Баргашт Чоп кардан

ДӮСТӢ

Бардошт аз барномаи фарҳангии арбобони ҳунари Тоҷикистону Қирғизистон таҳти унвони "Дӯстии абадӣ" дар шаҳри Душанбе
Сайёраи замин ба масал олами гил аст,
Тарҳи мудаввар аст ва ё нусхаи дил аст?
Бо чашми заррабини заковат назар намо,
Дар хирмани адовати олам чӣ ҳосил аст?
Андар ҷаҳони пур зи адӯву нифоқу кин,
Ҳар кас паёми сулҳ барад шахси оқил аст.
"Шаҳнома"-ро ба ҳикмати зебо кунам баён:
"Ҷуз ҳарфи неки сулҳ ҳама ҳарфи ботил аст!".
Ҳарфи китоби миллати мо сулҳу дӯстист,
Чун Раҳбари азизи Ватан марди одил аст.
Панди ҳакими хиттаи Кӯлоб шуниданист:
"Ҳамсояи накӯ, ба Худо, ҳамдами дил аст!".
Бо насли қаҳрамони Манас ёр гаштаем,
Зеро, ки азми мо зи азал сулҳи комил аст.
Комилҷон ШАМШЕРЗОДА, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот