Баргашт Чоп кардан

ҒАРҚШАВӢ. НАҶОТИ МО ДАР ДАСТИ ХУДИ МОСТ

Бо фаро расидани мавсими гарму офтобии тобистон шиноварӣ ба яке аз машғулиятҳои дӯстдоштаи мардум, махсусан ҷавонон ва кӯдакон, табдил меёбад. Соҳилҳои дарё ва обанбору ҳавзҳо пур аз одамон мешаванд. Мутаассифона, баъзан ин мавсими фароғат ҳодисаҳои нохушеро ҳам ба бор дорад. Чандин нафар бо сабабҳои беэҳтиётӣ, шиноварӣ дар ҷойҳои манъшуда ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ғарқ шуда, гоҳо ҷони худро аз даст медиҳанд.
Тавре полконик Ориф Нозимиён, сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, дар суҳбат баён дошт, танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 89 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, сабабҳои асосии ин ҳодисаҳо шиноварӣ дар ҷойҳои манъшуда, надоштани малакаи шиноварӣ, садамаи нақлиётӣ, дар ҳолати мастӣ, инчунин, бе назорат мондани кӯдакон мебошад.
– Дар нимсолаи якуми соли 2025 ҷони 91 кас талаф ёфта, 20 нафари дигар наҷот дода шуд. Дар шаҳри Душанбе 7 нафар ғарқ шуда, 2 нафар наҷот ёфт. Дар ВМКБ бошад, шумораи ғарқшудагон ба 14 нафар расид, ки аз ин ҳеҷ кадом наҷот наёфт. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12 ҳолати ғарқшавӣ рух дода, ҳамагӣ 5 кас раҳоӣ ёфт.
Дар вилояти Хатлон 41 нафар ғарқ шуда, 3 кас наҷот ёфт. Аз шумораи умумии ғарқшудагон дар нимсолаи якум аз рӯи таҳлили синну сол : 10 нафар то 4 – сола; 18 – то аз 5 то 10 – сола; 17 – то аз 11 то 16 – сола; 30 – то аз 17 то 35 – сола ва 16 – то аз 35-сола болоро дар бар мегирад. Аз рӯи мансубият ба ҷинс бошад, зиёда аз 20 дарсадро занҳо ташкил медиҳанд.
Бо таъкиди ҳамсуҳбати мо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ, семинар ва брифингҳо гузаронда, дар ҷойҳои хатарнок шиору таъкидҳоро насб мекунад. 9- уми июли соли равон Кумита бо мақсади пешгирии ғарқшавӣ дар ҳудуди кишвар гурӯҳи назоратиро таҳти унвони “Наҷоти сайёр” таъсис дод. Кормандони Кумита корҳои фаҳмондадиҳиро аз шаҳри Душанбе шуруъ намуданд. Минбаъд дар тамоми навоҳии кишвар тадбирҳои муассир андешида шуда, тавассути роликҳо ба ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Ин ва далелҳои дигари собитшуда гувоҳи он аст, ки воқеан, ғарқшавӣ оқибати беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои бехатарӣ дар об аст. Бештари вақт чунин ҳодисаҳо дар натиҷаи аз ҷониби калонсолон бе назорат мондани кӯдакон рух медиҳанд. Барои пешгирӣ аз он, ҳар шаҳрванд бояд дарк кунад, ки бехатарии шахсӣ ва наздиконаш аз худи ӯ вобаста аст.
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”