20-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва суҳбат бо аҳли заҳмат бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд.
Ифтитоҳи бинои раёсати молияи ноҳия
Сафари кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи бинои раёсати молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз ёфт.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои раёсати молия дар ноҳия илова ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ бо маблағгузории Вазорати молия бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд гардид.
Масоҳати умумии бино 749 метри мураббаъро ташкил дода, он аз 3 ошёна ва 12 ҳуҷраи корӣ, толори калон ва хурди маҷлис иборат мебошад. Дар иншооти нав барои фаъолияти босамари 30 корманди соҳаи молия шароити корӣ муҳайё гардидааст.
Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти корӣ дар бинои нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандонро барои татбиқи босамари талаботи молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ ва омӯзиши низоми муосири молиявӣ вазифадор намуданд.
Сохтмони бино аз моҳи апрели соли 2024 аз тарафи коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Имрон Сармоя” оғоз ёфта буд.
Дар атрофи бино корҳои ободонӣ анҷом ёфта, гулу бутта ва дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ онро зинат бахшидааст. Роҳравҳои назди бино сафолакпӯш шудааст. Намои берунаи бино ва қомат афрохтани он ба ҳусни маркази ноҳия зебоии тоза зам кардааст.
Муассисаи томактабӣ дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ
20-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муассисаи томактабиро ифтитоҳ намуданд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои дуошёнаи муассиса дар майдони 0,56 гектар сохта шуда, аз 2 ҳуҷраи корӣ, 6 хонаи хоби кӯдакон, 8 айвонча, майдони бозӣ барои кӯдакон, толорҳо барои гузарондани машғулияту чорабиниҳо, ошхона, ҳаммом ва анбор барои нигоҳдории сӯзишворӣ иборат мебошад.
Сохтмони бино аз моҳи сентябри соли 2023 оғоз ёфта, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он имкон пайдо шуд, ки дар як вақт 150 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шавад. Ба тарбияи кӯдакон 30 мураббӣ машғул мешавад.
Иншоот илова ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ аз тарафи ширкати сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Строй Сентр” сохта шуд.
Баъди шиносоӣ бо муассисаи тозабунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои дар руҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ тарбия намудани хурдсолон ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд.
Ифтитоҳи даромадгоҳи деҳоти Панҷоб ва 12,75 км роҳи мошингард
20-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ даромадгоҳи деҳоти Панҷоб ва роҳи мумфаршгардидаро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳ дар ин масир 12,75 километрро дар бар гирифта, шаҳраки Москва, деҳаҳои Сайроби деҳоти Панҷоб ва Сомониёни деҳоти ба номи Саидқул Турдиевро бо ҳам мепайвандад.
Роҳи мошингард, асосан, солҳои 80-уми асри гузашта бунёд ёфта, бо мурури замон масофаи зикргардида таъмирталаб ва ҳаракати нақлиёти боркашу мусофиркаш мушкил шуда буд.
Сохтмони роҳ аввалҳои моҳи апрели соли равон аз тарафи соҳибкорони ватанӣ, сокинони маҳал ва бо ҷалби аҳолӣ оғоз гардида, ба маблағи умумии 21 миллиону 675 ҳазор сомонӣ корҳои навсозӣ ба анҷом расонда шуданд. Паҳноии роҳ 6 метр ва ғафсии он ба андозаи 10 см мумфарш гардидааст. Ин иқдоми ибратомӯзи сокинони ноҳия ба беҳдошти вазъи роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мусоидати амиқ карда, боиси рафтуомади бемонеаи нақлиёти мусофиркашу борбар шуд.
Сокинону соҳибкорони боҳиммати ноҳия бо пайравӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониро вусъат медиҳанд.
Баъди ифтитоҳи иншоот Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳиммати сокинон барои ободонии як гӯшаи сарзамин баҳои баланд доданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳи мазкурро аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ шоистаи таҳсин хонда, амалӣ намудани иқдомҳои созандагиро нишонаи баланди муҳаббату садоқати сокинон ба миллату давлат номиданд.
Кушодашавии корхонаи истеҳсоли асфалту бетон дар деҳаи Сайроби деҳоти Панҷоб
20-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сайроби деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корхонаи истеҳсоли асфалту бетонро мавриди истифода қарор доданд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи нави саноатӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Абдулазиз Ҷобиров дар пайравӣ аз сиёсати созандаву ободгаронаи Ҳукумати кишвар бунёд шудааст. Корхонаи масолеҳи сохтмонӣ дар майдони 8,17 гектар ба маблағи 2 миллиону 520 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо хатти муосири истеҳсолӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Иқтидори корхона дар як соат 70 тонна асфалт ва 60 метри мукааб бетонро ташкил медиҳад.
Бо бунёди корхона 100 ҷои кор таъсис ёфта, ояндаи наздик бо бунёди коргоҳи сеюм теъдоди кормандон ба 120 мерасад. Хатҳои истеҳсолии асфалт ва бетон аз ширкатҳои пешқадами хориҷӣ харидорӣ шуда, имконият медиҳад, ки маҳсулот бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи сохтмониву роҳсозӣ истеҳсол гардад.
Бо истифода аз ин имконот минбаъд хароҷоти таъмири роҳҳои ҳудуди ноҳия коҳиш ёфта, маҳсулоти аълосифати худӣ дар сохтмону таъмири роҳҳо истифода карда мешавад.
Корхонаи мазкур дар доираи Солҳои рушди саноат, (солҳои 2022-2026), нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ ба корҳои анҷомёфтаи сохтмонӣ ва васли таҷҳизот баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноки коргоҳ ва истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд.
Боздид аз ҶДММ “ТОҶ АГРО”
20-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, бо истифодаи мақсадноки замин дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” шинос шуданд.
Ҳадафи боздид аз хоҷагӣ шиносоӣ бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат бобати рушди соҳаи боғу токпарварӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъсиси ҷойҳои кор ва афзоиши содироти маҳсулот ба хориҷ мебошад. Иттилоъ доданд, ки бо мақсади амалӣ гардондани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” дар заминҳои хоҷагӣ парвариши хуби боғу токзори интенсивии ба содирот нигарондашуда ба роҳ монда шудаст. Ширкати ватании “ТОҶ АГРО” дар ихтиёри худ 75 гектар замини корами обӣ дорад, ки аз он 72 гектарашро боғу токзори интенсивӣ ташкил медиҳад. Дар ҶДММ “ТОҶ АГРО” 150 нафар доимӣ ва беш аз 450 коргар ба таври мавсимӣ ба кор машғуланд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи кору самараи меҳнати боғу токпарварон муаррифӣ гардид.
Иттилоъ доданд, ки дар майдони 50 гектар барои иҷрои дастуру тавсияҳои Пешвои миллат ба таври санҷишӣ парвариши ангури навъҳои ба талаботи ҷаҳонии содиротӣ ҷавобгӯ, ки аз кишварҳои аврупоӣ ва Чин оварда шудааст, ба роҳ монда шудааст.
Санҷиш нишон дод, ки иқлим ва шароити ин маҳал барои рушди токпарварӣ мусоид аст. Аз ин ру, боғдорон вазифадор гаштанд, ки дар оянда дар майдони 50 гектари дигар парвариши ҳамин навъҳои содиротии ангурро роҳандозӣ намуда, ба паҳн кардани ин таҷриба дар шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар мусоидат намоянд. Барои ин кор дар хоҷагӣ, аллакай, парвариши қаламчаҳо васеъ ба роҳ монда шудааст. Аз қаламчаҳое, ки ҳоло омодааст, имкон аст, ки дар майдони 30 гектар токзори нав бунёд карда шавад. Бо ин роҳ садҳо ҷои нави кор таъсис меёбад. Ҳамчунин, ҳаҷми истеҳсолу содирот афзун гардида, ба таъмини амнияти ғизоии кишвар саҳми намоён гузошта мешавад.
Тавре аён гардид токзор, аллакай, дар соли дуюм дорои ҳосили хуб буда, имкон аст, ки аз ҳар як гектар то 20 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шавад. Дар соли сеюм аз рӯи нақша то 1000 тонна ва аз соли 2027 то 1500 тонна ангур аз ҳар гектар ҷамъоварӣ хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки ин навъҳои ангур, аз қабили «Аватар», беҳтаринҳо дар ҷаҳон буда, аз ҷумла бо сабаби қанднокии начандон зиёдашон, талабот ба онҳо дар хориҷи кишвар хеле зиёд аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои дар оянда зиёд намудани майдони боғ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли мева дастуру супоришҳои муфид доданд. Боғи интенсивии себ дар ҷойи боғи куҳна бо истифода аз ниҳолҳои серҳосили ба иқлим мувофиқ бунёд гардид.
Ҷамъияти мазкур дар масоҳати 4 гектар замин барои парвариши зироатҳо ва дарахтони ситрусӣ 2 гармхонаи доимамалкунанда ва сардхона бунёд намудааст. Айни ҳол дар гармхонаҳо парвариши помидор, бодиринг, қаланфур ва дигар намуди зироатҳо ҷараён дошта, ҳосили он ба аҳолии ноҳия пешкаш гардида истодааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ иқдоми хоҷагидоронро барои ташкили гармхонаҳои замонавӣ ва ба ин васила, дар тамоми фасли сол таъмин кардани талаботи сокинон бо маҳсулоти тару тоза ба манфиат арзёбӣ намуданд. Хоҷагӣ имкон дорад бо истифода аз ҳосили фаровони маҳсулоти истеҳсолкардаи худ бозори дохилиро бо меваю сабзавот ва полизӣ таъмин карда, дар баробари ин, содиротро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монад.
Парвариши дарахтони ситрусӣ дар гармхонаҳо дар ҳолати хуб қарор доранд. Барои нигоҳдории ҳосили меваи боғу токзори худ дар Ҷамъияти мазкур сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулот бунёд шудааст. Инчунин, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” коргоҳи коркарди асал ба роҳ монда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти аҳли заҳмати ҶДММ “ТОҶ АГРО” ба иқдоми шоистаи хоҷагидорон баҳои баланд дода, онҳоро ба истифодаи мақсадноку оқилонаи замин, рӯёндани ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус сабзавоти барвақтӣ ва таъмини бозори истеъмолию рушди соҳа, ҳидоят намуданд.
Дар идомаи шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ боздид ба амал оварданд.
Дар намоишгоҳ аз ҷониби заминдорони хоҷагӣ номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, ғалладонагиҳо ва меваю сабзавот, муаррифӣ карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар соли 2025-ум 51 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин давра 44 иншооти таъиноташ гуногун бо таъсиси 114 ҷойи кор ба маблағи 297 миллиону 809 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд, ки 86,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз ҷониби сокинони ноҳия, бахусус соҳибкорони бонангу номус, иншооти муҳим ва таъиноти гуногун, аз қабили мактаб, муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, иншооти обрасонӣ, майдончаи варзишӣ, роҳҳои мошингард, пулҳо, хатти барқ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Зимни сафари навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони бонангу номус ва баландҳиммати ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки боз 25 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияро асфалтпӯш мекунанд.