Бо мақсади тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарову тундгаро, дар маҳаллаи ба номи Қорираҳмат Қурбонови шаҳри Хуҷанд вохӯрии судманди намояндагони мақомоти давлатӣ бо сокинон баргузор гардид.
Тавре аз дафтари матбуоти МИМҲД-и шаҳри Хуҷанд хабар доданд, дар мулоқот муовини раиси шаҳр Ҷамшед Набизода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ, мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои МИМҲД Муродҷон Раҷабов, инчунин намояндагони комиссариати ҳарбӣ, хадамоти муҳоҷират ва ходимони дин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки дар шароити муосир баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, хусусан миёни наврасону ҷавонон, аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Маҳз тарбияи дурусти ҳуқуқӣ, эҳёи ҳисси масъулиятшиносӣ ва ҷалби фаъолонаи онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ метавонад садди роҳи гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ гардад.
Масъулон, ҳамчунин, аз нақши муассири ҳамкории сохторҳои дахлдор бо сокинон ёдовар шуда, онро кафили муҳим дар пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб арзёбӣ карданд. Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои марбут ба муҳоҷират, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, инчунин, нақши оила ва муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи фарзандони солимфикру худогоҳ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Чунин вохӯриҳо дар чойхонаи “Қӯшҳавз”-и маҳаллаи Ҷаббор Расулов ва маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд низ баргузор гардида, ба таҳкими робита бо ҷомеа, боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва ҳифзи суботи иҷтимоӣ мусоидат намуданд. Дар назар аст, ки чунин мулоқот дар дигар маҳалҳои шаҳр низ баргузор гардад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”