Мардуми меҳнатқарини шаҳри бостонии Исфара барои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баҳри ободӣ ва шукуфоии диёр дар талошанд.
Ин Ҷашни муқаддас барои миллати тоҷик марҳалаи муҳим дар таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва рушди устувор мебошад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи шоистаи ин Ҷашни сарнавиштсоз нақшаи мукаммали чорабиниҳоро таҳия ва амалӣ менамояд. Бино ба иттилои масъулон, нақшаи умумии чорабиниҳо 963 бандро фаро гирифта, татбиқи 935 иншооти муҳиму ҳаётан заруриро пешбинӣ мекунад. Барои амалӣ гардондани ин нақшаи бузург 564 миллиону 410 ҳазор сомонӣ равона шудааст, ки самтҳои калидии рушди шаҳр, аз ҷумла иқтисод, ҳифзи иҷтимоӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолиро дар бар мегирад. Боиси зикр аст, ки аз шумораи умумии иншоот 94-тоаш ба маблағи 146 миллиону 786 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, 26 иншоот ба маблағи 63 миллиону 168 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ, 59 иншоот ба маблағи 74 миллиону 11 ҳазор сомонӣ бо сармояи хориҷӣ ва 756 иншоот ба маблағи 280 миллиону 445 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ маблағгузорӣ ва амалӣ гардиданд.
Ҳамчунин, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, татбиқи 8 иншооти муҳими давлатӣ ба маблағи 99 миллиону 567 ҳазор сомонӣ дар назар аст. То имрӯз 5 иншоот ба маблағи 19 миллиону 957 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд ва сохтмони 3 иншооти дигар идома дорад.
Барномаҳои созанда дар Исфара бо диди дурбинонаи роҳбарияти олии кишвар идома ёфта, дар соли 2026 сохтмон, таҷдид ва таъмири асосии 84 иншоот ба маблағи 107 миллиону 255 ҳазор сомонӣ дар нақша аст, ки аз нияти нек ва саъйи беандозаи давлат барои рушди ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”