4-уми июл шаҳри Ханкенди Озарбойҷон мизбони ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) буд, ки дар он намояндагони 10 кишвари аъзо –Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Туркия, Афғонистон ва Озарбойҷон ширкат варзиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ханкенд бо роҳбарони кишварҳои дӯсту бародар – Озарбойҷон, Эрон ва Покистон, вохӯрда, иброз доштанд, ки тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои аъзои Созмон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
ПАЙОМАДҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
Кишварҳои аъзои ЭКО осебпазир боқӣ мемонанд
Сарвари давлат зимни суханронӣ дар ҳамоиш таваҷҷуҳи ҳозиринро ба рафъи монеаҳои тиҷоративу нақлиётӣ, пайвастшавии шабакаҳои роҳҳои заминӣ, оҳан ва ҳавоии кишварҳои аъзо ҷалб карда, рақамикунонии санадҳои транзитӣ-молиро зарур шумурданд. Ин тадбир василаи тавсеаи тиҷорат ва таъмини бехатарии он, ҳамчунин, сарфаи вақт ва афзоиши ҳамлу нақли байналмилалӣ унвон шуд.
Ҳамзамон, Роҳбари давлат татбиқи тарҳи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи САSА-1000 барои кишварҳои иштирокдори ҳамоиш муҳим ва таҳияи Стратегияи таъмини устувории энергетикии минтақаи ЭКО-ро ба манфиати кор донистанд.
Ҳамзамон, Пешвои миллат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки кишварҳои аъзои ЭКО дар баробари таъсири манфии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ҳамоно осебпазир боқӣ мемонанд. Селу обхезӣ, фаромадани ярч, тарма ва дигар офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисоди кишварҳо зарари зиёд мерасонанд. Андешидани тадбирҳоро барои коҳиш додани пайомадҳои тағйирёбии иқлим махсус таъкид намуданд.
ХОВАРИ МИЁНА
Барқарорсозии сулҳи пойдор омили пешрафт аст
Баррасии вазъи мураккаби имрӯзаи ҷаҳон ва шиддат гирифтани вазъ дар Ховари Миёна аз мавзуъҳои мубрами ин нишаст буд, зеро бе сулҳу субот расидан ба рушди устувори иқтисодӣ аз имкон берун аст. Дар робита ба ин мавзуъ, Сарвари давлати мо ҷонибдориашонро ба коҳиш додани шиддатнокии вазъ ва барқарорсозии сулҳи пойдор дар минтақа танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ баён доштанд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ зимни баромадаш дар шароити душвори ҷаҳони муосир баргузор шудани ҳамоиши мазкурро зикр карда, гуфт, ки бештари муноқишаҳо маҳз дар минтақаи фарогири Созмон рух дода истодаанд. Он чи тайи моҳҳои охир дар Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқи Наздик ба вуқуъ омад, ба гунаи далел ёдоварӣ гардид.
Шавкат Мирзиёев бо ишора ба вазъи чанде пеш дар Эрон баамаломада, бе ҳалли муноқишаи Фаластину Исроил ҳукмрон гаштани сулҳу суботи комилро дар минтақа ғайриимкон номид.
– Мо тарафдори поён ёфтани амалиёти низомӣ дар навори Ғазза, аз байн бурдани монеаҳо дар роҳи расондани кумаки башардӯстона ба аҳолии аз гуруснагӣ ва шароити ғайрисанитарӣ ранҷбаранда ва таъсиси давлати мустақили Фаластин мутобиқи резолютсияи СММ ҳастем, – гуфт Роҳбари ҳамсоякишвар.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ аз ин вазъи баамаломада сухан гуфта, танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ коҳиш додани шиддатнокии вазъ ва барқарорсозии сулҳи пойдор дар Ховари Миёнаро таъкид сохтанд.
Дар идома муайян кардани самтҳои афзалиятноки рушди Созмон барои давраи миёнамуҳлат ва дарозмуддат муҳим ва қабули консепсияи «Ҳадафҳои стратегии шарикии иқтисодӣ – 2035» ба манфиати кишварҳо арзёбӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар баромадаш таваҷҷуҳи бештар равона кардан ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва баланд бардоштани самаранокии онро махсус таъкид намуда, дар ин баробар, омодагии кишварашро барои ҳамкорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, ҳифзи экосистемаи кӯҳсор ва мубориза бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим баён дошт.
ТАВАҶҶУҲИ РАСОНАҲОИ ХОРИҶӢ БА СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар ҳамоиш аз ҷониби роҳбарони кишварҳо дигар масъалаҳои мавриди назар садо доданд, ки ҳар кадоме барои рушди устувори давлатҳои узви Созмон мусоидат хоҳад кард. Вале мо ин ҷо як нуктаро таъкид карданием: дар инъикоси масъалагузориҳо таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори оммаи хориҷи кишвар ба суханони Роҳбари давлати мо махсус буд. Аз ҷумла, сомонаи «Анадолу» (Туркия) дар баробари хабар додан аз баргузории ҳамоиш, ба нутқи Президенти мамлакат таваҷҷуҳ кардааст, ки соли гузашта 33 дарсади гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба кишварҳои узви ЭКО рост омадааст ва ин нисбат ба соли қаблӣ 18 дарсад зиёд аст.
Рушди долонҳои нақлиётии мултимодалӣ, рақамикунонии ҳуҷҷатҳои транзитӣ, бартарафсозии монеаҳои тиҷоратию логистикиро, ки Пешвои миллат ба миён гузоштанд, хабаргузорӣ ба самъи хонандагонаш расондааст. Ҳамчунин, омадааст, ки чунин тадбирҳо самаранокӣ ва шаффофияти боркашониро баланд бардошта, ба афзоиши гардиши мол ва беҳгардии фазои сармоягузорӣ замина мегузорад.
БА ҶОЙИ ХУЛОСА
Бояд гуфт, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ ташкилоти минтақавии байниҳукуматӣ буда, соли 1985 аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Покистон ва Туркия ба хотири рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узв таъсис ёфт. Соли 1992 Созмон бо ворид шудани ҳафт узви нав: Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон боз ҳам густариш ёфт. Сарфи назар аз ҷавон буданаш, ЭКО ба як созмони минтақавии рушдёбанда табдил ёфтааст. Ҷойи шубҳа нест, ки обруву нуфузи он дар ҷаҳон сол ба сол меафзояд.
Бояд таъкид сохт, ки кишварҳои аъзои Созмон имкониятҳои васеи рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро доранд. Тули дувоздаҳ соли охир, кишварҳои аъзои СҲИ баҳри таъмини рушди босуботи муносибатҳои минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Барои расидан ба ин ҳадаф, Созмони ҳамкории иқтисодӣ лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, савдо, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва мубориза зидди қочоқи маводи мухаддир, татбиқ мекунад.
Комрон ЗИКРУЛЛО, “Ҷумҳурият”