Дар даврони истиқлол дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои фарҳанги халқи тоҷик, аз қабили омӯзиш ва ҳифзи мероси таърихии халқи тоҷик, эҳё ва тармиму таҷдиди ёдгориҳои таърихиву меъморӣ, барқарор намудани номҳои таърихӣ, таҷлили санаҳои муҳим, густариши робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзу барқарорсозии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Мавриди зикр аст, ки масъалаи ҳифзу гиромидошт ва ба феҳристҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ворид намудани ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои калидӣ дар сиёсати фарҳангии роҳбарияти олии мамлакат ба ҳисоб меравад. Ба андешаи Пешвои миллат, ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф (ЮНЕСКО) таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги миллати тоҷик мебошад.
Солҳои охир натиҷаи ҳамкориҳои судманд бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф (ЮНЕСКО) имкон фароҳам овард, ки як қатор ёдгориҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ ворид шаванд. Инак, боз хушхабар, 12-уми июли соли 2025 дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Париж баргузор гардид 11 ёдгории бостоншиносӣ ва меъмории Хутали Қадим: Дайри буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа, Қалъаи Золи Зар, мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри буддоии Хишттеппа, ки воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон мебошанд ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуданд. Хутали Қадим 5-умин мавзеи Тоҷикистон аст, ки аз ҷониби ин Созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Ин рӯйдоди муҳим дастоварди муҳим ва арзишманди даврони истиқлол дар ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, натиҷаи назарраси татбиқи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз понздаҳ сол қабл, яъне 31-уми июли соли 2010, нахустин ёдгории таърихиву фарҳангии Тоҷикистон – Саразм ҳамчун «маркази ташаккули фарҳанги қадимаи кишоварзии мардуми тоҷик» ба Феҳристи мероси фарҳангии башарии ЮНЕСКО ворид гардида буд.
21-уми июни соли 2013 дар иҷлосияи 37-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Пномпени Камбоҷа «Боғи миллии Тоҷикистон» ҳамчун ёдгории табиӣ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуд. Ин дуюмин мавзеи Тоҷикистон, ки дар Феҳристи мероси ҷаҳонӣ сабт шудааст.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки рӯзи 17-уми сентябри соли 2023 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, дар доираи номинатсияи фаромиллии ёдгориҳои «Шоҳроҳи бузурги Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум» 9 мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Панҷакенти Қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро, гарданаи Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Кум, Қалъаи Ҳисорак, Тали Хамтуда ва низоми обёрикунии Тоқсанкорез ба Феҳристи мероси фарҳангии башарии ЮНЕСКО ворид шуданд.
Ҳамчунин, 20-уми сентябри соли 2023 дар ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» дар Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардид.
Ҳамин тавр, метавон хулоса намуд, ки дар даврони истиқлол барои омӯзишу таҳқиқ, таъмиру барқарорсозии ёдгориҳои меъморию бостонӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзу нигоҳдорӣ, истифодаю муаррифии мероси таърихиву фарҳангии халқи тоҷик, корҳои зиёди шоёни таҳсин ба сомон расидаанд.
Фирдавс ШАРИФЗОДА, номзади илмҳои таърих