
Дар ҳошияи мақолаи узви вобастаи АМИТ С. Ятимов «Садриддин Айнӣ ва инқилоби фикрӣ» – "Ҷумҳурият". – 2025. – 21-уми май
Муҳаққиқи дақиқназар С. Ятимов дар мақолаи муфассалу бунёдии хеш оид ба масъалаҳои давлату давлатдорӣ дар шароити нави мураккаби иҷтимоии ҷаҳони муосир сухан ронда, адабиётро дар ташаккули руҳ, ҷаҳонбинии воқеӣ ва сохтани давлати миллӣ воситаи басо арзишманд ва таъсиргузор мешуморад. Ба шарте ки «ин амал бо дарки интихоби мавзуи рӯз, ҳамчун ниёзи иҷтимоӣ – таърихӣ, мақсаднок, устодона, нишонрас, ба умеди ноил гардидан ба натиҷаи меҳнати нависанда тарҳрезӣ ва анҷом шавад. Чуноне ки мо онро дар эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ мебинем».
Дар ҳақиқат, тамоми осори бадеӣ, публитсистӣ ва илмии устод Садриддин Айнӣ, ки ба гуфтаи устод Турсунзода, аз навиштаҳои як коллективи калони адибон афзунтар аст, ба бедории фикрӣ, ҳушёриву зиракӣ, ҳақталошӣ, ягонагӣ ва асолати миллии халқи азизи тоҷик бахшида шудаанд. Ва нигоҳе ба публитсистикаи устод бозгӯи ин андеша аст.
Устод Айнӣ дар «Ёди мозӣ» ном шеъри худ, ки соли 1914 дар маҷаллаи «Ойина» ба табъ расидааст, бедории фикрӣ ва оғози ҳақталошиву фаъолияти иҷтимоияшро ба интишори матбуоти даврӣ дар Бухоро вобаста медонад:
Буд ба ҷои рӯзнома «Замчинома» бар кафам,
Бо камоли шавқ «Абумуслим» қироат доштам.
Рӯзгор охир зи хоби ғафлатам бедор кард,
Чун ба худ дидам, зи ҳоли худ хиҷолат доштам.
Тарҷумонӣ кард «Аҳволи замон» аз ҳоли ман,
«Вақт»-ро дар пеши худ миръоти ибрат доштам.
Дар ҷароидномаи аҳволи худ дидам аён,
Нек санҷидам, ки як олам қабоҳат доштам.
Аз ибтидои садаи ХХ ва, махсусан, баъди инқилоби солҳои 1905 – 1907-и рус дар Бухоро рӯзномаву маҷаллаҳои зиёде, аз қабили «Ҳабл-ул-матин» (Ҳиндустон), «Чеҳранамо» (Миср), «Сироҷ-ул-ахбор» (Афғонистон), «Тарҷумон» (Боғчасарой), «Мулло Насриддин» (Тифлис), «Вақт» (Оренбург), «Шуро» (Оренбург), «Садои Фарғона» ба забонҳои тоҷикӣ-фосрӣ, туркӣ, тоторӣ ва русӣ ворид гардида, ба Айнӣ барин ҷавонони огоҳдили бухороӣ руҳияи худшиносӣ, озодандешӣ ва маърифатпарварӣ ато менамуданд. С. Айнӣ чун хонандаи ҳарису муътақиди матбуоти даврӣ тирамоҳи соли 1915 ба қушбегии аморати Бухоро, ки ӯро барои рӯзномахонияш гунаҳкор карданӣ буд, чунин ҷавоби сазовор медиҳад: «Аввал ин ки агар ман як рӯз газета нахонам, девона мешавам. Дувум ин ки хоҳ хонам, хоҳ нахонам, газетаҳоеро, ки ман ба онҳо обуна ҳастам, почтаи давлати рус оварда медиҳад».
Оре, матбуоти даврӣ барои устод Айнӣ ва Абдулвоҳиди Мунзим, Аҳмадҷон Ҳамдӣ, Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ, Мирзо Назруллои Ғафурзода, Мирхон Порсо барин ҳаммаслакони ӯ қисми таркибии фаъолияти иҷтимоӣ гардида буд ва табиист, ки барои ба амал баровардани армонҳои худ дар соҳаи мактабу маорифи замонавӣ, ки мебоист ҷомеаро аз чанголи ҷаҳолату нотавонӣ берун барорад, аз ин минбари иттилоотиву тарғиботӣ ҳам истифода мекарданд.
С. Айнӣ ба матбуоти хориҷи Бухоро, чун «Мулло Насриддин», «Шуро», «Вақт», «Ойина», низ робита дошта, дар мақолаҳои худ ҳамватанонашро ба бедориву хештаншиносӣ ва рӯ овардан ба мактабу низоми нави иҷтимоӣ ҳидоят намудааст.
Оре, дар шароите, ки ҳаракати пантуркистӣ дар тамоми Осиёи Миёна ба авҷи аъло расида, миллатчиёни ашаддӣ бо тамоми қувва аз пайи аз байн бурдани нуфузи забони тоҷикӣ буданд, боз аз фаъолият мондани ҳамин як нашрияи тоҷикӣ басо таассуфангез ва аламовар буд. Устод Айнӣ чун мебинад, ки дар зарфи шаш моҳи муроҷиат аз тамоми аҳолии тоҷикзабон, ки «дар Уротеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ғайра ҳастанд, асари таваҷҷуҳе намешавад», дар мақолаи «Сайфу қалам» аз нав бо оҳанги боз ҳам муассиртар ҳамзабононро ҳушдор медиҳад: «Агар мо шараф хоҳем, агар мо номус хоҳем, агар мо иззату обрӯй хоҳем, агар мо ҳуқуқ хоҳем, ба иборати кӯтоҳ – агар мо ҳаёт хоҳем, бояд ки фурсат нагузаронда, чанг ба домони сайфу қалам занем… Эҳтиёҷоти ҳаррӯза ва нуқсоноти воқеии худамонро ба воситаи матбуот музокара намуда, ба ҳар дарди худ аз ин маъҷуни мураккаб, яъне матбуот даво ҷӯем!»
Муаллиф дар зери мафҳуми қалам илму маориф ва таҳти унвони сайф зарурати хидмати аскариро дар назар гирифта буд ва таъкид мекард: «Дар олами маданият ду қувват аст, ки таъмини ҳуқуқи бани башар бе воситаи ин ду мумкин нест. Ин ду қувват сайф ва қалам аст». Нависанда барои ҳарчи таъсирноктар баромадани сухан сайф ва қаламро дар пайкари ҷомеа ва давлат ба ҷону тани инсон монанд мекунад ва ин андешаро басо муфассал шарҳу эзоҳ медиҳад: «Дар як ҳайати иҷтимоӣ агар «сайф» (шамшер) ба маънои ҷисм бошад, «қалам» ба масобаи ҷон аст. Ҳамчунин беҷисму ҷон одамӣ дар хориҷ вуҷуд надорад, инчунин, ҳайати иҷтимоияе, ки бесайфу қалам аст, дар олами маданият гӯё ки вуҷуд надорад».
Устод Айнӣ бо чунин муҳокимаи мантиқӣ сабаби дар тасарруфи ҳукумати подшоҳии рус афтидани ҷомеаи Туркистонро аз он медонад, ки солҳои охир «нахуст қаламро аз даст дода», баъд аз ҷаҳолат «шамшери зангзадаи меросиро ҳам ба сари якдигар зада» шикастанд.
Устод Айнӣ дар мақолаҳои публитсистии хеш ба решаҳои таърихии қафомонӣ ва дастнигарии мардуми тоҷик ва дар умум сокинони Машриқзамин назар меандозад ва хулосаҳои омӯзанда мебарорад. Аз ин ҷиҳат «Масъалаи Шарқ» ном мақола, ки дар он зиндагии сокинони Шарқ дар муқоиса ба аҳолии Ғарб таҳлил меёбад, ҷолиб аст. Нависанда бар он аст, ки табиати саховатманд, меваву ғаллаҳои худодод ва қаноат кардан ба шароити хуби маишӣ ва саноату ҳунарҳое, ки аз пешгузаштагон ба мардуми Шарқ мерос монда буданд, ин мардумро танбалу танпарвар намуд. Аҳолии Ғарб бошанд, барои беҳбудии зиндагӣ ва маишати хуб саъйу талош карда, «аз ҷиҳати илм, ҳанар ва санъат тараққӣ карданд, конҳоро кофтанд ва аз ҳар гуна қувваи табиӣ … истифода карданд. Фарангистон аз олоту адавоти (асбобу анҷом, олоти корӣ) навэҷод, аз ақмиша ва амтиаи (матоъ ва чизҳои дигари саноатӣ) рангбаранги тозабаромад пур шуд. Барои фурӯхтани ин матоъ ва қумошҳо ва барои харидани ашёи хом ҷиҳати омода кардани матоъҳои дигар бозор лозим шуд», бинобар ин аҳли фарҳанг ба Машриқзамин рӯ оварданд ва тамоми хостаҳои худро ин ҷо ба амал бароварданд.
Ҷорӣ кардани мақсадҳои ғаразкоронаи худ, буду нобуди Машриқзаминро ба яғмо бурдан, хеле эҳтиёткорона ва риёкорона бо истифодаи маблағ ва ваъдаҳои ҳамкориву ёрӣ расондан манфиат гирифтан аз Машриқзаминро фарҳангиён «масъалаи Шарқ!» мегӯянд. Дар «Шуълаи инқилоб» бо имзоҳои мустаори «С. М.», «Қ. С.», «С. Х.», «М.», «С.», «Х.», «Қ. А.», «С. Қ», «С. А.» чоп гардидани асари калонҳаҷми «Таърихи силсилаи Манғития, ки дар Бухоро ҳукм рондаанд» ва 93 мақола, очерк ва тарҷумаи адиб гувоҳ бар он аст, ки Айнӣ маҳз дар ҳамин ҳафтанома ҳамчун нависанда ба камол расида, дар Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон низ чун суханвари воқеанигор шинохта шудааст.
Давраи дигари фаъолияти рӯзноманигории С. Айнӣ ба таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик»(1924 – 1930) иртибот мегирад ва устод дар он чун яке аз муассисон, муҳаррирон ва ходимони доимии адабӣ саҳми муносиб мегирад. Устод Айнӣ чунин мешуморид, ки «рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад» ва халқи тоҷик, ки акнун соҳиби ҷумҳурият ва рӯзнома шудааст, то метавонад тавассути ин минбари иттилоотӣ муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро мавриди муҳокима ва натиҷагирӣ қарор дода, дар ташаккули ҷомеаи навбунёд ҳиссагузор бошад. Худи устод басо огоҳона ва боҷуръатона мавзуъҳои бунёдӣ ва мубрами рӯзро мавриди баррасӣ қарор медод, ки ин ҳолат аз 33 маводи хурду калони дар «Овози тоҷик» дарҷ гадида равшану возеҳ эҳсос мегардад.
Фаъолияти С. Айнӣ чун ходими адабии нашрия серпаҳлу ва паҳновар буд ва яке аз масъалаҳое, ки дар мақолаҳои публитсистии нависанда борҳо бардошта мешавад, ин таваҷҷуҳ намудан ба қишри ҷавони мамлакат мебошад. Дар мақолаи «Ҷавонӣ», ки соли 1936 ба муносибати ҷашни даҳсолагии Комсомоли Тоҷикистон бахшида шудааст, зеҳни тез, фаъолӣ, ғайрат ва ҷасорати ҷавононро васф мекунад ва таъкид мекунад, ки ҷавонон бояд қадру қимати ин лаҳзаи бебозгашти умрро донанд. Баъд дар ҳама соҳаҳои модиву маънавии ҳаёт баробари насли калонсол фаъолият ва мардонагӣ нишон додани ҷавононро як-як шумурда, аз тарафи шахсони салоҳиятноки ҷомеа бо роҳи дуруст ва масъулиятнок равона кардани ин қувваи бузургро зарур мешуморад: «Вақте ки ҷавон ва ҷавонӣ ба ҳоли худ як қобилияти фавқулодаи инқилобӣ ва як тавоноии коркунии нотарсона дошта бошад, агар ин қувва дар зери тарбияи Партияи Коммунистӣ бо аслиҳаи илми ленинӣ мусаллаҳ шуда, муташаккилона ба майдон дарояд,.. сангҳоро сурма ва кӯҳҳоро коҳ хоҳад кард ва мо мебинем, ки карда истодааст».
Дар мақолаи «Вазифаи шарафноки муқаддас» бошад, масъалаи аз тарафи ҷавонон мудофиа намудани Ватан матраҳ мешавад. Нависанда қадру қимати аскаронро дар даврони шуравӣ ба вазъи номатлуби аскарони давраи амирӣ ва подшоҳӣ муқоиса карда, бартариҳои фаъолияти аскариро дар даврони шуравӣ таъкид мекунад: «Дар мо аскарӣ мудофиакунандаи бошарафи Ватани сотсиалистӣ,.. хонаи илму маърифат, мактаби маданият, устохонаи ҳунар ва санъат ва фабрикаи инсоният аст. Аскар дар муддати ду сол як одами олим, ҳунарманд, маданӣ ва аз ҳамааш ҳам бақудраттар як инсони тандуруст шуда мерасад».
Махсусан дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), вақте ки масъалаи ҳимояи Ватан аз вабои аср – Германияи фашистӣ тамоми паҳлуҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакати шуравиро фаро мегирад, фаъолияти публитсистии устод боз густариш меёбад. Дар мақолаи «Модар – Ватан» (1942) масъалаи нисбат ба ҳар падидаи зиндагӣ муқаддастар будани Ватан – Модар матраҳ гардидааст. Нависанда аввал мавқеи модарро оид ба нигоҳбонӣ дар батн, таваллуд, бо шири сафед парвардан ва таълиму тарбия додани фарзанд таъкид карда, баъд дар подоши ин ҳама ҷонбозиву меҳрубониҳо вазифаи фарзандро чунин муайян менамояд: «Фарзанде, ки сифати инсонии худро барҳам надода бошад, ҳарчанд ӯ ҷоҳил ва нодон бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ гуна шароит модари худро фаромӯш намекунад, ҳар вақт ба хушнудӣ хидмат мекунад, ҳатто барои ҳимояти ӯ аз фидо кардани ҷони худ ҳам бознамеистад, хуррамӣ ва истироҳати ӯро меҷӯяд ва барои осудагии ӯ то ҷон дорад, кӯшиш мекунад».
Устод мавқеи Ватанро дар пайдоиш ва рушду камоли фарзанд аз модар ҳам зиёдтар медонад, зеро агар Ватан дар амну амон набошад, модар ҳам фарзанд ба дунё оварда, осудаҳолона таълиму тарбия дода наметавонад, дар сурате ки Ватан фарзанди бемодарро ҳам дар оғӯши гарми худ гирифта, бо меҳрубонӣ ба воя мерасонад, то ӯ дар Ватани хеш озодона ишқ варзад ва кору зиндагӣ кунад. Ин аст, ки Ватан ба фарзанд аз модар дида, ҳаққи зиёдтар дорад. «Ба ин сабаб ҳар як одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан зан, фарзанд, ҳамшира ва хоҳари ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст».
Муҳаққиқ З. Саъдиев хизматҳои бедареғи устод Айниро ба халқи азизи тоҷик басо муносиб ба нақши нависандагон ва философони равшанфикри Фаронса Албер Камю (1913-1960) ва Пол Сартр (тав. 1905) баробар кардааст: «Айнӣ нақшеро барои мо, тоҷикони имрӯза, иҷро менамояд, ки Албер Камю ва Пол Сартр барои фаронсавиҳо дар асри ХХ ҳамчун равшанфикри асил ва зотӣ иҷро намудаанд… Тоҷикон бояд ҳар як ҷузъиёти рушди шахсияти Айниро сармашқи худ қарор дода, дар ҳаёти рӯзмарра зиндагии айниворро, донишпажӯҳии Айнисонро, рафтору кирдори Айниро ва, аз ҳама муҳимаш, ҷасорату ҷуръати Айниро тарғибу ташвиқ ва меъёри ватандӯстӣ, давлатсозӣ, илмпажӯҳӣ, истодагарӣ, ҷоннисорӣ қарор диҳанд».
Дар ҳақиқат, дар замони мо, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти бузургманишӣ, зӯроварӣ ва ҷараёнҳои мухталифи диниву сиёсии хатарзо рӯ ба рӯ гаштааст, омӯхтан ва баҳраманд шудан аз осори безаволи устод Айнӣ ба хонанда, махсусан, хонандаи ҷавони тоҷик, басо зарур аст ва ин имкон медиҳад, ки қишрҳои гуногуни аҳолӣ аз банди таассубу андешаҳои ботили хурофотӣ раҳоӣ ёфта, ба дарёфти ҳақиқати воқеӣ, андешаи мантиқӣ ва ҳувияти миллӣ муваффақ шаванд ва бо озодандешӣ, тафаккури фаррох ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар рушду нумуи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи муносиб ҳамроҳ намояд.
Аламхон КӮЧАРЗОДА, узви вобастаи АМИТ
БАРОҲАТИ КИТОБХОНА
Бароҳат Салимова як модари тоҷикест, ки ҳамеша бо китоб ҳамрозу ҳамнишин аст ва онро барои коштани донаҳои маърифат дар замири фарзандони як гӯшаи кишвар - Деҳаи Сӯфӣ Орифи шаҳри Истаравшан истифода мебарад. Дар замоне ки бештари китобхонаҳои маҳаллӣ, ҷамоатӣ ва маркази рустоҳо фарсудаву аз назарҳо дур мондаанд, Бароҳатбону ҳар субҳ бо умед дари китобхонаи деҳаро боз мекунад.
Ӯ ҳанӯз солҳои 90-уми асри ХХ мудири китобхонаи деҳаи Сӯфӣ Ориф таъйин гардид. Ба давраи душвори ҳаёти сиёсиву иҷтимоии он солҳо, ки мардум дар ғами як бурда нон буданд, нигоҳ накарда ба китоб рӯ овард. Алам аз мутолааи китоб мегирифт ва муҳити парокандаву оганда аз ҷангу кинаро ба олами зебои китоб иваз кард ва дигаронро ҳам ба сари хони маониву адаб мехонд.
Қаҳрамони мо зодаи ҳамин деҳа буда, маҳз аз китобдорӣ обрӯву эҳтиром дарёфтааст. Баҳору зимистон новобаста аз шароити мавҷуда китобхона меояд ва роҳи тифлони Ватанро менигарад. Роҳи китобхона аз мактаби деҳа дур нест, сари роҳ аст. Хонандагон ҷузвдонҳо дар китф, дар дасташон китобчаҳои шеъру ҳикояву повест ба сӯйи китобхона равонанд. Ана, дар дасти яке повести “Одина” -и устод Садриддин Айнӣ, дигарӣ “Қаймоқи гирди коса”-и Абдумалик Баҳорӣ дар даст дорад, навраси дигаре кадом шеъреро пайваста вирди лаб мекунад ва вазифа гирифтааст, ки чакомаро аз ёд кунад.
Бароҳат Салимова бо китобдорӣ маҳдуд нашуда, маҳфили шеъру сухан ташкил кардааст. Баъзе хонандагон гоҳе аз омӯзгоронашон ҷавоб гирифта, ба ин маҳфили саршори атри маъно меоянд, то роҳат карда шеърхониҳои ҳамсабақонро шунида, худашон ҳам шеъри дӯстдоштаашонро қироат кунанд. Ин маҳфил нест, ин базми сухан, тантани нури маърифат бар торикии ҷаҳолат аст.
Имрӯзҳо Бароҳат Салимова бознишаста аст. Вақташро бо наберагон мегузаронад. Гоҳ-гоҳе боз муҳаббати китоб ин модари арҷмандро сӯи китобхона меорад ва ҳамнишини содиқи худ месозад. Ҳоло бинои китобхона бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар таъмир қарор дорад. Соҳибкори ҷавони деҳа Меҳроҷ Юсуфӣ тасмим гирифтааст, ки то соли нави хониш бинои наву замонавӣ барои китобхона бунёд намояд. Ин хабарро Бароҳат Салимова бо як ҷаҳон фараҳмандӣ пазируфта, гуфт: “Аз шодӣ дар курта намегунҷам, агар ин кори хайр анҷом пазирад, аз сарам зар рехтагӣ барин мешавад...”.
Абдушукур ҲАФИЗОВ
СПИТАМЕН. ҚАДАМИ УСТУВОРИ НОҲИЯ БА СӮИ РУШДИ САЙЁҲӢ
Дар партави иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, то имрӯз дар ноҳияи Спитамен як қатор иқдомҳои назаррас рӯи кор омаданд. Ҳадафи асосӣ ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ, эҳё ва муаррифии арзишҳои фарҳангию таърихии ноҳия мебошад.
Бо назардошти нақши муҳими технологияҳои иттилоотӣ дар рушди сайёҳӣ, кормандони Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии “Курушкада”-и ноҳия ба тарғиби мавзеъҳои таърихӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook ва YouTube, мусоидат намуданд. Илова бар ин, наворҳои муаррифии ёдгориҳои бостонии Лангар-Ато, Қалъаи Ширин ва Сафедтеппа тавассути шабакаи YouTube ба тамошобинон пешниҳод гардида, таваҷҷуҳи сайёҳони ватаниву хориҷиро ба худ ҷалб менамояд.
Бо мақсади боло бурдани маърифати сайёҳӣ миёни насли наврас, дар шашмоҳаи аввали соли 2025 беш аз 250 нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ ба мавзеъҳои таърихии Лангар-Ато ва Қалъаи Ширин сафарҳои омӯзишиву шиносоӣ анҷом доданд. Ин иқдом имкони равшани шиносоии насли навро бо таъриху фарҳанги миллӣ фароҳам оварда, дар замири онҳо ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро ҷо мекунад.
Дар фаъолияти марказҳои ҳунаромӯзӣ ва саҳми ҳунармандони маҳаллӣ дар рушду густариши сайёҳии фарҳангӣ низ натиҷаҳои назаррас ба қайд гирифта шуданд.
Тибқи иттилои Ш.Тоҳиров, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Спитамен, дар маркази омӯзишии “Имкон-М” ҳунарманди шинохта Вилоят Болтуева бо намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии худ дар чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, маҳсули ҳунари хешро ҳамчун армуғон ба меҳмонони хориҷӣ пешниҳод намудааст. Дар баробари ин, сокинони фаъоли деҳоти Куруш, аз қабили Хайрулло Акрамов (ҳайкалтарош), Нисолат Бобоева (сӯзанидӯз) ва Фирӯза Юлдошева (ҳунарманди ҳунарҳои анъанавӣ) дар намоишгоҳу чорабиниҳои гуногун фаъолона ширкат варзида, дар муаррифии симои ҳунарии ноҳия саҳм мегузоранд.
Иқдомҳои мазкур бори дигар собит месозанд, ки ноҳияи Спитамен бо таърихи ғанӣ, табиати нотакрор ва мардумони ҳунарманд дар роҳи рушди устувори сайёҳӣ қарор дорад. Бо назардошти иқдомҳои амалинамудаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Спитамен, сохторҳои фарҳангиву маориф ва ташаббусҳои шаҳрвандон, ноҳия дар масири дурусти рушди устувори сайёҳӣ қарор дорад. Бо ҷалби бештари сармоя, тақвияти инфрасохтор, дастгирии ҳунармандони маҳаллӣ ва тарғиби ҳамаҷонибаи иқтидори сайёҳӣ ноҳия метавонад ба яке аз марказҳои муҳими сайёҳии ҷумҳурӣ табдил ёбад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
БМТ. БАРДОШТ АЗ ҶАМЪБАСТИ ВАЗЪИ НИЗОМИ БОНКӢ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМ
15-уми июли соли ҷорӣ таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва бо иштироки сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Ҷумъазода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирӯз Шарифзода, муовинони раис – Гулбаҳор Назирӣ, Далер Муродализода, мудирони шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ва бюроҳои таърихи қарз ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон нахуст, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии доимии рушди низоми бонкӣ миннатдорӣ баён карда, иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар нимсолаи якуми соли 2025 мутобиқи қонунгузории соҳавӣ ва вазифагузориҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” бармеоянд, инчунин, дар асоси “Самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 ва давраи миёнамуҳлат” роҳандозӣ намуд.
Зикр шуд, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ сарфи назар аз идомаёбии номуайяниҳои молиявӣ ва фазои мураккаби сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳон, дар натиҷаи роҳандозии тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат рушди босуботи иқтисодию молиявӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардид.
Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ сиёсати мутавозини пулию қарзиро ҷиҳати рушди боэътидоли ҳаҷми пул, муътадилии қурби пули миллӣ, таъмини фаъолияти солими низоми бонкии кишвар ва нигоҳдории сатҳи пасти таваррум, ки омили муҳими рушди иқтисодиёт ва болоравии сатҳи некуаҳволии мардум мебошад, амалӣ намуд.
Таъкид шуд, ки дар Паёми навбатӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” ба масъалаи рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, густариши технологияҳои рақамӣ ва васеъ намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Инчунин, Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон шудани солҳои 2025-2030 ҳамчун омили дигари мусоидаткунанда барои истифодаи васеи воситаҳои пардохтӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар навбати худ, самтҳои мазкур омили муҳими шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ арзёбӣ шуданд. Бо дарназардошти ин, иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои Сарвари давлат яке аз вазифаҳои калидӣ барои низоми бонкӣ ва дигар сохторҳои масъули кишвар муайян шудааст, - иброз дошт Фирдавс Толибзода.
Сипас, роҳбарони як қатор воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон бо рӯнамоҳо оид ба вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2025, камбудиҳои ҷойдошта ва чораҳои андешидашуда, иҷрои стратегияи рушди фаъолияти ТҚМ барои солҳои 2022-2026 ва вазифаҳои гузошташуда, таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати асъорӣ, фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти мониторинги молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки низоми пардохт, вазъи низомҳои иттилоотӣ ва баҳогузории хизматрасониҳои низоми бонкӣ суханронӣ намуданд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳо намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, аз ҷумла то ҳол зиёд будани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, мукаммал набудани таъминоти барномавӣ, ҳолатҳои қаллобӣ ва ҳамлаҳои киберӣ, камбудиҳо дар самти амалиётҳои асъорӣ ва вобаста ба сатҳи хизматрасониҳои бонкӣ, дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Дар навбати худ, сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Ҷумъазода иброз дошт, ки дар татбиқи самараноки сиёсати иқтисодии давлату Ҳукумат нақши низоми бонкӣ муҳим арзёбӣ гардида, он дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар, ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ, ташаккули бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ саҳми беандоза дорад.
Дар ҷамъбасти ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадор шуданд, ки барои беҳтар намудани фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, пурзӯр намудани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, мустаҳкам кардани заминаи сармоявӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳо, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, ба роҳ мондани назорати қатъии амалиётҳои асъорӣ ва роҳ надодан ба камбудиҳо вобаста ба масъалаҳои қурби асъор, гузарондани аудити ҳамаҷонибаи соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, пешгирии фаврии амалҳои қаллобӣ, тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, махсусан дар ноҳияҳои дурдаст ва баррасии арзу шикоятҳо нисбат ба хизматрасониҳои бонкӣ, чораҳои дахлдор андешида, баҳри татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва рушди низоми бонкӣ пайваста кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»