16-уми июли соли равон таҳти роҳбарии Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ, ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор шуд.
Лоиқ Тӯйчизода, сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорат, ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки оид ба натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти Вазорат дар шаш моҳи аввали соли равон, Асозода Нуралӣ, муовини аввали вазир ҳисобот дод.
Таъкид шуд, ки Вазорат оид ба татбиқи сиёсати аграрӣ, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас, таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла дар самти рустанипарварӣ, чорводорӣ, инчунин, дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ як қатор корҳоро ба сомон расонд.
Дар нимсолаи аввали соли равон, мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 23853,8 миллион сомониро ташкил кард, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7 дарсад ё 2109,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 54,1 дарсад ва бахши аҳолӣ 45,9 дарсадро ташкил медиҳад.
Ба ҳолати якуми июли соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалла ба 679065 тонна, картошка 267929, сабзавот 1217009, полизӣ 590881, мева 297731, ангур 3738 ва хӯроки чорво 496962 тонна баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли картошка 819 тонна, полизӣ 177916, мева 72905, ангур 1034 ва хӯроки чорво 43903 тонна бештар мебошад.
Инчунин, дар ҷаласа ҳисоботи роҳбарони муассисаву ташкилотҳои зертобеи Вазорат, сардорони сарраёсатҳои кишоварзии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шуъба ва бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба нишондиҳандаҳои соҳа шунида шуд.
Раёсати ҳайати мушовара ба масъулон барои ислоҳи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дод.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»