Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор бо иқдомоти ҷаҳонии худ дар масъалаҳои обу иқлим байни кишварҳои олам худро муаррифӣ карда, бо Роҳбари дурандеши худ дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми арзандаро касб намудааст. То имрӯз панҷ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об дар Созмони Милали Муттаҳид аз тарафи аксар кишварҳои ҷаҳон бо иттифоқи оро пазируфта шудааст.
Ташаббуси навбатии Пешвои миллат, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо буд. Дар робита ба иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ бо пешниҳоди Тоҷикистон ва ҷонибдории 153 кишвари узви ин Созмон соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кард.
Дар робита ба ин ва татбиқи қатъномаи мазкур, 30-юми майи соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки дар он беш аз 2500 коршиноси беш аз 80 кишвар, роҳбарони ҳайатҳои як қатор ҳукуматҳо, намояндагони воломақоми созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд ҷамъ омаданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла иброз доштанд: "Пиряхҳо ва қабатҳои яхбандӣ дар гардиши уқёнусҳо нақши асосӣ доранд. Онҳо ҳамчун танзимгари иқлими муътадили табиӣ дар сайёраи мо амал мекунанд".
Воқеан ҳам, имрӯз бо назардошти тағйирёбии иқлим ва партови газҳои гулхонаӣ ба ҳаво обшавии босуръати пиряхҳо ба назар мерасад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ обшавии пиряхҳо, ки асоси таъминоти оби тоза барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа мебошад, баръало дида мешавад. Коршиносон обшавии пиряхҳоро як раванди табиӣ медонанд, аммо даҳсолаҳои охир суръати обшавии онҳо дар қиёс ба давраи пеш аз саноатишавӣ ташвишовар мебошад.
Тибқи пешгӯии таҳлилгарон, дар даҳсолаҳои наздик камбуди оби ошомиданӣ дар ҷаҳон ба мушкили рақами яки сокинони сайёра табдил хоҳад ёфт. Танҳо ҳамкориҳои муштараки байни кишварҳо ва амалӣ гардидани иқдому ташҳаббусҳои неку созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам месозанд, ки масъалаҳои глобалии сайёра роҳи ҳалли худро пайдо намоянд.
Тағйирёбии иқлим ҳамчун мушкилоти нави башарӣ, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳишёбӣ ва харобшавии минбаъдаи манбаи обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд.
Маҳз ба амал омадани ҳамин пайомадҳо Роҳбари дурандешу матиниродаи Тоҷикистонро водор кард, ки бо ташаббуси панҷуми ҷаҳонии худ мардуми сайёраро даъват намояд, ки дар ҳифзи пиряхҳо масъулиятштнос бошанд. Ин иқдоми Пешвои миллат на ба як давлат ё минтақа, балки ба тамоми кишварҳои сайёра нигаронда шудааст.
Таҳқиқоти олимони пажӯҳишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ муайян кардаанд, ки агар чунин ҳолат давом ёбаду пиряхҳои ҷаҳон об шаванд, сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ баланд гардида, баъзе қисматҳои давлатҳои соҳили баҳру уқёнусҳо зери об хоҳанд монд. Агар дар ин маврид чораҳои зарурӣ андешида нашаванд, дар ояндаи начандон дур сайёраи Замин ба мушкилоти азиме гирифтор хоҳад шуд.
Воқеан ҳам, масъалаи обшавии пиряхҳо аз таъсири тағйирёбии иқлим имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Аз таҳлилҳо ва маълумоти олимону коршиносони соҳа бармеояд, ки ҳар рӯз дар ҷаҳон дар ҳаҷми беш аз 1 миллион тонна ях об мешавад. Дар ин робита, як нуқтаи муҳимро зикр кардан ба маврид аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкили глобалиро пештар ва бештар аз ҳама дарк кардаву ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли он даъват намуданд.
Аз ин лиҳоз, ҳамкорӣ ва ҳамгироии байни кишварҳо дар пешгирии таъсирнокии тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва бартарафсозии пайомадҳои он барои наслҳои оянда нақши муҳим мебозад ва номи Тоҷикистон бо пешниҳодҳои муфиду манфиатбахши ҷаҳонии худ ҳамчун кишвари ташаббускор асрҳои аср боқӣ хоҳад монд.
Шодӣ НАЗАРЗОДА, судяи суди ноҳияи Файзобод