Баргашт Чоп кардан

ВАТАНДӮСТӢ ҲАМ ҚАРЗ ВА ҲАМ ФАРЗ АСТ


Ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст.
Эмомалӣ РАҲМОН

Дар ҷаҳони имрӯза, ки илму техника ва технологияҳои муосир бо суръати кайҳонӣ рушд мекунад, ҷавонон ва наслҳои имрӯзу ояндаи миллатро зарур аст, ки бо дарки масъулияти баланд ва худогоҳиву худшиносии миллӣ ба зиндагӣ назар афкананд.

Дар замони муосир, ки ҷаҳон дар марҳалаи рушди босуръати технологияи иттилоотӣ қарор дорад, волидайн низ дар тарбияи насли наврас мақоми махсус касб мекунанд.
Ман ба падарону модарони азиз муроҷиат карда, гуфтанӣ ҳастам, ки шумо, бешубҳа, шоистаи эҳтироми беандозаи мо - фарзандон ҳастед. Дар кадом ҳолате, ки бошад, фарзанд бояд ба қадри ранҷу заҳматҳои кашидаи волидайн бирасад. Агар фарзанд тамоми умр ба падару модари худ хизмат кунад, ба якшаба ранҷи кашидаи модар дар сари гаҳвора ва ба заҳматҳои хастагинопазири падар баробар шуда наметавонад.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки сиёсати инсонпарваронаи давлату Ҳукумати мамлакат баҳри эҳтирому дастгирии падару модар ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа нигаронда шудааст. Бештари суҳбату баромадҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мавзуъ бахшида шудааст.
Президенти кишвар пайваста зимни суханронӣ дар мулоқот бо аҳли ҷомеа ва дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба нақш ва мақоми волидайн изҳори назар намуда, таъкид медоранд: “Падару модари худро дӯст доред, онҳоро эҳтиром намоед. Аз ҳолу авҳоли онҳо пурсон шавед, хизматашонро ба ҷо оваред, дуои неки онҳоро гиред ва ҳаргиз озорашон надиҳед”.
Мутаассифона, имрӯз на ҳама фарзандон ба қадри ин суханҳо мерасанд. Баъзан, фарзандон падару модари худро меранҷонанд ва рафторе мекунанд, ки боиси нигаронии онҳо мегардад. Шояд ин на барои он бошад, ки фарзандон падару модари худро дӯст намедоранд. Ҳолатҳое мешаванд, ки онҳо фикр мекунанд, ҳоло ҳам кӯдак ҳастанд, ё шояд рафтору кирдори атрофиён таъсир мегузорад, ки бо амалу кирдорҳои беандешаи худ волидайни хешро мераҷонанд.
Гарчанде фарзандони мо дар рушд ва инкишофи босуръати технологияҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаи интернет, илм ва техника ҳамқадам бошанд ҳам, лекин дар баъзан ҳолатҳо аз панду насиҳатҳои бузургон бебаҳра мондаанд.
Ҳадаф аз гуфтаҳои боло ба волидайни арҷманд ин аст, ки агарчи фарзандон бо рафтори беандеша шуморо ранҷонда бошанд ҳам, ҳеҷ гоҳ дар ҳаққашон дуои бад накунед. Дуои волидайн метавонад ҳар лаҳза қабул гардад. Дуои шумо - волидайни азиз, дар ҷойе таъсир мекунад, ки ҳеҷ интизорашро надоред. Модарони азиз, падарони ғамхор, ҳеҷ гоҳ, ҳатто бо ҳазлу шухӣ ҳам, нисбати фарзандони худ сухани қабеҳ нагӯед ва онҳоро дуои бад накунед. Фарзандро бо забони дурушт ва лафзи тунд тарбия кардан ягон натиҷаи хуб ба даст намеорад. Аз оне ки фарзандро сари қаҳру ғазаб дуои бад мекунед, ӯро “Худо ба роҳи рост ҳидоят кунад, бачам” гӯед беҳтар аст.
Ҳар қадар, ки водидайн меҳрубону мушфиқу ғамхор бошанд, фарзанди онҳо низ аз хулқи накуи инсонӣ баҳравар мегардад. Пеш аз ҳама, дар назди фарзанд бояд намунаи ибрат буд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: “Забони покиза дошта бошед!”, “Қалби пок дошта бошед!”, ки ин таъкиди Пешвои миллат бисёр ҳикмати бузург дорад. Ба қавли Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, “мо бояд забони худро аз палидиҳо пок созем”, яъне такрор ба такрор гуфтани калимаҳои зебо, забони моро аз палидиҳо пок месозад. Мо бояд забони худро аз гуфтани суханҳои носазову алфози қабеҳ нигоҳ дорем. Вақте забон аз палидиҳо пок гардид, ботин ва қалб низ пок мегардад.
Пас, волидайни азиз, забон ва қалбҳои худро аз палидиҳо пок созед, дуои некро дар ҳаққи фарзандони худ дареғ надоред, чунки шумо метавонед бо дуои неки худ тақдири онҳоро нек гардонед, ояндаи онҳоро хуб кунед ва фарзанди худро дар роҳи дуруст ҳидоят намоед.

Шарифзод Ҷамшед ҒАНИХОҶА, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ