Шукри беҳад аз сарнавишти хеш, ки дар кору рӯзгор бо одамони фарҳехтаву донишманд ҳамнишин шуда, аз онҳо сабақи кору рӯзгор омӯхтаам. Аз ҷумла, ошноӣ бо доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Дӯстмурод Ӯроқов барои ман як ҷаҳон сабақи ҷавонмардӣ ва талоши пешрафт медиҳад.
Дӯстмурод Ӯроқов умри бобаракати хешро сарфи хидмат ба халқу Ватан намуда, тамоми ҳастиашро ба таълиму тарбияи шогирдон бахшид. Дар омода намудани мутахассисони соҳаи иқтисодиёт саҳми беназир ва арзишманд гузошт.
Ҳангоми таҳсил дар шаҳри Москва бо донишу фарҳанги волои хеш аз ҳамсабақону унвонҷӯён ба куллӣ фарқ менамуд, интизом ва ахлоқи ҳамидаи писари тоҷик мавриди таваҷҷуҳи роҳбарият ва устодони донишгоҳ гардид.
Ба ҷавони тоҷик пешниҳод карданд, ки дар кишвари паҳновари рус бимонад, кору рӯзгорашро он ҷо идома диҳад. Қавл ҳам доданд, ки агар ӯ он ҷо бимонад, шароити муносиберо барояш муҳайё месозанд, аммо Дӯстмурод ба Ватан баргашт.
Ба ДМТ омад, устодонаш аз дидори шогирд шоду масрур гаштанд, зуд ба ӯ соати дарсӣ доданд, то ин ки таҷрибаи дар Россия андӯхтаашро ба донишҷӯён омӯзонад. Ҳамин тариқ, дар вазифаву масъулиятҳои гуногун фаъолият карда, аз соли 1992 то соли 2009 декани факултети баҳисобгирии иқтисодии ДМТ буд. Зери роҳбарии устод Дӯстмурод Ӯроқов 20 ҷавон рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуда, дар ҷодаи илм соҳибмақом гардид.
Устод муаллифи ҳашт монографияи илмӣ, китобҳои дарсӣ, шаш дастури таълимӣ ва муаллифи 250 мақолаи илмист. Ӯ ҳамчун академики Академияи Авруосиё дар конфронсҳои байналмилалии илмӣ дар шаҳрҳои Москва, Теҳрон, Тошканд, Алмаато, Кишинёв, Боку, Истамбул, Мюнхен, Новосибирск маъруза хонда, илми тоҷикро дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ намудааст.
Барои ранҷу талошҳои хастагинопазираш соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби унвони Арбоби илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Ҳамзамон, Аълочии мактабҳои олии шуравӣ ва узви вобастаи Академияи мактабҳои олии шуравист.
Устод Дӯстмурод Ӯроқов фориғ аз корҳои илмӣ ва таълиму тарбияи шогирдон ба эҷод машғул аст, асарҳои бадеӣ-таърихии "Овора" ва "Муҳофиз" маҳз бо қалами ин марди озоданиҳод нигошта шудааст.
Маҳорати баланди эҷодиашро ба инобат гирифта, соли 2014 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфтанд.
Воқеан, рӯзгори Дӯстмурод Ӯроқов дарси ибрати насли нав аст. Роҳи тайнамудаи Дӯстмурод Ӯроқов гуфтори Тургеневро ба ёд меорад: "Чунон бояд зист, ки ҳар лаҳзаи зиндагӣ арзише дошта бошад".
Бо камоли эҳтиром ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоем, ки ҷиҳати номгузории муассисаи илмӣ-таълимие дар шаҳри Ҳисор ба номи ин олими шинохта, инсони соҳибфазилат, нексиришти соҳибкитоб ва соҳибмактаб мусоидат намоянд.
Акбар АБДУСАМАДОВ, корманди Хонаи китоби Тоҷикистон