Ҳеҷ амали ғайриқонунӣ бе ҷавобгарӣ намемонад
Як сокини шаҳри Хуҷанд, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ марди 40-сола ном мебарад, ҳамчун гумонбар ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Кормандони милитсия муайян карданд, ки ин мард ҳанӯз моҳҳои апрел-июни соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даромада, аз ӯ 3 адад воситаи нақлиётро ба маблағи умумии 400 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Вале аз ин маблағ танҳо 80 ҳазор сомониашро дода, боқимондаро то кунун барнагардондааст.
Дар робита ба ин ҳолат нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ солро пешбинӣ мекунад.
Боздошти зани 28-сола бо гумони дуздӣ
Кормандони милитсияи пойтахт дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳолати дуздиеро ошкор карданд, ки дар содир намудани он ҷавони 28-сола гумонбар дониста мешавад.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, шахси гумонбар ба ҷинояти дуздӣ 11-уми май бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии як сокини пойтахт ворид шуда, аз ин хона ангуштарии тилло, 15 ҳазору 200 сомонӣ ва 600 доллари ИМА-ро дуздидааст.
Зарари расондашуда 23 ҳазор сомониро ташкил дода, феълан оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Оташ задани воситаи нақлиёт ҷиноят аст!
5-уми июли соли ҷорӣ дар маҳаллаи Сабзикори шаҳри Душанбе ду сокини пойтахт як воситаи нақлиёти шахсиро қасдан оташ задаанд.
Соҳиби воситаи нақлиёт, ки марди 59-сола гуфта мешавад, дар робита ба ин амал бо ариза ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат намудааст, ки дар пайи он кормандони милитсия марди 27-сола ва ҷавони 23-соларо ба гумони содир намудани ин кирдор дастгир карданд.
Дар натиҷаи ин амал воситаи нақлиёт қисман сӯхта, маблағи зарар 48 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.
Тибқи иттилои сомонаи ВКД, мақомоти корҳои дохилӣ ба тафтиши ҳодиса шуруъ кардаанд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”