– Тоҷикобод ҳамсоли соҳибистиқлолии мамлакат аст. Қаблан ин мавзеъ дар ҳудуди ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) ду ҷамоати деҳотро ташкил медод. Бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз на танҳо ба як ноҳияи мустақил табдил ёфт, балки бо манзараҳои дилошӯбу биноҳои навқоматафрохтааш симои як шаҳри замонавиро ба худ касб кард. Дар оғӯши кӯҳҳои сарбафалаккашида биноҳои хуштарҳу замонавии дуошёна ҳусни ин диёрро боз ҳам зеботар ҷилва медиҳанд. Дар маҷмуъ, табиати дилошӯби ин диёр дили ҳар касро шефтаи худ месозад, – гуфт дар оғози суҳбат раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода.
Ба гуфтаи ӯ сокинони ноҳия бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва туфайли дастгириҳои Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастаҷамъона саъю талош доранд, ки ба дастовардҳои аз ин ҳам назаррастар ноил гардида, диёрашонро боз ҳам ободтару зеботар гардонанд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои бандҳои Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия ва истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия боз беш аз 120 иншоот бунёд хоҳад ёфт. Аз шумораи иншооте, ки ба пешвози ин Ҷашни миллӣ бунёд мешаванд, то ҳол 64-тои он ба истифода дода шуда, дар 25-тои дигараш корҳои сохтмонӣ босуръат ҷараён доранд.
Бо мақсади ба роҳ мондани риояи қоидаву меъёрҳои шаҳрсозию сохтмон ва истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ дар таҳияи нақшаи бунёди иншоотҳо дар шаҳраку деҳоти ноҳия, дар ҳамкорӣ бо масъулон ва сохторҳои Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, бо истифода аз фаъолияти Корхонаи фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и ноҳия лоиҳаи иншоотҳои бунёдшаванда омода карда мешаванд.
– Дар натиҷаи амалӣ намудани бандҳои нақшаи истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 122 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфт. Дар натиҷаи амалишавии нақшаҳо ҳусни ноҳия боз ҳам зебо, шароити зиндагии сокинон беҳбуд ва сатҳи бекорӣ дар ноҳия паст хоҳад гашт, – гуфт Қ. Фақерзода.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”