Баргашт Чоп кардан

САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ МУҒУЛИСТОН БА ТОҶИКИСТОН


Бегоҳии 23-юми июл Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
24-уми июл маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста шуда буд, баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух самимона истиқбол намуда, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарварони ду давлат анҷом ёфт.
Ҳамчунин, ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Муғулистон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.
Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Муғулистон то 26-уми июл дар Тоҷикистон идома хоҳад ёфт. Дар доираи он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ, ҳамчунин, рӯзҳои фарҳанги Муғулистон баргузор мегардад.