ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «НИЁГОН»
Дар ин филворд ном ё номи фахрии ниёгони пурифтихори тоҷикон ҷой гирифтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. АБДУЛЛОҲ
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
Масъули рубрика Ш. ШОКИР
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ДАРЁ»:
1. Зарафшон. 2. Сабармати. 3. Нармада. 4. Маҳанади. 5.Ҳирманд. 6. Кавери. 7. Миссисипи. 8. Индигирка. 9. Волга. 10. Кофарниҳон. 11. Сан-Франсиску. 12. Нил. 13. Пур. 14. Висла. 15. Шинг. 16. Амазонка. 17. Панҷ. 18. Бирюса. 19. Рио-Гранде . 20.Токантинс. 21. Теннесси. 22. Бартанг.
ҶОҲИЛОНИ ҚОТИЛ Ё ХАТАРНОКТАРИН ИНСОНҲО
Аз қотили Муҳаммад Анвар Содот, Президенти собиқи Миср, пурсиданд, ки чаро Раисиҷумҳурро куштӣ?
Гуфт: “Барои он ки секулор (ҷонибдори низоми дунявӣ) буд!”. Чун суол карданд, ки секулор яъне чӣ?
Гуфт: “Намедонам!”.
Вақте аз қотили Фараҷ Футен, мутафаккири барҷастаи мисрӣ, чунин суол карданд, посух дод: “Барои он ки кофир буд!”.
– Аз куҷо мутмаин будӣ, ки кофир буд?
– Аз китобҳояш!
Гуфтанд:
– Кадом китобашро хондӣ?
Гуфт:
– Ман, ки савод надорам...
Пас, хатарноктарин инсонҳо касоне ҳастанд, ки бефаҳму саводанд, вале эътиқоди сахту ҷоҳилона доранд.
Таҳияи Файёз ФИРӮЗ
АНГУБИН
Тоҷикдухтари муваффақ
Ангубини Маҳмадрасул моҳи апрели соли 1999 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дар синни 9-солагӣ бо аҳли оила ба Нидерландия мераванд.
Соли 2020 зинаи бакалавриати Донишгоҳи Эрасмуси Роттердамро бо тахассуси равоншинос хатм намуд. То ҳол ба ҳазорон нафар кумаки равонӣ расонда, онҳоро ба зиндагӣ дилгарм кардааст.
Ҳоло ин тоҷикдухтар яке аз равоншиносони муваффақи Аврупо ба шумор меравад. Мехоҳад ба мутахассисони тоҷик низ дар такмили ихтисос ёрӣ расонад.
«Духтурон ҷисми инсон, аммо равоншиносон руҳияи инсонро табобат мекунанд», – мегӯяд Ангубин.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
ЯК ПАНД
Ду хона. Дар яке шабу рӯз моҷарову доду фиғон, дар дуюмӣ оромию хушбахтӣ...
Инак, боз хархаша сар шуд. Зан ба шавҳараш гуфт:
- Ту ягон вақт аз хонаи ҳамсоя садои баланд ё хархашаи онҳоро шунидаӣ, не!
Рафта бин, канӣ, онҳо чӣ хел зиндагӣ мекунанд?
Мард дуртар аз тирезаи ҳамсоя камин гирифта, назоратро оғоз кард. Дар ин хона ҳар кас кори худашро мекард. Зан дар ошхона буду мард сари миз чизе менавишт. Ногоҳ телефон занг зад. Мард вақте хост гӯшии телефонро гирад, дасташ ба кӯзаи гул расиду он афтода шикаст. Зуд хам шуда шишапораҳоро чидан гирифт. Зан аз ошхона давида омада дар чидани шишапораҳо кумак кард. Мард ба занаш гуфт:
- Бубахш, азизам. Ҳангоми ба телефон наздик шудан ногоҳ ба кӯзаи гул расидам ва он афтоду шикаст.
- Не, азизам, ман гунаҳкорам, ки кӯзаро дар ҷои номувофиқ мондам, - гуфт зан.
Онҳо якдигарро оғӯш карданд, якҷоя шишапораҳоро ҷамъ намуданд ва ҳар кас боз пайи кори худ рафт.
Мард ба хона баргашт. Ҳамсараш пурсид:
- Сирри он хонаро донистӣ?
- Ҳа, фаҳмидам. Дар он хона зану шавҳар ҳар ду гунаҳгор буданд, мо ҳар ду бошем, ҳамеша бегуноҳем.
Таҳияи Кароматулло АТО
ДИҚҚАТ, РУБРИКАИ НАВ!
НОБИҒАҲОИ ТИББИ ҶАҲОН
10 нафаре, ки дар соҳаи тиб таҳаввулот карданд
Воқеан, хеле зиёданд табибоне, ки бо амали худ пиндори ҷомеаро оид ба ахлоқи тиббӣ тағйир додаанд. Ҳар кадоми онҳо ба хотири наҷоти ҳаёти беморон ночор мамнуотро сарфи назар месохтанд. Хизматҳои арзанда ва саҳми беназири онҳост, ки имрӯз соҳаи тиб ба пешравиҳои чашмрас ноил гардида, ҳамарӯза нуқтаи назари онҳо васеъ истифода мешавад.
1. ГИППОКРАТ
(солҳои 460-377 пеш аз милод)
«Падари тиб» на танҳо матни савганди духтур, ҳамчунин, асари бунёдии «Маҷмуаи Гиппократ»-ро ба ворисон мерос гузошт. Дар он ӯ зиёда аз 100 рисолаи тиббии замони худро гирд оварда, ҷамъбаст кардааст.
Яке аз онҳо ба «бемории муқаддас», яъне эпилепсия дахл дошт. Бо вуҷуди хашму ғазаби коҳинон, Гиппократ исбот намуд, ки ин бемориро омилҳои табиӣ меангезанд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО...
БАГРАТИОН
Вақте «Шери артиши рус» мегӯем, ихлосмандони таърих зуд дарк мекунанд, ки сухан дар бораи Петр Иванович Багратион меравад. Ҳамон Багратионе, ки охири асри XVIII ва аввали асри ХІХ ҳамчун лашкардори нотакрор ном бароварда буд. Аслан, ӯ афсари гурҷӣ ва тарбиядидаи мактаби Суворов буд ва дар тамоми фаъолияти ҳарбиаш боре ҳам муҳорибаеро набохта, ҳамеша парчами зафар дар даст доштааст. Овозаи ҷасорати Багратион душманро пеш аз саршавии ҷанг мағлуб мекард. Эътирофи Наполеон аст, ки гуфта буд: «Артиши рус генерали хуб надорад, албатта, ғайр аз Багратион».
Вале кам касоне медонанд, ки ин шахсияти бузурги таърихӣ дар ҷавонӣ зиндагии бечораҳолонае ба сар дошт. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки маҳз бо сабаби дасткӯтоҳӣ маълумоти дурустеро соҳиб нашудаву аксар вақт аз шарм таклифи ҳамнишиниро рад мекардааст. Ҳатто вақте то андозае шинохта гардидаву ба Петербург даъват мешавад, барои вохӯрӣ бо Потёмкин либоси мувофиқро аз дӯсти ҳамяроқаш қарз гирифта, мепӯшад.
Аз русӣ тарҷумаи С. РАҲМОНЗОДА
МОҲИДУЗД ВА МАСЛИҲАТИ ГЁТЕ
Писараке, ки дар хонаи Гёте хизмат мекард, рӯзе моҳии калонро дуздид. Ӯ моҳиро зери палтояш пинҳон карда, аз ошхона баромаданӣ буд, ки Гёте ӯро ба наздаш хонд.
– Канӣ, ин ҷо биё писарам!
– Чӣ мефармоед, ҷаноб?
– Дафъаи дигар, – маслиҳат дод Гёте, – дуздиро аз моҳии хурдтар оғоз кун ва ё палтои дарозтаре пӯш, ки он намоён нашавад, фаҳмидӣ?
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
ПӮЧОҚИ ТУХМИ МУРҒ ДАР ШИНАИ МОШИНҲО
Ширкати «Stellantis» эълон намудааст, ки барои гирифтани патент ҷиҳати истифодаи пӯчоқи тухми мурғ дар раванди истеҳсоли шинаи автомошинҳо ҳуҷҷат пешниҳод кардаст. Ин раванд имкон медиҳад, ки истеҳсоли шинаҳо аз ҷиҳати экологӣ муфид гардида, таъсири манфии шинаҳои сунъӣ ба муҳити атроф кам карда шавад.
Дар дархости ширкат омадааст, ки онҳо пӯчоқи тухми мурғро дар истеҳсоли шинаҳо ба ҷойи ду элементи таркибии рӯйпӯши чархҳо – углероди техникӣ ва диоксиди кремний истифода бурдаанд. Чуноне ки медонем, дар натиҷаи хӯрдашавии шинаҳо чанг ва диоксиди кремний дар ҳаво паҳн мешаванд. Дар ширкат чунин мешуморанд, ки ин моддаҳои зарароварро метавон осон бо оксиди калсий иваз намуд, ки дар дохили пӯчоқи тухми мурғ хеле зиёд мебошад. Баъд аз коркард маҳсулотро бо каучук ва дигар махлут мекунанд. Дар натиҷа, маҳсулоти наве ба вуҷуд меояд, ки аз ҷиҳати чандирӣ, сифат ва мустаҳкамӣ хеле нодир мебошад. Ин маҳсулот ихроҷи газҳои гулхонавиро кам карда, чанги аз хӯрдашавии шинаҳо истеҳсолшавандаро аз байн мебарад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ВАҚТЕ ПУЛ МЕДУРАХШАД
Майдони чархболи шахсии ӯро 5 посбон нигаҳбонӣ мекунад. Дар қасраш “осорхона”-и зеризаминии мошинҳо ҷо гирифтааст, ки қатори мошини тирногузари “Cadillac” автомошинаи “Roy Rolls” бо чархҳои алмосӣ низ мавҷуд аст. Ғайр аз ин, дар дафтари кориаш коллексияеро иборат аз 3 нусхаи тиллоии Оскар нигоҳ медорад.
Номи ин сарватманд, ки дороиаш 300 миллион долларро ташкил медиҳад, Дензел Вашингтон мебошад ва ӯ дар Беверли Ҳиллз зиндагӣ мекунад. Вай дар Африқо 12 беморхона сохта, дар давраи пандемия 30 ҳавопаймои боркашро барои интиқоли лавозимоти тиббӣ ба Гана ба иҷора гирифт. Ҳамеша мегӯяд: “Пул дар киса мепӯсад, аммо вақте ки онро тақсим мекунӣ, он медурахшад”.
Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
БОЙ МЕШАВӢ
– Салом ҷаноби Президент.
– Салом, нашнохтам.
– Ин ман, Рокфеллер.
– Кӣ-кӣ?
– Рокфеллер, ҷаноби Президент, Рокфеллер!
– А, нашнохтам, бой мешавӣ!
Таҳияи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
МАРДИ ҲАҚИҚӢ
Аз суҳбати дугонаҳо:
– Марди ҳақиқӣ ба фикри шумо кадом аст?
– Марди ҳақиқӣ онест, ки агар хӯрок бомаза барояд, бояд хомӯш нанишаста, таъриф кунад. Агар бемаза бошад, то таги табақ хӯрад, вале мисли ҳайкал хомӯш монад.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
ЯК МАСАЛ ДАР БОРАИ ДУ КУЛОЛ
Дар як шаҳр ду кулол зиндагӣ мекард. Аввалин, танҳо кӯзаҳои ҳамвору комил месохт. Дувумин, зарфҳоро бо камбудиҳои ҷузъӣ: ҷойе фурӯрафта ва дар ҷойи дигар ноҳамвор месохт. Харидорон ҳамеша маҳсулоти зебои кӯзагари аввалро интихоб мекарданд.
Боре хушксолӣ омад. Одамон обро аз дур дар зарфҳои гилини вазнин мекашиданд. Ба зудӣ маълум шуд, ки кӯзаҳои идеалии устои аввал аз вазни зиёд кафида, зарфҳои кулоли дувум ба ҳар вазн тоб меоварданд.
– Чаро ин тавр шуд?, – пурсиданд одамон аз усто.
– Камбудиҳои хурд гилро чандир мегардонанд, – ҷавоб дод ӯ. – Мукаммалӣ зебост, вале нозук аст. Камбудиҳо бошанд, мустаҳкам мегардонанд.
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
МУҲАММАД АЛӢ
Муҳаммад Алӣ, (соли 1964 номи худро аз Кассиус Клей ба Муҳаммад Алӣ иваз кард) муштзани касбии амрикоӣ, чемпиони бозиҳои олимпии соли 1960 дар вазни сабук, чемпиони мутлақи ҷаҳон дар вазни вазнин (1964-1966, 1974-1978) мебошад.
Ӯ барандаи унвони "Муштзани сол" (шаш маротиба) ва "Муштзани даҳсола" (1960) тибқи маҷаллаи The Ring, дуюмин муштзан дар таърих шуд, ки соҳиби ҷоизаи "Варзишгари сол"-и маҷаллаи Sports Illustrated (1974) гардид, инчунин, аз ҷониби чандин нашрияҳои варзишӣ ҳамчун варзишгари аср эътироф шуд.
Муҳаммад Алӣ дар авҷи корномаи касбиаш аз хидмат дар артиши ИМА сарпечӣ кард. Барои ин амалаш, ӯ беш аз се сол аз иштирок дар мусобиқаҳо ва ҳама унвонҳояш маҳрум гардид. Баъди бозгашт ба варзиш дар мубориза бо беҳтарин муштзанҳои замон унвони қаҳрамони ҷаҳонро дубора ба даст овард. Рақобатҳои Муҳаммад Алӣ бо Ҷо Фрейзер ва Ҷорҷ Форман яке аз маъруфтаринҳо дар таърихи варзиши бокс маҳсуб мешаванд.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО
СПА, ЯЪНЕ ЧӢ?
Тавре мушоҳида мешавад мафҳуми СПА сол ба сол маъруфияти зиёд касб менамояд.
Бинобар ин, мехоҳем барои хонандагони саҳифаи «Шоми шанбе» ин мафҳумро тавзеҳ дода бошем. Тавре зикр мегардад, вожаи «СПА»-ро, маъмулан, ба ибораи лотинии "Sanus Per Aquam", ки маънояш «тандурустӣ бо воситаи об» мебошад, рабт медиҳанд.
Вале мавриди ин вожа фарзияи дигаре низ ҳаст, ки бо он алоқамандии ногусастанӣ дорад: дар Белгия шаҳре бо номи Спа мавҷуд аст, ки бо чашмаҳои табобатии худ дар олам шуҳрати зиёд дорад ва гӯё ин тартиби муолиҷа аз номи ҳамин шаҳр гирифта шудааст.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМЗОДА
Мавзее, ки номашро ба забон овардан амри муҳол аст
Аз ҳама тулонитарин номи мавзеи ҷуғрофӣ дорои 85 ҳарф мебошад: Тауматавҳакатангиҳангако-ауауотаматеатурипукакапикимаунгаҳоронукупо-кайвҳенуакитанатаҳу.
Он дар Зеландияи Нав буда, сокинонаш номи маҳали худро одиякак Таумата Ҳилл мегӯянд.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛОЗОДА
ҲИНДУСТОН
Дар Ҳиндустон баъзе моҳҳо, мисли шрааван (июл-август), барои издивоҷ номусоид дониста мешаванд ва одатан маросимҳои арусӣ дар моҳҳои дигари муайян баргузор мегарданд.
* * *
Ҳиндуҳо барои ҳар як чорабинӣ ранги махсус доранд. Масалан, дар марги касе либоси сафед мепӯшанд, на сиёҳ. Баъзе занҳо баъди вафоти шавҳарашон, то охири умр либоси сафед ба бар мекунанд.
* * *
Дар Ҳиндустон гов муқаддас аст ва дар кӯча озод мегардад. Ба маймунҳо ва филҳо низ эҳтиром доранд. Баъзе одамон ба гов хӯрок медиҳанд ва баракат мехоҳанд.
* * *
Дар пой ва ангуштҳои пой занон бештар ҷавоҳироти нуқрагин мебанданд. Бовар доранд, ки нуқра неруи Заминро ба бадан интиқол дода, организмро пурқувват месозад.
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА
ЛОНДОН – ШАҲРИ ТАЗОДҲО
* Лондон дар соли 43-юми милодӣ ҳамчун шаҳраки римии Лондиниум таъсис ёфтааст. Пас аз оташсӯзӣ, ки малика Будикка ба вуҷуд оварда буд, шаҳр аз нав барқарор шуда, ба зудӣ ба маркази бузурги тиҷоратӣ табдил ёфт.
* Баландтарин бинои осмонбӯс дар Британияи Кабир манораи 310-метраи «The Shard» (Пора) мебошад, ки ба рамзи шаҳри муосир табдил ёфтааст.
* Биг Бени беназир. Дарвоқеъ, Биг Бен манора нест, балки номи занги калонтарин дар дохили бурҷи Элизабет аст, ки вазнаш беш аз 13 тонна мебошад.
* Яке аз калонтарин метро дар ҷаҳон метрополитени Лондон мебошад, ки қадимтарин низ ба ҳисоб меравад. Он соли 1863 кушода шуда, имрӯз зиёда аз 400 километр роҳро дар бар мегирад.
* Кӯтоҳтарин кӯча низ дар Лондон вуҷуд дорад. Он кӯчаи Эбберт мебошад, ки дарозиаш ҳамагӣ 5,5 метр аст.
Таҳияи Наргис АТОЕВА