Баргашт Чоп кардан

АВВАЛИН ХОНАИ КИТОБ

Нахустин китобхона дар кишвар 13-уми декабри соли 1925 бо қарори Комиссариати халқии маорифи ҶМШС Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин рӯйдод дар таърихи шаҳри Душанбе воқеаи фараҳбахш маҳсуб меёбад. Барои беҳбуд бахшидани кор ва хариди китобҳо ба забони тоҷикӣ-форсӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағ ҷудо гардид ва барои созмон додани китобхонаҳои дигар дар ҳудуди кишвар асос гузошт. Баъди ду сол, яъне соли 1927, бо талоши Шурои иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон китобхона-қироатхона бо хазинаи 4 ҳазор китоб фаъол гашта, дар баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсию мадании хонандагон мусоидат намуд.
1-уми январи соли 1933 дар заминаи Китобхонаи шаҳрӣ Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ташкил гардид. 1-уми августи соли 1933 мақомоти пойтахт барои ташкили Китобхонаи шаҳри Душанбе як бинои похсагиро бо каппааш ҷудо намуд, ки ҳеҷ шароите надошт, аммо бо саъю талоши кормандон бино ба тартиб дароварда шуд. Дар эълоне, ки нашрияҳои даврӣ 4-уми августи соли 1933 чоп кардаанд, омадааст: "Китобхонаи шаҳри Душанбе ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кушода шуд. Суроға: кӯчаи Комсомол, 24. Мудири Китобхона Раҷабзода."
Он вақт хазинаи китоби Китобхонаи шаҳрӣ дорои 3 ҳазор нусха китоби бадеӣ, илмӣ-оммавӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ буд. Баъди ташкил шудани Нашриёти давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби нашри китобҳои Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ ва дигар адибони машҳур теъдоди китобҳо бамаротиб афзуд.
Кормандони камшумори Китобхона усулҳои нави хизматрасониро ҷустуҷӯ менамуданд. Масалан, аз нуқтаҳои сайёр истифода намуда, ба корхонаю муассисаҳои истеҳсолии пойтахт рафта, ба хонандагон хизмат мерасонданд ва чорабиниҳои маърифатӣ мегузаронданд, дар ташкили китобхонаҳои корхонаю муассисаҳои гуногуни пойтахт ёрии амалӣ мерасонданд.
Солҳои 1933-34 Нашриёти давлатии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ 233 номгӯй китоб баровард, ҳамзамон нашру табъи рӯзномаю маҷаллаҳо ба забонҳои тоҷикию русӣ ба роҳ монда шуданд. Теъдоди муайяни рӯзномаю маҷаллаҳо ба китобхонаи шаҳрӣ барои мутолаа фиристода мешуд .
Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар ғалабаи инқилоби маданӣ, аз байн бурдани бесаводӣ, ба донишандӯзӣ ҷалб намудани табақаҳои гуногуни аҳолӣ, татбиқи барномаи маданӣ-равшаннамоии мамлакат саҳми босазо гузошт. Теъдоди китобу хонанда ба маротиб афзуд. Гузарондани чорабиниҳои гуногун, аз қабили шаби эҷодии адибон, вохӯриҳо бо одамони наҷиб, конфронсу семинарҳо ва ғайраҳо ба ҳукми анъана даромад.
Соли 1934 ба Китобхонаи шаҳрӣ дар кӯчаи Орҷоникидзе, 3 (ҳоло кӯчаи Бохтар) бинои алоҳида ҷудо гардид, ки шароити беҳтар дошт ва ин бино 40 сол ( то соли 1973) макони маърифат буд.
Охирҳои солҳои панҷоҳум сохтори Китобхона комилан такмил ёфт: шуъбаҳои абонемент, матбуоти даврӣ, адабиёти тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ дар хидмати хонандагон қарор гирифтанд. Китобдорони ин махзани дониш дар ҳама чорабиниҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии пойтахт фаъолона иштирок мекарданд. Китобхона тадриҷан ба маркази муҳими илмӣ-методӣ табдил ёфт ва ба ҳамаи китобхонаҳои пойтахт ёрии методӣ мерасонд ва дар пешбурди корҳои китобдорӣ кӯшиш ба харҷ медод.
Китобхона соли 1973 ба бинои нави замонавӣ кӯчид, ки то ҳозир кормандон дар он фаъолият доранд. Бинои сеошёна бо ҳуҷраҳои кории барҳаво, толорҳои васеи хониш ба китобдорон имкон дод, ки ба хонандагон хизматрасониро беҳтар намоянд ва барои ташкили намоиши китобҳо, шабҳои адабӣ, конфронсу суҳбатҳои хонандагон, вохӯриҳо бо одамони шуҳратманд, адибон ва дигар чорабиниҳо шароит фароҳам оварда шуд.
Соли 1974 Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ барои хидмати хуб бобати баланд бардоштани маънавиёти аҳолии пойтахт, хизматрасонӣ ба мардум бо дипломи Вазорати маданияти Тоҷикистон ва унвони “Китобхонаи аъло” мушарраф гардид.
Ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо назардошти талаботу тақозои замони нав усулҳои корбариашро бо муштариён ва ҷалби бештари хонандагон ба таври мусбат тағйир додааст. Имрӯз Китобхона маркази гузарондани чорабиниҳои гуногуни фарҳангию адабӣ ба шумор меравад. Рӯзе нест, ки чорабиние, маҳфили адабие, вохӯрие бо шоирону нависандагони тоҷик, чеҳраҳои намоёни ҷумҳурӣ, олимону донишмандони шинохта нагузарад. Тамоми шуъбаҳои китобхона моломол аз хонанда аст.
Кормандони Китобхона тарзу усули нави корро ба роҳ монданд. Бо нашриётҳои давлатию хусусӣ шартнома баста шуд, теъдоди китобҳо даҳчанд афзуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маърифатпарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои хеш таъкид кардаанд, ки китоб аз муқаддасоти ҷовидонаи миллат аст ва ҳеҷ василаи дигаре дар ҳама гуна ҳолат ҷойи онро гирифта наметавонад. Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст. Аз ин рӯ, дар Китобхона ва китобхона-шуъбаҳои он чорабиниҳои гуногун, ба монанди Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, Рӯзи матбуоти тоҷик, Ҷашни Наврӯзи бостонӣ, Рӯзи пойтахт, Рӯзи Ғалаба, рӯзҳои бузургдошти Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдиву Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Носири Хусрави Қубодиёниву Мавлоно Ҷомӣ ва ғайраҳо таҷлил мешаванд.
Шоҳҷони АБДУРАСУЛ,корманди Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон