Тобистони соли 2013 гурӯҳи "Baraka" (Латвия) як албоми мусиқии худро бо номи “Tribute to Nargis» («Ба хотираи Наргис») ба ин ҳунарманди хушовози тоҷик бахшида буд. Яъне, то ҳунар ҳаст, мусиқӣ ҳаст, садову суруди Наргис дар дилу ёдҳо боқӣ мемонад. Ӯ ин дунёро бармаҳал падруд гуфт. 24 сол дошт; замоне ки одамон нав барои худ зиндагиро сохтан мехоҳанд. Бо вуҷуди ин, дар фазои мусиқӣ ончунон баланд парвоз дошт, ки то имрӯз ба ҳунари ӯ дар дохилу хориҷ эҳтиром мегузоранд.
Наргис Бандишоева 8-уми октябри соли 1966 дар шаҳри Душанбе дар оилаи оҳангсози маъруф Ҳукуматшо Бандишоев ба дунё омадааст. Ӯ, аллакай, аз синни шашсолагӣ ба мусиқӣ шавқ пайдо мекунад. Бо тавсияи падараш Наргис муҳассили мактаби мусиқии ба номи П. И. Чайковскийи шаҳри Душанбе мешавад. Ва ҳамзамон навохтани пианиноро аз падараш меомӯзад. Аз рӯи реҷаи падар ӯ ҳар рӯз се соат пайи навохтану омӯзиши пианино менишаст. Падараш хатмкардаи Консерваторияи давлатии шаҳри Москва буда, якҷо бо Александра Пахмутова (оҳангсози маъруфи рус) ва Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ (оҳангсози маъруфи тоҷик) таҳсил намудааст. Ҳамчунин, бародарзодаи Наргис ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Савсан Бандишоева ва оҳангсозу наққоши маъруф Марватшоҳ Бандишоев мебошанд.
Пас аз хатми мактаби мусиқӣ ба Донишкадаи давлатии санъат ба номи Мирзо Турсунзода дохил мешавад, он ҷо аз устодаш Меҳрубон Назаров (падари овозхон Далер Назаров) ҳунар меомӯзад.
Соли 1989, ҳангоми донишҷӯи соли панҷум буданаш, Наргис дар Озмуни "Нахустин ҳунарнамоии ҷавонон" ширкат варзида, бо иҷрои суруди шуғнии "Лалаик" ("Алла") ҷойи аввалро мегирад. Баъдтар, худи ҳамон сол дар фестивали мусиқии "Иссиқ-Кӯл-89", ки дар Қирғизистон баргузор гардид, иштирок намуда, пирӯз мешавад. Ғолибияти навбатӣ аз ҳунару овозхонии нотакрори Наргис Бандишоева бозгӯӣ мекунад.
– Наргис, бар замми овозхони хуб будан, инсони хуб буд. Қадри дӯстиро медонист ва мегуфт: «Дар ҳеҷ сурат набояд азизону дӯстонамонро фаромӯш кунем». Ёди Наргис ҳамеша дар ҷонам аст. Ва мухлисонаш истеъдоди нотакрор ва садои форамашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард, – мегӯяд Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Парвин Юсуфӣ.
Соли 1991 Озмуни "Садои Осиё" (Азия Дауысы) дар шаҳри Алма-Ато баргузор гардид, ки яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ буд. Барои иштирок дар ин Озмун 150 овозхон довталаб шуд. Доварон барои ширкат дар бахши ниҳоӣ 30 нафарро интихоб карданд, ки аз беҳтарин ҳунармандону овозхонон маҳсуб мешуданд.
Аз Тоҷикистон дар ин Озмун Наргис Бандишоева, Далер Назаров, Кароматулло Қурбонов, Парвиз Назаров, Олег Фезов ва Парвин Юсуфӣ ширкат доштанд. Дар охир боз ҳам ҷойи якум насиби Наргис Бандишоева мешавад. Дар ин Озмун Томас Андерс овозхони гурӯҳи овозадори «Modern Talking» (Олмон), ки ҳамчун меҳмон иштирок дошт, ба ҳунари волои Наргис Бандишоева баҳои баланд медиҳад.
Баъд аз ин, ӯ серкортар шуд. Бисёр вақти худро дар студияи сабти овоз мегузаронд. Аз шоирони номдори тоҷик матн интихоб мекард. Дар ҷустуҷӯи оҳангҳои нав буд. Сабки нотакрори худро мехост сайқал диҳад, аммо...
Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР, «Ҷумҳурият»