305000 сомонӣ корманди милитсияро ба толори суд бурд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Д. М. Наимов ва дигаронро бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол кард.
Дар ин бора 18-уми июл маркази матбуоти Агентӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, тафтиши пешакии парванда нишон додааст, ки Д. М. Наимов қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт дар асоси маслиҳати пешакӣ бо ҳаммаслакони худ моҳи январи соли 2025 шаҳрвандон М. А. ва Ф. Р.-ро бо баҳонаи гӯё машғул будан ба харидуфурӯши маводи мухаддир дастгир намуда, бо баҳонаи озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ аз хешовандони онҳо 305000 сомонӣ гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки нисбат ба дастгиршудаҳо дар истеҳсолоти корманди милитсия ягон маводи санҷишӣ вуҷуд надоштааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Д. М. Наимов ва дигарон бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) ва 316 қисми 3 банди “а” (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ҳоло барои моҳиятан баррасӣ намудан дар дасти суд қарор дорад.
Ноболиғи кордбадаст дастгир гардид
Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе ноболиғи 16-солаеро бо гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии мамлакат, гумонбаршаванда дар кӯчаи Борбади пойтахт ноболиғи дигари 15-соларо бо зарби корд захмӣ кардааст. Дар натиҷаи ин амал ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Чорводузде, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд
Як сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 2 сар чорвои калони шохдорро аз ноҳияи Фархор дуздида, ба дасти милитсия афтод.
Тавре маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора хабар медиҳад, шахси гумонбар ба содир намудани ҷинояти дуздӣ 2-юми майи соли 2025 аз заминҳои мавзеи Золи Зари Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Фархор дуздидааст. Ин кирдор дар пайи муроҷиати соҳиби чорво ба ШВКД дар ноҳияи Фархор ошкор гардида, зарари расондашуда 17 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад, ки вобаста ба ин кирдор тафтишот оғоз шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”