14-уми июл таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи навбатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли равон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи ҷаласа зикр намуд, ки дар натиҷаи фаъолияти муназзам нишондиҳандаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар моҳҳои январ-июни соли равон бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст шуд.
Таъкид шуд, ки дар ин давра нақшаи даромади буҷети вилоят 100 фоиз иҷро шуда, воридоти маблағҳо 2,19 миллиард сомониро ташкил дод. Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба 101,2 фоиз расида, ба буҷет 1 миллиарду 563,3 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 18,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти муовини раис Анзурат Абдусаломзода, мониторинги иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон нишон медиҳад, ки ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ 182 лоиҳа ба маблағи 5,6 миллиард сомонӣ ё 76 фоиз иҷро шуда, дар 81 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд.
Иттилоъ доданд, ки ба ҳолати 1-уми июн дар вилоят 32431 ҷойи нави кор таъсис дода шуд. Аз ҳисоби баргузории 176 ярмаркаи ҷойҳои холии кор 2119 шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин гардид.
Музди миёнаи меҳнат дар вилоят ба 2192 сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,4 фоиз зиёд мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 14 миллиарду 69,6 миллион сомонӣ баробар гашт. Аз ҷумла, рушди соҳаи рустанипарварӣ 11,3 банди фоизӣ, чорводорӣ 6,8 ва моҳипарварӣ 5,1 банди фоизӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 346 299 гектар зироати кишоварзӣ кишт гардид, ки 104,7 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 63 544 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 370 гектар зиёд аст.
Инчунин, боғпарварон дар майдони 46 га боғу токзори нав бунёд карда, 142 гектар боғу токзорро барқарор намуданд.
Вобаста ба рушди соҳаи саноат зикр шуд, ки корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 5 миллиарду 627,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 634 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро бо нархҳои муқоисавӣ дар сатҳи 6,3 фоиз таъмин намуданд. Ҳиссаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ 19 фоизро ташкил дод.
Дар ҷаласа дигар масъулон низ оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои рушди иқтисод, вазъи иҷтимоии аҳолӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ҳисобот доданд.
Раиси вилоят аз масъулон тақозо кард, ки барои рафъи мушкилоти мавҷуда, тақвияти истеҳсолот, дастгирии соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои муассир андешанд.
– Вилояти Хатлон дар нимсолаи якум дар баробари дастовардҳои назаррас дар самтҳои иқтисод, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ, ҳамзамон, бо як қатор мушкилоту камбудиҳо рӯ ба рӯ аст, ки барои ислоҳи онҳо барнома ва чорабиниҳои мушаххас талаб карда мешаванд, – афзуд Давлаталӣ Саид.
Дар анҷоми ҷаласа раиси вилоят аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор даъват ба амал овард, ки фаъолияти худро дар нимаи дуюми сол боз ҳам беҳтар намуда, дар татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва дастгирии бахши хусусӣ, нақши фаъолона дошта бошанд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"