Дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва маъмурӣ идома дорад.
Бино ба иттилои Маъмури Юсуфзод, сардори дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ сохтмони маҷмааи биноҳои баландошёна аз ҷониби ширкати ватании “Қудрат-2010” бо назардошти меъёрҳои муосир ҷараён дорад. Биноҳои 24-ошёна бо таҳхона ва инфрасохтори замонавӣ бунёд хоҳанд шуд. Дар таҳхонаи ин биноҳо ду ошёна барои истгоҳи нақлиёт ва дар чор ошёна марказҳои хизматрасонӣ ба нақша гирифта шуда, садҳо шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Айни ҳол, ба сохтмон садҳо мутахассисон ҷалб шудаанд, ки музди меҳнати онҳо то 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд низ идома дорад. Иншооти мазкур дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, тибқи тарҳи лоиҳа, иборат аз таҳхона ва 7 ошёна хоҳад буд.
Ҳамзамон, бо мақсади ҳаллу фасли мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ, сохтмони бинои иловагии Гимназияи №1-уми ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иқдоми панҷ ширкати ватании ботаҷриба идома дорад. Ин бино аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо фарогирии 1400 хонанда дар ду баст то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Ин тадбирҳои созанда дар партави сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сурат гирифта, ба рушди устувори инфрасохтор ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинони шаҳри Хуҷанд мусоидат менамоянд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”