Имрӯзҳо барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд садҳо иншооти таъиноташон гуногун бунёду навсозӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд.
Ноҳияи Айнӣ, ки аз минтақаҳои кӯҳистони кишвар ба шумор меравад, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд ёфта, сол ба сол бо бунёди роҳҳо ва дигар иншооти зарурӣ симои зебо касб мекунад
Чанде пеш раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ шинос гардид. Тибқи нақша, дар ояндаи наздик роҳи автомобилгарди Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ низ пурра навсозӣ мегардад. Раиси вилоят дар ин масир ба корҳои мумфаршкунии роҳи автомобилгард аз назди беморхонаи марказии ноҳия то деҳаи Сангистон расман ҳусни оғоз бахшид.
Ба иттилои масъулин ин роҳ, ки деҳаҳои Сангистон, Зосун, Томин, Путхин ва дигар мавзеъҳои болооби дарёи Зарафшон, инчунин, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба ҳам мепайвандад, дар асоси сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории МИМҲД-и ноҳия, саҳми ширкати «Инновейтив Солюшинз ЛТД», шарикони рушд ва сокинон бо харҷи 7,5 миллион сомонӣ мумфарш карда мешавад. Масофаи роҳи навсозишаванда 6 километр буда, 8 метр паҳноӣ дорад. Ин иқдом бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳҳои маҳаллӣ ва таъмини ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт ва рушди инфрасохтор дар деҳот амалӣ мешавад. Қаблан ҳолати ин роҳ ташвишовар буд ва акнун орзуи деринаи сокинони ин минтақа ҷомаи амал мепӯшад. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин масир осон гардида, хароҷоти иловагӣ коҳиш меёбад.
Дар идомаи сафари корӣ ба водии Зарафшон раиси вилоят ба шаҳри Панҷакент ташриф оварда, ба корҳои мумфаршкунии роҳи мошингард аз гардиши деҳаи Боғча то деҳоти Шинг ҳусни оғоз бахшид. Тавре зикр гардид, масофаи умумии роҳ 2400 метр буда, паҳноии он 5 метрро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои масъулон, дар марҳалаи аввал дар шаҳри Панҷакент 27 километр роҳи дохилии маҳаллаҳо мумфарш мешавад. Бояд зикр намуд, ки мумфаршкунии роҳ на танҳо равуои сокинонро осон мекунад, балки ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии минтақа мусоидат менамояд.
Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинон изҳор дошт, ки тибқи супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бунёди роҳҳои замонавӣ, беҳтар кардани ҳаракати нақлиёт ва шароити зисти сокинон зери назорати доимии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор дорад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар шаш моҳи соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд 101 километр роҳ мумфарш, 465 километр таъмири ҷорӣ ва 438 километр роҳ шағалпӯш шуд.
Сокинону соҳибкорони ин минтақаҳои дурдаст дастуру ҳидоятҳои ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро асоси фаъолияти хеш қарор дода, маблағҳои барои адои ҳаҷ ҷамъовардаи худро барои кори хайр, аз ҷумла ободонию созандагӣ ва мумфаршкунии роҳҳои байнидеҳавӣ, сарф намуда, бо ин амал саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.
Саъдулло МАҲКАМОВ,
рӯзноманигор