Баргашт Чоп кардан

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Муҳаммад Саид Сарвар

8-уми июл котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар вохӯрд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ, инчунин, ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар самтҳои мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии СҲИР
Ҳайати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода дар ҷаласаи пленарии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Париж баргузор гардид, иштирок намуд.
Аз дафтари матбуоти Агентӣ ба мо иттилоъ доданд, ки дар доираи чорабинӣ ҷаласаи муколамаи минтақавӣ оид ба масъалаҳои поквиҷдонӣ дар соҳаи тиҷорат баргузор гашт.
Иштирокчиён изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои чорабинӣ ба таҳкими муборизаи муштарак бар зидди коррупсия ва пешбурди принсипҳои поквиҷдонӣ дар минтақа ва сатҳи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Масъалаҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
8-уми июл дар Теҳрон мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Эрон дар умури консулӣ Ваҳид Ҷалолзода баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни мулоқот масъалаҳои муҳими равобити дуҷониба, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, тартиби рафтуомад ва будубоши шаҳрвандон дар шароити лағви раводид ва дигар масъалаҳои мубрами консулӣ баррасӣ шуданд.
Машваратҳои сиёсии байниидоравии Тоҷикистон ва Ҷопон
8-уми июл дар Токио даври навбатии машваратҳои сиёсӣ-байниидоравии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор шуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопонро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию башардӯстона, инчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи муколамаи "Осиёи Марказӣ + Ҷопон" мавриди баррасии муфассал қарор доданд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст.
Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар иҷлосияи мавзуӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ
8-уми июл намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат дар иҷлосияи махсуси мавзуӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ, ки таҳти унвони «Об ва офатҳои табиӣ барои ҳамкорӣ ва шарикӣ» дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар хабари интишорнамудаи Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ омадааст, ки Ҷонибек Ҳикмат зимни иштирок дар панели сатҳи баланд таҳти унвони «Аз Конфронси оби СММ 2023 то Конфронси оби СММ 2026» ба зарурати фаврии ҳамкорӣ ва иродаи сиёсӣ дар самти рафъи хатарҳои афзояндаи вобаста ба об, бахусус дар минтақаҳои аз офатҳои табиӣ осебпазир ва дорои пиряхҳо, таъкид кард.
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ
Дар шаҳри Душанбе машварати коршинсони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СҲШ оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор шуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни машваратҳо лоиҳаи Созишнома дар бораи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баррасӣ гардид.
Вохӯрии cафири Тоҷикистон бо ҳокими шаҳри Остона
8-уми июл сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо ҳокими шаҳри Остона Женис Касимбек мулоқот дошт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодӣ, энергетика ва рушди муносибатҳои байниминтақавиро муҳокима намуданд. Инчунин, масъалаҳои марбут ба рафти сохтмони бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Остона ва омодагӣ ба намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон дар пойтахти Қазоқистон баррасӣ гардиданд.