Баргашт Чоп кардан

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. ТО ДАСТАҶАМЪОНА МУБОРИЗА НАБАРЕМ...

Дар ҷаҳони муосир муборизаи дастаҷамъона алайҳи терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст, зеро ин зуҳуроти хатарзо чун вабои асри 21 имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш оварда, ба ҷони инсонҳо таҳдид менамояд. Ин аст, ки дар қатори дигар мушкилоти глобалӣ терроризм ва экстремизм ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Тадқиқҳо нишон медиҳанд, ки нишонаҳо ва решаҳои шаклҳои гуногуни экстремизм, аз ҷумла экстремизми сиёсӣ-диниро дар тамоми динҳо пайдо намудан мумкин аст. Яъне, гуфтан мумкин аст, ки эътиқоди динӣ то андозае метавонад ба ҳайси асоси фалсафию идеологии экстремизми сиёсӣ-динӣ баромад кунад. Аммо на ҳама навъи эътиқод, балки эътиқоди кӯр-кӯрона, аниқтараш фанатизми динӣ асоси фалсафию идеологии экстремизми сиёсӣ-динӣ аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки барои муборизаи самаранок бо ин навъи экстремизм вобаста ба фанатизми динӣ ҳамчун асоси он маълумоти муфассал дошта бошем, то ба саволи «Барои чӣ эътиқоди кӯр-кӯрона ва бечунучаро ба дин асоси экстремизм ва терроризм аст?» ҷавоб диҳем.
Мусаллам аст, ки дар ҷомеаи кунунӣ бархе аз ҷавонону наврасон бинобар надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди зуҳуроти гуногуни номатлуб мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда, ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундраву ифротгаро гирифтор мешаванд.
Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ин омил байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки, асосан, ташкилотчӣ ва саркардаҳои гурӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда, онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд.
Воқеан, таъсир ва ташаккули равияи террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусалмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин, дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.
Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро, асосан, ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.
Бо дарназардошти он ки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари зуҳуроти номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонда, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Аз ин рӯ, ҷавонони моро зарур аст, ки ҳадафҳои воқеию харобиовари гурӯҳҳои ифротгарро ба дурустӣ бишносанд ва дар заминаи шароитҳои фароҳамшуда вобаста ба таълиму тадрис ҷиддан ба илму маърифат рӯ оваранд ва дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.
А. ИНОЯТУЛЛОЗОДА,
прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон