Баргашт Чоп кардан

ДЕВАШТИЧ. ДЕҲОТ ОБОДУ ДИЛИ МАРДУМ ШОД!


Бояд зикр кард, ки баъд аз ҳар як сафари Роҳбари давлат ба вилояти Суғд, тибқи дастур ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талошҳои роҳбарияти вилоят дучанд гардида, иқтисодиёт рушд ёфта, бо тарҳу лоиҳаҳои замонавӣ шаҳру деҳоти вилоят ободу зебо мешаванд.
Дар ин радиф, дар ноҳияи Деваштич ҷиҳати омодагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои муҳиму созанда амалӣ мегарданд. Ҳоло дар ноҳия бунёд, таъмир ва навсозии 583 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 438 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Деваштич корҳои ободониву созандагӣ равияи тоза касб намуда, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинони меҳнатқаринаш барои истиқболи Ҷашни фархундаи миллат – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тамоми имкониятҳо истифода мекунанд.
Бино ба иттилои масъулон, то имрӯз 438 иншооти таъиноташ гуногун сохта, ба истифода дода шуда, дар ин замина 3285 ҷойи нави кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис ёфтааст, ки 75 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки сокинони ноҳияи Деваштич дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободонии диёри худ ҳиссаи калон мегузоранд. Бунёди бинои нави Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯст, майдончаи варзишӣ дар деҳаи Зароб, ба истифода додани ду пули мошингузар дар деҳаи Қалъачаи Арбоб аз ҷумлаи иқдомҳои бунёдкоронаи сокинону соҳибкорони маҳаллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, дар деҳаи Басманда сохтмони бинои кӯдакистон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд идома дошта, барои қабули 200 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Дар деҳоти ноҳия, тибқи маълумоти масъулон, бунёди боз 8 муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шуда, айни ҳол сохтмони се кӯдакистон оғоз ёфтааст.
Имрӯзҳо дар деҳоти ноҳия ба таъмири роҳҳои автомобилгард низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Чанде пеш бо дастгирии МИМҲД ва саҳми сокинон 22 километр роҳи аҳамияти маҳаллидошта мумфарш шуд. Айни ҳол корҳои таъмиру мумфаршкуниии кӯчаҳо дар деҳаҳои ноҳия идома доранд. Ба иттилои масъулон, роҳи кӯчаҳои деҳаи Басманда ва Қалъаи Дӯст ба дарозии 1900 метр мумфарш гардида истодааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар маросими оғози мумфаршкунии кӯчаҳои асосии деҳаҳои Басманда ва Қалъаи Дӯст иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ҳама гуна пешрафту созандагӣ маҳсули ваҳдату якпорчагӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Деваштич, яке аз минтақаҳои асосии картошкапарварии кишвар ба шумор меравад. Дар ин ҷо сол ба сол майдони кишти картошка афзоиш ёфта, дар назар аст, ки соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 9 ҳазор гектар картошка кишт карда шавад. Бино ба гуфтаи Мирзо Мирзозода, сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Деваштич, картошкапарварони ноҳия кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми истеҳсоли картошкаро ба 500 ҳазор тонна расонанд.
Сокинони сарбаланди ноҳияи Деваштич бо ҳамгироии МИМҲД бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромии кишвар, бо руҳияи баланди ватандӯстӣ истиқбол гирифтани Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ корҳои бунёдкориву созандагиро идома дода, имрӯзҳо барои мушарраф шудан ба натиҷаҳои беҳтару бештар ҷаҳду талош меварзанд.

Саъдулло МАХКАМОВ, рӯзноманигор