Мусаллам аст, ки соҳибистиқлолӣ имкон дод, ки муҳаққиқону олимони тоҷик ба тадқиқи мавзуоти бунёдӣ машғул гардида, аз як тараф, ба рушди илми тоҷик, аз ҷониби дигар, ба муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мушарраф гарданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки сол ба сол дастовардҳои илмии пажӯҳишгарони тоҷик дар арсаи олам бештар эътирофу қадр мешаванд.
Вобаста ба мақому манзалати илм Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд”. Яъне, илм неруи пешбар ва муҳаррики иқтисод ва устувориву пойдории мамлакат маҳсуб меёбад. Дар ин замина, чопи мақолаҳои пурмуҳтавои олимони тоҷик дар маҷаллаҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ ва эътироф шудани онҳо дар доираҳои илмии байналмилалӣ далели равшани рушди илми тоҷик маҳсуб меёбад.
Моҳи феврали соли 2025 (чопи Қазоқистон) Озмуни байналмилалии “Беҳтарин кори илмӣ”-ро дар байни муҳаққиқони мактабҳои олӣ эълон намуд. Боиси ифтихор аст, ки кори илмии номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи методикаи таълими технологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сафархоҷа Исломов дар мавзуи “Тадқиқи динамикаи молекулавии селлюлоза бо таркиби гуногуни омехтаҳои табиӣ бо усули ЭПР тамғаҳои спинӣ” сазовори ҷойи аввал гардида, мавсуф бо дипломи дараҷаи 1 ва медали “Беҳтарин кори илмӣ” сарфароз шуд.
Вобаста ба муҳимияти тадқиқи мазкур устод Сафархоҷа Исломов андешаҳои хешро чунин иброз дошт:
– Селлюлоза (С6Н10О5)n (аз забони лотинӣ “сellula”-ҳуҷайра) моддаи асосии олами рустаниҳо мебошад. Аз ин рӯ, онро, инчунин, ғоз (клетчатка) ҳам меноманд. Таркиби чӯби дарахтон аз 50 то 70 дарсад селлюлоза доранд. Нахҳои пахта пурра аз селлюлозаи соф иборатанд. Нахҳои зағирпоя ва канаб бошанд, дорои 74-79% селлюлоза ҳастанд.
Селлюлоза ва эфирҳои онро метавон дар соҳаҳои хеле муҳими хоҷагии халқ, техника ва технология, аз ҷумла истеҳсоли маводи бофандагӣ (матоъҳои пахтагӣ ва матоъҳо аз нахи зағирпоя), коғаз, спирти гидролизӣ (техникӣ), селлофан, пластмасса, нахҳои сунъӣ (шоҳии сунъӣ, нахҳои диатсетат ва триатсетати селлюлоза), пардаҳои тунук (плёнкаҳо), лак ва пул (асъор) васеъ истифода бурд.
Тавре аз таҳлилҳои устод Сафархоҷа Исломов бармеояд, селлюлоза аз муҳимтарин моддаҳое мебошад, ки истифодаи дурусти он метавонад ба рушди иқтисодиёт такони ҷиддӣ бахшад.
Маълум аст, ки тадқиқи мавзуи мазкур ба таври мушаххас дар доираи мақолаи илмии бунёдӣ дар илми тоҷик комёбии беназир буда, коркарди натиҷаҳои бадастовардаи муҳаққиқ метавонад дар иқтисодиёт имконпазир бошад. Устод Сафархоҷа Исломов бо таълифи мақолаи илмии бунёдӣ, аз як тараф, саҳифаи тозаро дар илми тоҷик боз карда, аз ҷониби дигар, имконияту неруи илмии тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.
Насриддин ОХУНЗОДА,
рӯзноманигор