Баргашт Чоп кардан

БАРНОМАҲОИ СОҲАВӢ. ЧАРО ТАТБИҚИ ОНҲО БА ТАВРИ ЗАРУРӢ АНҶОМ НАМЕЁБАД?


Ҳар як нақшаи инфиродӣ ва ё соҳавӣ ба хотири пешрафт таҳия ва амалӣ карда мешавад. Дар сатҳи давлатӣ низ барномаву нақшаҳо дар бахшу соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ рушди устувори кишварро таъмин менамоянд. Ба ҳолати 1-уми июни соли 2025 дар кишвар 236 ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ амал менамояд, ки аз шумораи умумии ҳуҷҷатҳо 121 барномаи соҳавӣ мавҷуд мебошад.
Вале, мутаассифона, дар баъзе мавридҳо, татбиқи барномаҳо, хусусан барномаҳои соҳавӣ, бо сабабҳои гуногун ба таври зарурӣ иҷро намешаванд. Барои мисол, Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва чандин дигар барномаҳои соҳавӣ дар муҳлати барояшон муайянгардида ба пуррагӣ иҷро нашуданд, ки сабабҳои гуногун доранд. Ҳамчунин, баъзе аз барномаҳои давлатии рушди саноат бинобар мушкилоти сармоягузорӣ, инфрасохтор ва набудани таҷҳизоти замонавӣ пурра амалӣ нагардиданд.Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ агарчи аз 38,8 миллиард сомонӣ дар соли 2021 то ба 54 миллиард сомонӣ дар соли 2024 афзудааст ва дар натиҷа ҳиссаи он дар ММД ба 16,9 дарсад баробар шуд, татбиқи пурра ва саривақтии Барнома суръати рушдро бамаротиб зиёд мекард.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ изҳор доштанд, сабабҳои асосии дар сатҳи зарурӣ амалӣ нашудани ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии соҳавӣ, пеш аз ҳама, дар мувофиқа нагардидани барномаҳои маҳаллӣ бо сохторҳои дахлдор ҳангоми таҳия, ҳамчунин, набудан ё холӣ будани воҳидҳои корӣ барои таҳия ва мониторинги ҳуҷҷатҳо, ҳиссаи ками сармояи дохиливу хориҷӣ ва кам ҷалб гардидани онҳо мебошад. Ғайр аз ин, ба инобат нагирифтани меъёрҳои стандартии таҳияи барномаҳо ва норасоии механизмҳои мониторинг ва назорат аз омилҳои таъсиррасон ба раванди татбиқи барномаҳои соҳавӣ ба ҳисоб мераванд. Азбаски амалишавии бисёри аз бандҳои барномаҳо ба маҳалҳо ва шаҳраку деҳот рабт доранд, аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ сари вақт ва пурра пешниҳод нагардидани маълумот оид ба иҷрои барномаҳо мушкил эҷод мекунад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллӣ дар самти татбиқи барномаҳо ва ҳадафҳои стратегии рушд Шурои миллии рушд ва дар доираи он 14 гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис ёфтааст. Ин гурӯҳҳо вазифадоранд, ки ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025-ро пайгирӣ ва арзёбӣ намоянд.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҳамчун мақоми ваколатдор, барои беҳтар намудани сифати мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, санадҳои меъёрии танзимкунанда таҳия намуда, ҳамзамон, бо ҷалби коршиносони маҳаллӣ ва хориҷӣ муҳтавои методологии арзёбиро таҳким бахшида истодааст.

МАБЛАҒГУЗОРӢ КАМТАР АЗ 20 ДАРСАД
Аммо таҳлили раванди иҷрои барномаҳо нишон медиҳад, ки новобаста аз мавҷуд будани заминаҳои меъёрӣ ва институтсионалӣ, як қатор мушкилоти марбут ба ҳамоҳангсозии муассир, таъмини маблағгузорӣ, сифати мониторинг ва масъулияти сохторҳои дахлдор дар амалисозии барномаҳо боқӣ мемонанд. Иҷрои пурраи барномаҳо, бахусус дар самтҳои энергетика, инфрасохтор, таълим, тандурустӣ ва рушди иҷтимоии маҳаллӣ, ҳоло ҳам ба такмили механизмҳои идоракунӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ ниёз дорад. Маблағгузории барномаҳо низ яке аз омилҳои калидии муваффақият ва иҷрои пурраи онҳо ба ҳисоб рафта, дар ин самт барои ҷалби сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ тадбирҳо андешида шудаанд. Бо назардошти нақшаҳои пешбинишуда, саҳми буҷети давлатӣ дар маблағгузории барномаҳо бояд ҳудуди 50 дарсадро ташкил диҳад. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии соҳавӣ ба ҳисоби миёна танҳо 20,2 дарсад муқаррар шудааст. Ҳарчанд иҷрои миёнаи нақшаи маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ дар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии соҳавӣ 83 дарсадро ташкил диҳад, барои як қатор барномаҳо иҷрои нақшаи маблағгузорӣ камтар аз 20 дарсад аст.

ЧӢ БОЯД КАРД?
Барои татбиқи пурра ва босамари барномаҳои соҳавӣ чораҳои қатъӣ роҳандозӣ намудан зарур мебошад. Нахуст, сифати таҳияи барномаҳо беҳтар карда шавад, то ин ки онҳо натиҷаи дилхоҳ диҳанд. Пешбинӣ намудани нишондиҳандаҳои дақиқи натиҷавӣ ва таъсирнок барои баҳодиҳии фоиданокии татбиқи барномаҳо, ҳамоҳангсозии ҳатмии ҳамаи барномаҳо бо вазорату идораҳои дахлдор пеш аз қабул, тақвияти нақши мақомоти маҳаллӣ ва воҳидҳои мониторинг ва баланд бардоштани масъулияти шахсони мансабдор дар сатҳи маҳаллӣ барои иҷрои саривақтии чорабиниҳои барномавӣ ба манфиат хоҳанд буд. Ҳамчунин, пешниҳод карда мешавад, ки ҳиссаи маблағгузории буҷетӣ дар иҷрои барномаҳои соҳавӣ то ҳадди 50 фоиз боло бурда шавад. Ғайр аз ин, эҷоди платформаи ягонаи иттилоотии мониторинг, ки дар он вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллӣ маълумоти заруриро сари вақт ворид намоянд, корро бамаротиб осон мегардонад.
Баланд бардоштани иқтидори кадрӣ ва таъмини дастрасии оммавӣ ба натиҷаҳои татбиқи барномаҳо тавассути шабакаҳои иттилоотӣ ва воситаҳои ахбори омма дар амалисозии босамари барномаҳо ва таъмини шаффофият мусоидат менамояд. Дар баъзе мавридҳо, ки иҷрои бандҳо ва нақшаи чорабиниҳо аз як барнома ба барномаи дигар мегузарад, ба суръати рушди соҳаҳо таъсири манфӣ расонда, аз масъулон андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»