Иттифоқо ба вақти ҷустуҷӯи ҷойи кори дуредгарон Нозиму Одил, гузарам ба деҳаи навбунёди Дарёобод-2, ки дар ҳудуди деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ доман густурдааст, афтод. Ҳолдонҳо гуфтанд, ки устоҳо дар ҳамин деҳа хона месозанд. Ба ҳавлии навбунёд ворид гаштам. Дидам, ки шахсе ба рӯйи тахтае чашм дӯхта, ғарқи андешаест. Оҳиста наздик омадам. Ӯ сар бардошт. Устоҳоро наёфта бошам ҳам, бо ҷавонмарди чеҳракушоди гандумгуне вохӯрдам, ки чашмони сиёҳаш аз зери чангу гарди аррамайда медурахшиданд.
Вай аз курсӣ баланд шуда, салом дод. Даст дароз кардам. Ӯ чолокона дасташро бо латтае пок намуда, дастамро гирифт. Панҷааш сахт, ба мисли анбӯр, вале эҳтиёткорона дасти маро фишурд. Ба кораш зеҳн мондам: тахтаи думетра пур аз нақшу нигори чашмрабо буд. Чунон зебо, ки наметавон ба зудӣ аз он нигоҳ барканд. Бе ихтиёр ба нақшҳои рӯйи тахта кандаи ин устои ноошно менигараму сабки ӯро бо сабки устодони кандакори шуҳратёр муқоиса менамоям ва эҳсос месозам, ки ин ҷавонмарди паргорбадаст дар остонаи шуҳрат истодааст. Пас аз шиносоӣ, саволи нахустинам аз Бекмаҳмад ин буд:
– Ҳунар аз падар омӯхтед? Гуфт:
– Оре. Мо ҳама ҳунармандем, бобокалону бобову падар, ба қавле ҳафт пуштамон бинокору меъмору кандакору наққош гузаштаанд. Касбамон авлодист. Мактабамон бо усули устоду шогирд. Махсусан, пас аз эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар соли 2018 ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар солҳои 2019-2021 фаъолияти кандакории мо вусъат гирифт. Акнун ҳар нафаре мехоҳад пештоқ, айвон, долон, дару тиреза, сутунҳо ва сақфи хонаашро пурнақш созад, ба мо дархост менамояд. Мо вобаста ба ҳаҷми иншоот ҷузъҳои меъмории биноҳои муҳташам ва истиқоматиро интихоб менамоем. Дар ин ҳол иқлими маҳал ва шароити зиндагии мардум низ ба назар гирифта мешаванд. Кандакориҳои мо ҳамчун қисми ороишии ансамбли меъморӣ пазируфта шуда, навъи санъати ороишиву пардозкорист. Бо кандану буридани чӯб, филизот, гаҷ, устухон ва гил иҷро мешавад. Мо, асосан, аз чӯб истифода мебарем. Бобоям мегуфтанд, ки кандакорӣ қадимтарин ва маъмултарин навъи санъати ороишиву амалии тоҷикон буда, навъҳои гуногун дорад. Дар деҳаи Ремони ноҳияи Айнӣ, ки зодгоҳи ман аст, кандакории чӯб маъмул аст. Кандакорон аз чӯби арча, тут, чормағз, зардолу, чанор табақ, чумча, коса, кафлес, сандуқ, бордон, қисмҳои биноҳо, сутуну шоҳсутунҳо, раву болор, синҷ, дару дарвозаҳои мунаққаш месозанд…
Усто ба фикре банд мегардад. Ба ёдам ибораи «асбоби чӯбгул» аз ҷилди якуми «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» мерасад, ки маънояш маҷмуи олоти ҳунармандист, ки, асосан, барои кандакории чӯб истифода мешаванд, ба монанди ҷадвал, паргор, ранда, сӯҳон, арра, искана, баргак, найчақалам, марғулаи кофӣ, марғула, қалами токбардорӣ. Баъзе аз ин асбобҳо ҳангоми кандакории иловагӣ ба кор меоянд. Яке «қалами ростак» ном дорад, ки бо ёрии он дар чӯб ҳар гуна нақшунигор канда мешавад. Вақте ки ин асбобҳоро ёдрас кардам, усто Бекмуҳаммад гуфт:
– Албатта, кандакор бо ин асбобҳо мусаллаҳ аст, аммо имрӯз дастгоҳҳои барқие ҳастанд, ки то навад дарсад корҳои кандакориро осон месозанд. Буридани дарахт, тахта тарошидан, ҳар гуна нақшҳоро кандан, гулпартоиҳо бо ёрии онҳо иҷро мешаванд, вале нақшунигори мураккаб ҳатман бо «қалами ростак» дастӣ сомон меёбад, ки аз усто сабру таҳаммул, дониши мукаммали кандакорӣ мехоҳад.
Усто Бекмуҳаммад, ки аз 7-солагӣ, баробари ба мактаб рафтан, ба бобову падараш дар овардани «асбоби чӯбгул» дастёр буд, имрӯз кандакори чирадастест. Садҳо хонаҳои сокинони пойтахти гулбасар, шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айниву Рӯдакӣ ва ғайраро пурнақшунигор намуда, ба мардум як ҷаҳон сурур бахшидааст. Намунаи осораш дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ писанди ҳакамону тамошобинон шудааст ва озмунҳо сабаб гаштаанд, ки сафи муштариёнаш биафзояд. Кандакориҳояш мунаққашу зебо, дилнишин, пурмаъно, ҷаззоб, хотирмон ва ҳамчун асари бадеӣ мондагоранд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»