Баргашт Чоп кардан

Муошират байни мақомоти қонунгузории Тоҷикистону Чин

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар машварати омӯзишӣ, ки бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти қонунгузор дар Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад, иштирок доранд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки машварат дар мавзуъҳои «Ташкили механизми муошират байни мақомоти қонунгузор, табодули таҷриба дар идоракунии давлатӣ» ва «Вусъат додани ҳамкории мутақобилан судманд дар бахшҳои савдо, иқтисод ва мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори СММ» мегузарад.
Муовини Сарвазир дар ноҳияи Тоҷикобод
Сулаймон Зиёзода, муовини Сарвазири мамлакат, дар ноҳияи Тоҷикобод бо сохтмони манзилҳои зист барои оилаҳои аз заминларза зарардида шинос гардид.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», сохтмони манзилҳои зисти бар асари офати табиӣ зарардида бомаром идома дошта, дар умум зиёда аз 70 дарсади корҳо ба анҷом расид.
Бо кӯшишу заҳмати бинокорону сокинони ноҳия манзилҳои зист дар муҳлати муайяншуда мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Иштироки зиёда аз 100 ширкати Тоҷикистону АМА дар Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ
17-уми июл дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гашт, ки дар он роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва зиёда аз 100 ширкату корхонаҳо иштирок намуданд.
Таъкид шуд, ки соли 2024 гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба 91,9 миллион доллари ИМА расид, ки нисбат ба соли 2023-юм 61 фоиз бештар аст.
Танҳо дар шаш моҳи соли 2025 ҳаҷми савдо 57,6 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 маротиба бештар мебошад.
Машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Қатар
Дар шаҳри Давлати Қатар – Давҳа, машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қатар таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода ва вазири давлатии корҳои хориҷии Қатар Султон бин Саъд бин Султон ал-Мурайхӣ баргузор гаштанд.
Зимни машваратҳо таъкид гардид, ки робитаҳои дипломатии ду кишвар дар асоси эҳтироми мутақобила ва манфиатҳои муштарак рушд ёфта, заминаи мусоиде барои густариши ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо фароҳам овардааст.
Тавре ба мо дар маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд, баррасии роҳҳои ҷалби сармояи Қатар ба иқтисоди Тоҷикистон, бахусус ба соҳаҳои инфрасохтор ва энергетика, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.
Вохӯрии намояндагони Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Амрико
Вохӯрии видеоии намояндагони Шурои тиҷоратии Тоҷикистону ИМА дар мавзуи «Технологияҳои рақамӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ» баргузор шуд.
Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба мо тавзеҳ доданд, ки зимни нишаст масъалаҳои марбут ба танзими ҷараёни маълумот, рушди инфрасохтори рақамӣ, ҳукумати электронӣ, зеҳни сунъӣ ва омӯзиши мутахассисони соҳаи ICT мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазъ ва дурнамои татбиқи санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардиданд
16-уми июл дар шаҳри Пекин сардори Хадамоти иҷро Аҳтам Абдуллозода бо аъзои доимии кумитаи Суди олии халқии Чин Лю Гусян вохӯрд.
Дар Хадамот ба мо тавзеҳ доданд, ки дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти татбиқи санадҳои ҳуқуқӣ, мубодилаи таҷриба, таҳкими иқтидори институтсионалӣ, инчунин тақвияти пояҳои моддию техникии сохторҳои дахлдорро баррасӣ намуданд.
Густариши ҳамкориҳои илмию таҳлилии Тоҷикистон ва Олмон
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграф вохӯрд.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон табодули назар карда, густариши минбаъдаи равобити ҳар ду давлатро дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳим арзёбӣ намуданд. Ҷонибҳо барои тавсеа ва тақвияти ҳамкории илмӣ-таҳлилӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.