Баргашт Чоп кардан

ГУМРУК. ВОХӮРИИ АЗИМ ТУРСУНЗОДА БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД


Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Азим Турсунзода бо ҳайати намояндагони Бонки осиёии рушд таҳти роҳбарии ҷаноби Дэвид Фэй баргузор гардид.
Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук ҳайати меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт ва аҳамияти густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро таъкид намуд.
Зимни мулоқот, ҷонибҳо масъалаҳои рушди инфрасохтори гумрукӣ, аз ҷумла муосирсозӣ ва тақвияти иқтидори гузаргоҳи гумрукии “Фотеҳобод”-ро, ки дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷойгир аст, мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки гузаргоҳи мазкур дорои аҳамияти калидӣ дар рушди ҳамкориҳои иқтисодии минтақа мебошад ва ниёз ба таҷҳизоти муосири техникӣ, низомҳои иттилоотии рақамӣ ва афзоиши иқтидори хизматрасонӣ дорад.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 муаррифӣ ва муҳокима гардид. Ҷонибҳо ба панҷ самти асосии стратегияи мазкур таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Намояндаи Бонки осиёии рушд ҷаноби Тирел Дункан омодагии БОР-ро ҷиҳати баррасии имкониятҳои маблағгузории лоиҳаҳои пешниҳодшуда изҳор дошт.
Дар мулоқот масъалаҳои дақиқсозии маълумоти техникии лоиҳа, ҳамоҳангсозии амалҳои минбаъда дар доираи ташаббусҳои пешниҳодшуда, инчунин, баррасии муфассали масъалаҳои гумрукӣ дар доираи Стратегияи миллии рушди соҳаи нақлиёт то соли 2040 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо натиҷаи мулоқотро судманд арзёбӣ намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ бо мақсади таҳияи ҷузъиёти зарурии лоиҳаҳо ва татбиқи ташаббусҳои пешниҳодшуда иброз доштанд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”