Баргашт Чоп кардан

РУСТАНИПАРВАРӢ. НИҲОЛҲОИ СЕРТИФИКАТСИЯШУДА ЧӢ АФЗАЛИЯТ ДОРАНД?

Солҳои охир бо ҳидоят ва иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иҷрои барномаҳои рушди соҳаи боғу токпарварӣ ҳазорҳо гектар боғҳои анъанавӣ, интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бунёд ёфтанд, ки имрӯз манбаи даромаду зиндагии шоистаи мардум ва омили зебою назаррабо шудани табиати биҳиштосои кишвар гаштаанд. Танҳо дар даҳсолаи дуюми соҳибистиқлолии кишвар майдони боғу токзор 57 193 гектар зиёд шуд. Ҳамзамон, татбиқи як қатор барномаҳо дар ин самт ба пешрафти соҳаи ниҳолпарварӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Мавриди зикр аст, ки ҳангоми бунёди боғ, истифодаи ниҳолҳои сертификатсияшуда кафолати сифат ва солимии рустаниҳоро фароҳам меорад ва боиси серҳосиливу рушди умумии боғ мегардад. Ниҳолҳои сертификатсияшуда барои риояи стандартҳо аз назорати қатъӣ гузашта, тозагии навъ, мавҷуд набудани бемориҳо ва ҳашароти зараррасон, инчунин, ҳолати хуби системаи решаро тасдиқ мекунанд.
– Барои бунёди боғҳои интенсивию супер-интенсивӣ шинондани ниҳолҳои сертификатсияшуда ва дорои шаҳодатномаи мушаххаскунии навъи ниҳол, риояи қоидаҳои парвариши агротехника ва тагпайванди ниҳолҳои интихобшудаи М-9, ММ-106, М-26, Quince Rootstocks “A-22”, Mirobalan 29-S зарур ва ҳатмист, – гуфт раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода.
Муҳаммадсаид Файзуллозода афзуд, ки ниҳолҳои сертификатсияшаванда бояд дар ниҳолхонаҳои махсус, ки ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ мебошанд, парвариш ёбанд. Ин ниҳолхонаҳо аз ҷониби мақоми ваколатдор сабт мешаванд ва онҳо ба номгӯи ниҳолистонҳое, ки ҳуқуқи истеҳсоли ниҳолро доранд, дохил мегарданд. Ниҳолистон бояд самти муайяни фаъолияти худро дошта, дорои замини кофӣ ва шароити мусоид, инчунин, мутахассисони соҳибтаҷриба бошад. Ҳар як қитъаи ниҳолпарварии ниҳолистон бояд хуб нигоҳубин шавад, зеро дар ҳолати вайрон кардани қоидаҳо ва ба талабот ҷавобгӯ набудан, аз қайд бароварда мешавад.
Дар ниҳолзор ҷараёни асосии ниҳолпарварӣ ба роҳ монда шуда, сипас, ниҳоли тайёр аз ниҳолзор барои кӯчондан ба ҷойи доимӣ ва ё барои фурӯш пешниҳод мегардад. Ниҳолзор, ҳамчунин, дар навбати худ, ба чор қитъа тақсим мешавад, ки вобаста аз давраи парвариши рустаниҳо ба кадом қитъа дохил будани онҳо муайян мегардад.
Назорат ва ташхиси ниҳол аз ҷониби мақомоти ваколатдор (Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар ҳолат ва муҳлатҳои мувофиқ гузаронда мешавад. Ниҳолҳое, ки бо мақсади сертификатсия парвариш меёбанд, дар соли аввал ҳадди ақал як маротиба ва баъд аз гузарондани пайванд бошад, дастикам ду маротиба дар давраи парвариш бояд аз назорат гузаранд. Синну соли ниҳол вобаста аз намуд ва навъ набояд аз синну соле, ки илман пешниҳод шудааст, зиёд бошад. Ниҳолҳое, ки навъи онҳо, асосан, бо роҳи пайвандкунӣ зиёд мегарданд, бояд дар се давраи асосӣ аз назорат гузаранд. Барои ҳар як назорат санади тасдиқкунандаи мутобиқат ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шавад.
Пас аз омодашавии ниҳолҳо барои сертификатсия онҳо дар саҳро назорат шуда, намунаҳои баргу тана ва қисми решавии онҳо дар озмоишгоҳ ташхис ва дар асоси он санади ташхиси ниҳол тартиб дода мешавад. Баъд аз пурра мутобиқат кардани ниҳолҳо ба талаботи стандарти давлатӣ ва дар ҳолати тасдиқи озод будан аз касалӣ ва зараррасонҳо мақоми ваколатдор ба аризадиҳанда сертификати ниҳолро пешниҳод менамояд. Ба фурӯш баровардани ниҳолҳо бе сертификати тасдиқкунандаи сифат қатъиян мумкин нест. Танҳо мақоми ваколатдор, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба навъи ниҳол ва аз организмҳои зараррасони карантинӣ озод будани он, кафолат медиҳад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”