулов, ки соли 1934 дар водии Вахш корро чун агроном оғоз бахшида буд, ҳамчунин, дар бораи Мирсаид Миршакар, Шоири халқии Тоҷикистон, ки муҳаррири рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» буд, хонанда маълумоти дақиқ пайдо карда метавонад.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»