Баргашт Чоп кардан

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


ШАРИФ ҶУМЪАЗОДА: “ДАР ДУШАНБЕ 2729 ИНШООТИ ҶАШНӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД”
Дар доираи чорабиниҳо доир ба сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ бунёди қариб 29 ҳазор иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин 12 ҳазор ба вилоятҳои Суғд, 6260 - Хатлон, 1362 - Бадахшон, 4322 - шаҳри Душанбе ва 5014 иншоот ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд. Раванди сохтмон дар шаҳри Душанбе бо суръати баланд идома дорад. Дар пойтахт, аллакай, 2729 иншоот ба истифода дода шуд.
Дар ин хусус Шариф Ҷумъазода, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Сохтмони иншооти ҷашнӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ба гуфтаи номбурда, ба тавсеаву рушди бесобиқаи маҳал таъсири бузург гузошта, тадриҷан деҳаҳои дурдаст низ дорои инфрасохтори зарурӣ гардида, ҳусни шаҳракро гирифтаанд. Ин иншоот аз биноҳои маъмурию таълимӣ, марказҳои савдо, коргоҳҳо, роҳҳои байниноҳиявӣ, шабакаҳои обёрӣ, шифохонаҳо ва дигар инфрасохтори ҳаётан муҳим иборатанд.
Тавре раиси кумита гуфт, бунёди иншооти ҷашнӣ бо ҳавасмандии мардум, бахусус соҳибкорон, рӯз ба рӯз авҷ гирифта, теъдоди он аз нақшаи пешбинигардида бештар шуда истодааст. Аввал дар назар буд, ки бахшида ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 27 ҳазор иншоот сохта мешавад, аммо баъдан ин шумора бо ташаббуси худи аҳолӣ ба 29 ҳазор расид.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ

550268 ТАШХИСИ МАҲСУЛОТИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР БОЗОРҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ
Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии кишвар 550268 ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ гузаронда шуд.
Тибқи талаботи байторию беҳдоштӣ, 26129,2 кг маҳсулоти гӯштӣ, 5846,7 кг маҳсулоти ширӣ, 634,2 литр равғани рустанӣ, 14114 дона тухми паранда, 419 кг моҳӣ, 339 кг асал, 3675 кг маҳсулоти намакин, 4154 кг меваи хушк, 49788,5 кг меваю сабзавот ва 2752 кг маҳсулоти полизӣ ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян ва нобуд карда шуд.
Зикр гардид, ки барои муайян намудани вазъи эпизоотии ҷумҳурӣ нисбат ба бемории буғумдард дар байни 434469 сар чорвои калони шохдор ва майда (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7069 сар кам) санҷиш гузаронда шуд, ки ин 107 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз саршумори умумии чорвои санҷидашуда 419 сар чорвои мубталои бемории буғумдард муайян гардида, аз ин 396 сар тибқи дастурамали мубориза бар зидди ин беморӣ забҳ карда шуд. Чораҷӯӣ барои 23 сар чорвои боқимонда идома дорад.
Дар ин давра дар ҷумҳурӣ ду ҳолати барангезандаи бемории сӯхтанӣ, як ҳолати барангезандаи бемории сиёҳрон ва 20 ҳолати барангезандаи бемории ҳорӣ ба қайд гирифта шуд. Нуқтаҳои номусоиди бемориҳои сироятӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, дар манбаъҳои номусоид, таҳдидкунанда ва дорои пайдоиши хавф сари вақт чорабиниҳои солимгардонӣ, эмгузаронии маҷбурии саршумори ҳайвонот ва корҳои безараргардонию маҳдудкунӣ гузаронда шуданд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР

СУРЪАТИ ИНТЕРНЕТ ВА АРЗИШИ ОН АЗ МАВЗУЪҲОИ МЕҲВАРӢ БОҚӢ МЕМОНАД
Дар шаш моҳи сипаришуда аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар натиҷаи тадриҷан беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ва танзими оқилонаи нархҳо, арзиши миёнаи интернет бо суръати 1 Мбит/с ба 17,63 сомонӣ коҳиш ёфта, нархи миёнаи 1 ГБ бастаи интернети мобилӣ ба 2,5 сомонӣ ё 0,25 доллари ИМА расонда шуд.
Дар ин бора Исфандиёр Саъдулло, сардори Хадамоти алоқа, иттилоъ дод. Ӯ афзуд, ки арзоншавии арзиши интернет ва беҳтар кардани сифати хизматрасониҳо идома ёфта, аз 15-уми июли соли ҷорӣ суръати ҳадди миёнаи интернет ба 15 Мбит/с баробар гардида, то охири сол суръати интернет ба 30 Мбит/с ва дар се соли оянда ин нишондод ба 100 Мбит/с расонда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷумҳурӣ шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ 8,3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 7,8 миллион нафар муштариёни умумии алоқаи мобилӣ ва 5,6 миллион нафар муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд. Шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит ба 5,1 миллион кас расид, ки 4,9 миллион нафараш муштариёни интернети мобилӣ мебошанд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 600 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ
ТАЪСИСИ ДУ ИХТИСОСИ НАВ БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ
Зимни нишасти матбуотӣ Даврон Сафарзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) дар Академия ду ихтисоси нав – иқтисоди рақамӣ ва амнияти автоматикунонии системаи иттилоот дар идоракунӣ дар зинаи бакалавриат ва магистратура таъсис ёфт.
Зикр шуд, ки дар Академияи идоракунии давлатӣ дар соли таҳсили 2024-2025-ум 374 омӯзгори дорои унвон ва дараҷаи илмӣ фаъолият дошта, шумораи умумии донишҷӯён ва магистрантон 5092 нафарро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, бо мақсади ҳавасманд гардондани олимон ва муҳаққиқон барои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ барои ҳимояи рисолаҳои илмии докторӣ 15 000 сомонӣ ва барои рисолаҳои номзади илм 10 000 сомонӣ муқаррар гардидааст. Амалисозии чунин тадбир барои омодасозии мутахассисони баландихтисос, ки метавонанд талаботи бозори меҳнатро қонеъ намоянд, мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон, иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби устодону профессорони Академия 545 маводи илмӣ-таҳқиқотӣ ва интишорӣ омода шудааст.

Кароматулло АТО


Агентӣ сабаби афзоиши ҷойҳои кори холиро шарҳ дод
Тибқи маълумоти омор, ба ҳолати 1-уми июли соли 2025 дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот шумораи умумии воҳидҳои корӣ 22 ҳазору 711-торо ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 497 воҳиди корӣ зиёд мебошад.
Ин нуктаро Илёс Идрисзода, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Тибқи иттилои номбурда, сабабҳои зиёд гардидани воҳидҳои корӣ таъсиси мақомоти нав, аз ҷумла кумитаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, таҷдиди сохтор ва зиёд шудани воҳидҳои корӣ дар баъзе вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Шодмон АБДУРАҲИМ

САРИДОРАИ ГЕОЛОГИЯ
Авлавият ба таъмини шароити муосири корӣ
Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли равон омӯзиши геологиро дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 аз рӯйи 32 лоиҳа дар объектҳои металлҳои ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ҳамчунин корҳоро дар самти гидрогеология, геоэкология ва геологияи муҳандисӣ амалӣ намуд.
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геология, иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ корҳо дар объектҳои нав, аз ҷумла корҳои ҷустуҷӯӣ-арзёбӣ дар зуҳуроти тиллои Даштак, гузарондани ҷустуҷӯи геологӣ дар зуҳуроти тиллои Ранкӯл, корҳои ҷустуҷӯӣ-баҳодиҳӣ дар майдони маъдани тиллою нуқраи Бачор, омӯзиши тиллою нуқра дар майдони Назарайлоқ ва ҷустуҷӯ дар зуҳуроти миси Сангисурх оғоз гардиданд. Барои беҳтар ба роҳ мондани омӯзиш ва корҳои ҷустуҷӯиву пармакунӣ мутахассисони геолог бо дастгоҳҳои нави пармакунӣ таъмин шуданд, ки ин кори заҳматталаби онҳоро осон менамояд.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


ПАРВИЗ ШОДМОНЗОДА: ““ТОҶИК ЭЙР” БА БАҲСИ СУДӢ БО ШИРКАТИ ЛИТВАГӢ НУҚТА ГУЗОШТ”
Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” ба баҳси чандинсолаи судӣ бо ширкати литвагии UAB "Skyroad Leasing" нуқта гузошта, тавонист масъалаи қарзи дарозмуддатро бо роҳи созиш ҳал намояд. Дар ин бора директори генералии ҶСК “Тоҷик Эйр” Парвиз Шодмонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Тавре ба хабарнигорон шарҳ дода шуд, баҳси судӣ дар пайи напардохтани маблағи иҷораи ду ҳавопаймои Boeing 737-500 аз рӯи шартномаҳои соли 2009 сар зада буд. Ҳавопаймоҳо то моҳи майи соли 2013 барои иҷрои парвозҳои байналмилалӣ истифода мешуданд, аммо бо сабаби мушкилоти молиявӣ, ҶСК “Тоҷик Эйр” натавонист маблағи иҷораро сари вақт пардохт намояд. Дар натиҷа, иҷрои парвозҳо бо ҳавопаймоҳои мазкур мутаваққиф шуда, қарзи ширкат афзуд ва баҳси молиявии миёни ҷонибҳо ба муҳокимаи судӣ кашида шуд. Ҳаҷми қарзи ҶСК “Тоҷик Эйр” дар назди ширкати литвагӣ соли 2024 ба 36,6 миллион доллари ИМА расида буд. Бо дарназардошти вазъи баамаломада, роҳбарияти нави ҶСК “Тоҷик Эйр” дар соли 2024 бо ширкати UAB "Skyroad Leasing" вориди гуфтушунид ва вохӯриҳои пайдарпай гардида, 8-уми январи соли 2025 созишнома дар бораи тартиби бастани созишномаи оштӣ ба имзо расонд. Дар асоси он, 7-уми марти соли равон созишномаи ниҳоии оштӣ расман ба имзо расид ва баҳс хотима ёфт. Ба гуфтаи Парвиз Шодмонзода, то имрӯз ҶСК “Тоҷик Эйр” дар назди ширкати литвагӣ дигар қарзе надорад ва дар оянда метавонад бидуни ягон маҳдудият парвозҳои байналмилалиро ба роҳ монад.

Руҳафзо МУРОДОВА


ДАР НБО «РОҒУН» НАЗОРАТИ БЕХАТАРИИ ШАБОНАРӮЗӢ БА РОҲ МОНДА ШУДААСТ
Раҳим Санъат, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз якуми декабри соли 2020 дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, назорати бехатарии меҳнат бо реҷаи шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Ин реҷа сарфи назар аз эълон гардидани мораторий, ки муҳлаташ то соли 2027 мебошад, гузаронда мешавад.
– Дар баъзе мавридҳо дар НБО «Роғун» беш аз 20000 нафар кор мекунад ва тамоми намуди техникаву таҷҳизот истифода бурда мешаванд. Кормандони Хадамот дар ин ҷо пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Аммо, сарфи назар аз ин, ҳар сол ҳодисаҳои нохуш ба қайд гирифта мешаванд. Яке аз сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш фориғболии кормандон аст, – гуфт сардори Хадамот.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар давраи ҳисоботӣ 103 шахси ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳо барои камбудиҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз онҳо 542910 сомонӣ ҷарима ситонданд. Зикр гардид, ки дар корхонаву иншооти зери назоратии Хадамот дар давраи мавриди назар 24 ҳодисаи нохуш ва як садамаи истеҳсолӣ рух дода, 18 нафар ҳалок ва 20 кас ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт. Барои роҳ додан ба камбудиҳо нисбат ба 6 шахси ҳуқуқӣ, 22 шахси мансабдор ва 4 шахси воқеӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардид.

Кароматулло АТО


ХАТЛОН. БУНЁДУ НАВСОЗИИ ИНШООТИ ҶАШНӢ
БОСУРЪАТ ИДОМА ДОРАНД
Аскархон Соҳибзода, сардори раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ як қатор иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
Аз ҷумла, 4,5 километр хатти барқ, бунгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи 16-уми деҳоти Корези ноҳияи Данғара, муассисаи таълимӣ барои 240 хонанда дар як баст дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, толори варзиш ва маҷлисгоҳ дар назди МТМУ № 28-уми ноҳияи Фархор, бинои иловагӣ барои 320 хонанда дар назди МТМУ №18-уми ноҳияи Восеъ, ҳамчунин, бинои иловагӣ барои 320 хонанда дар назди МТМУ №-34-уми деҳаи Селбури деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ ва бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархор мавриди истифода қарор мегиранд. Инчунин, қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб таъмиру навсозӣ мешавад,
А. Соҳибзода афзуд, ки бунёду навсозии иншооти ҷашнӣ бо суръат идома доранд ва дигар иншоотеро, ки ҳамчун иншооти ҷашнӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба қайд гирифта шудаанд, дар муҳлати муқарраргардида ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мавриди истифода қарор хоҳем дод.

Суннати СОДИҚ