Баргашт Чоп кардан

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ


Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ ҷаласаи навбатии худро доир намуд.
Дар нишасти мазкур натиҷаҳои фаъолияти низоми Вазорат дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҷамъбаст гардида, нақша ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм матраҳ шуданд.
Дар хабари интишорнамудаи хадамоти матбуоти Вазорат омадааст, ки дар натиҷаи баррасӣ, роҷеъ ба масоили муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.


Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ
21-уми июл зимни мулоқоти вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ барои Осиёи Марказӣ Наҷӣ Бенҳасин ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории стратегии Тоҷикистон ва Бонк изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», саҳми беназири Бонк дар татбиқи беш аз 100 лоиҳаи иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ ба маблағи қариб 3,3 миллиард доллари ИМА махсус таъкид гардид.
Ҳамчунин, дар мулоқот таваҷҷуҳи хос ба лоиҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ, аз ҷумла НБО «Роғун», равона гардида, зарурати суръатбахшии ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ва иҷрои саривақтии шартҳои созишномаи молиявии он мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Ҷамъомади таълимиву методии ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиа
Бо ҷалби ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиа ва фармондеҳони навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъомади таълимиву методӣ доир гардид.
Дар маркази матбуот ва иттилооти Вазорат ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, ки машқу тамринҳо бо иштироки хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун ва бо истифода аз силоҳҳои оташфишони сабуки ҷангӣ, мошинҳои махсуси низомиву техникаи вазнину зиреҳпӯш гузаронда шуданд. Мақсад аз чорабинии мазкур таъмини сатҳи баланди омодабошии афсарону сарбозон барои иҷрои саривақтии вазифаҳои хеш мебошад.


Густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахши сайёҳӣ
20-уми июл дар Манома сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн Акрам Каримӣ бо вазири сайёҳии Баҳрайн Фотима ас-Сайрафӣ вохӯрд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Баҳрайн дар бахши сайёҳӣ баррасӣ шуданд.
Дар ин замина, ҷонибҳо мубодилаи мунтазами боздидҳои ҳайатҳои расмии мақомоти сайёҳии ду давлатро мувофиқи мақсад донистанд.


Мулоқот бо сафири навтаъини Чин дар Тоҷикистон
21-уми июл дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода бо сафири навтаъини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Го Жиҷун ба муносибати супурдани нусхаи эътимоднома баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни мулоқот муовини вазир Го Жиҷунро бинобар таъин шудан ба вазифаи нав табрик намуда, ҷиҳати таҳким ва густариши муносибатҳои Тоҷикистон бо Чин ва пешбурди фаъолияти касбиаш комёбӣ орзу намуд.


Ҷаласаи Шурои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷаласаи Шурои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор шуд.
Аз хадамоти матбуоти Вазорат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баррасӣ гардид.
Мутасаддиёни бахшҳои ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ҷиҳати аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти корӣ дастуру супоришҳои қатъӣ гирифтанд.


IMO-2025. Хонандагони тоҷик сазовори медалҳои нуқра шуданд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 66-уми байналмилалии математика (IMO-2025) сазовори медалҳои нуқра ва ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба хабарнигори мо иттилоъ доданд, ки Олимпиада аз 10-ум то 20-уми июл дар шаҳри Саншайн-Кости иёлати Квисленди Австралия баргузор гардида, дар он 114 давлат ва 600 довталаб аз саросари ҷаҳон иштирок намуд. Дар он хонандагони тоҷик Машрафҷон Иномов ва Олимҷон Тухтаров сазовори медалҳои нуқра ва Меҳрубон Юсупов соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд.