Баргашт Чоп кардан

НЕРУИ БАРҚ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОК ЯГОНА РОҲИ РАҲОӢ АЗ МАҲДУДИЯТ БОҚӢ МЕМОНАД

Яке аз дастовардҳое, ки ба рушди иқтисоди кишвар таъсири мусбат дорад, ин пешравии соҳаи энергетикаи мамлакат мебошад. Ин аст, ки имрӯз расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат яке аз ҳадафҳои асосӣ ба шумор меравад.
Бо назардошти ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби соҳаи энергетика, хусусан беҳтар намудани таъминоти неруи барқ ба аҳолии кишвар ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Бо вуҷуди он ки дар ҳар як вохӯрию суханрониҳои худ пайваста аз сарфакорию сарфаҷӯӣ дар кору рӯзгор таъкид мекунанд, лекин на ҳамаи шаҳрвандон дар ин самт оқилона амал менамоянд. Тавре аён гашт, дар самти истифодабарии қувваи барқ ҳанӯз ҳам қонунвайронкунӣ, аз қабили дуздии неруи барқ ва мусоидат намудан ба талафоти барзиёди он зиёд ба чашм мерасад. Дар робита ба ин масъала, Сарвари давлат сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқро ҳамчун амри муҳиму ногузир вазифагузорӣ намуда, 15-уми апрели соли равон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. Ҳадафи ба имзо расондани қонунҳои мазкур – ин таъмини мунтазами аҳолӣ ва корхонаҳои ҷумҳурӣ бо неруи барқ, сариштакорона истифода намудани он, мусоидат дар самти пешгирии талафот ва дуздии энергияи барқ мебошад.
Ҳамзамон, Сарвари давлат супориши қатъӣ доданд, ки барои кам намудани талафоти неруи барқ ва истифодаи самараноки он ҳамаҷониба чораҷӯӣ карда шавад. Аз ин рӯ, барои ҷорӣ кардани назорати баҳисобгириву истифодаи дурусти неруи барқ Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Аз ба тасвиб расидани қонунҳои мазкур қариб се моҳ сипарӣ гашт. Дар ин самт чӣ тадбирҳо амалӣ шуда истодаанд? Дар ин муддат чанд ҳолати қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи қувваи барқ ба қайд гирифта шуд? Барои посух гирифтан ба ин суолҳо ба Агентии мазкур муроҷиат намудем.
Муҳаммад Одинаев, сардори шуъбаи арзёбии санҷишҳо, масъалаҳои техникӣ ва техникаи бехатарии Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар посух ба ин суолҳо изҳор дошт, ки айни ҳол ҳамаи кӯшишу талоши кормандони Агентӣ барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат равона шудааст. Натиҷаи фаъолияти пурсамари аҳли кормандони масъул аст, ки танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ аз ҷониби Агентӣ 272 ҳолати вайронкунии қоидаҳои истифодабарии энергияи барқ ва гармӣ дар ҳаҷми 6 миллион кВт/с энергияи барқ ба маблағи 4,3 миллион сомонӣ ошкор шуд. Агентӣ дар доираи ваколати худ нисбат ба 416 нафар масъулини хоҷагии барқ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дод. Вобаста ба татбиқ намудани қисмҳои 2 ва 3 моддаи 253 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои санҷишӣ ба мақомоти прокуратура ирсол шуд.
– Вазифаи асосии мо имрӯзҳо аз он иборат аст, ки мардумро аз талаботи қонун огоҳ созем ва бо ин восита, афзоиши ҷинояткорӣ ва қонуншиканиро пешгирӣ намоем. Бо ин мақсад, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои дуздӣ ва талафоти қувваи барқ, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ мазмуну муҳтавои тағйиру иловаҳоро ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқаррар ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои истифодаи ғайриқонунии энергияи барқ бо гузарондани вохӯриҳо дар манзилҳои истиқоматӣ бо сокинон ва корхонаву муассисаҳо, инчунин тавассути воситаҳои ахбори омма, сомонаҳои иҷтимоӣ ва паёмакҳои телефонӣ, корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр карда истодаем, – гуфт Муҳаммад Одинаев.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ, ки 25-уми апрели соли равон дар Қасри миллат бо иштироки масъулини давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика доир гашт, масъалаи талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии онро дар кишвар ташвишовар арзёбӣ намуда, аз ҳолати мавҷуда изҳори нигаронӣ намуданд. Ҳамзамон, раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика, вусъатбахшии ҷараёни васли ҳисобкунакҳои барқии муосир ва амалисозии тадбирҳои дигари пешбинишударо дар самти паст кардани талафоти неруи барқ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Боиси зикр аст, ки бори нахуст дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи лоиҳаи «Низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ» системаи нав – низоми биллингӣ ҷорӣ гардид, ки татбиқи лоиҳа дар ин самт натиҷаҳои мусбат ва дастовардҳои чашмрасро ба бор овард. Масалан, нишондоди талафот давоми соли 2023 аз 19 то 8 дарсад кам ва сатҳи ҷамъоварии маблағи истифодаи қувваи барқ аз 81 то 99-100 дарсад боло бурда шуд. Чунонки натиҷаҳо нишон доданд, амалисозии ин раванд ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар самти пешгирии қонуншиканӣ дар самаранок ва беталафот истифодабарии қувваи барқ нақши муҳим мебозад.
Соли равон бо мақсади ҳарчи зудтар ҷорӣ намудани низоми биллингӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ насби 196883 ҳисобкунаки интеллектуалӣ нақшабандӣ шудааст. Ҳадафҳои асосии лоиҳаҳо кам кардани талафоти неруи барқ ва зиёд намудани сатҳи пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ мебошад. Ёдрас бояд шуд, ки дар рафти татбиқи лоиҳа сатҳи ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ боло рафта, талафоти он дар моҳҳои апрел-июни соли 2025 то 10,4 дарсадро ташкил дод.
Чунонки Миралӣ Қаландаров, сардори Хадамоти истеҳсолию техникии филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе, зимни суҳбат изҳор дошт, афзалияти асосии гузариш ба низоми биллингӣ аз он иборат аст, ки ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ аз байн бурда мешавад.
Хулоса, бояд, ки сокинони мамлакат ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои дурандешонаву манфиатбахши Ҳукумати мамлакат саҳми худро гузоранд. Зеро рушду пешрафт ва ободии кишвар, пеш аз ҳама, аз оила, ҷомеа ва мардуми шарафманди он вобастагии калон дорад. Бетарафиро ихтиёр кардан, маънои теша задан ба решаи худро дорад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”