24-уми июл пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом зимни мулоқоти хосаи сарварони давлатҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Муғулистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олиқадр, Президенти Муғулистон ва ҳайати расмии ин кишварро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушди ҳамаҷонибаи робитаҳо бо Муғулистони дӯст таъкид сохтанд.
Сарвари давлати мо изҳори бовар намуданд, ки табодули афкори судманди имрӯза ба раванди таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду кишвар такони мусбат хоҳад бахшид.
Зимни ёдоварӣ аз аҳамияти муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва тавсеаи равобити байнипарлумонӣ ҷонибҳо бар зарурати фаъол гардондани кори Гурӯҳи муштараки дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ ҳамчун василаи муҳими густариши ҳамкории гуногунҷанба миёни ду кишвар таъкид намуданд.
Бо мақсади тавсеаи минбаъдаи маҷмуи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ҷониби Тоҷикистон таҳия ва қабули барномаи ҳамкориҳо ва роҳкори соҳавии амалҳои муштаракро оид ба афзоиши гардиши мол барои солҳои наздик пешниҳод кард. Ҳамзамон, таъсиси Шурои соҳибкории Тоҷикистон ва Муғулистон ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Дар зимн, мусоҳибон баргузории мунтазами ҳамоишҳои доираҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳҳои молу маҳсулоти ду кишварро муҳим донистанд.
Ҳамоиши аввалини доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии ҷонибҳо, ки 24-уми июл дар Душанбе баргузор гардид, иқдоми муҳим дар ин самт арзёбӣ гардид.
Масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бахши чорводорӣ, мавриди таваҷҷуҳи хос қарор доштанд. Соҳаҳои саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ миёни ду давлат маънидод шуд.
Масъалаи пешбурди “рӯзномаи сабз” ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мавриди назари ду ҷониб қарор дошт.
Самти дигари афзалиятноки ҳамкорӣ соҳаи сайёҳӣ номида шуд. Зимнан, Сарвари давлат имкониятҳои фарохи Тоҷикистонро ҷиҳати рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва офиятбахшӣ алоҳида қайд карданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масъалаи рушди ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ду кишвар, ҳамчун шакли муассири густариши робитаҳои мустақими иқтисодӣ зоҳир гардид.
Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо бо ишора ба нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар пешбурди тамоми маҷмуи робитаҳои Тоҷикистону Муғулистон зарурати шуруи фаъолияти онро дар ояндаи наздик салоҳ донистанд.
Ба масоили вобаста ба густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гашт. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон қадами аввали муҳим дар ин самт арзёбӣ шуд. Тарафҳо, ҳамчунин, тавсеаи робитаҳоро дар бахшҳои илму маориф, васоити ахбори омма, осорхонаҳо, сиёсати ҷавонон ва варзиш ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон, дар робита ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом ёфта, ҷонибҳо аз идомаи ҳамкории созандаи ду давлат дар ин ҷода дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он, ҷонибдорӣ карданд.
Сарвари давлати мо аз мусоидати пайвастаи ҷониби Муғулистон дар пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим изҳори қаноатмандӣ карда, хостори ҳамкориҳои ду кишвар дар муқовимат алайҳи хатару таҳдидҳои амниятӣ шуданд.
НИШАСТИ МАТБУОТӢ ПАС АЗ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ МУҒУЛИСТОН
24-уми июл дар Қасри миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон барои намояндагони васоити ахбори оммаи дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ оростанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотӣ таъкид доштанд, ки мо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намудем.
Сарвари давлати мо изҳор доштанд, ки санадҳои нави ҳамкории баимзорасида, ба тақвияти бештари заминаи ҳуқуқии рушди робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун равона гардидааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди сухан таъкид сохтанд, ки зимни музокироти сатҳи олӣ шарикии ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, бахусус дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин, дигар сохторҳои ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ гардид.
ИЗҲОРОТИ МАТБУОТӢ
пас аз музокирот бо Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух,
шаҳри Душанбе, 24-уми июли соли 2025
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма!
Дӯстони гиромӣ!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, бори дигар Президенти муҳтарам, ҷаноби Ухнаагийн Хурэлсух ва ҳайати баландпояи Муғулистони дӯстро дар Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям.
Тоҷикистон ва Муғулистон дар давраи баъд аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ (1992) дар ҷустуҷӯи доимии роҳҳои рушди минбаъдаи робитаҳояшон қарор доштанд. Сафари давлатии Президенти муҳтарами Муғулистонро мо ҳамчун идомаи мантиқии ин раванд медонем.
Дар баробари ин, гуфтушунидҳои кунунии Тоҷикистону Муғулистон аз азми қавии ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд дар заминаи сифатан нав дарак медиҳанд.
Тамосҳои Тоҷикистону Муғулистон ва муколамаи сиёсӣ дар тамоми сатҳҳо аз хусусиятҳои созанда бархурдоранд. Онҳо бетағйир ба таҳкими ҳамкориҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба нигаронда шудаанд.
Имрӯз мо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро ба таври муфассал баррасӣ намудем ва дар робита ба масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом додем.
Дар фарҷоми музокирот мо бастаи нави санадҳои дуҷонибаро ба имзо расондем, ки ба тақвияти бештари заминаи ҳуқуқии рушди робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои мавриди манфиати тарафайн нигаронда шудаанд. Зимни суҳбатҳои хоса ва бо иштироки ҳайатҳо, мо аҳамияти таҳкими муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва баландро таъкид кардем. Изҳори умед намудем, ки натиҷаҳои сафари кунунии Президенти муҳтарами Муғулистон ба пешбурди созандаи робитаҳои ду кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Мо аз мавҷудияти имкониятҳои кофӣ барои рушди тамоми маҷмуи муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон ёдовар шудем. Ба аҳамияти такони тоза бахшидан ба тамоюли ҷории афзоиши бемайлони онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудем. Ҳамзамон, мо аз зарурати мушаххас намудани роҳҳо ва василаҳои бештар муносиб барои афзоиши ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷонибдорӣ намудем.
Тавсеаи бештари тамосҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими нақши дипломатияи парлумонӣ дар муносибатҳои мо ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ зимни музокирот ба ҳамкориҳои иқтисодӣ равона гардида буд. Тарафҳо ҳавасмандии худро барои фаъол гардондани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ изҳор доштанд. Ҷониби Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки фаъолияти устувори он метавонад ба татбиқи тадбирҳои амалӣ ҷиҳати рушди ҷанбаи тиҷоративу иқтисодӣ ва дигар самтҳои робитаҳои байнидавлатии мо мусоидат намояд.
Ба мувофиқа расидем, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо истифода аз зарфиятҳо ва афзалиятҳои рақобатпазири иқтисоди ҷонибҳо чораҳои зарурӣ меандешем.
Мо оид ба имкониятҳои хуби кишварҳоямон ҷиҳати татбиқи муштараки тарҳҳои сармоягузорӣ ҳамназар будем. Таҳия ва қабули барномаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, ҳамчунин, роҳкори соҳавии амалҳои муштарак барои солҳои наздик ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Дар ин замина, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, то имконияти таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ дар соҳаҳои ояндадори иқтисоди ду кишвар ба баррасӣ гирифта шавад. Ин соҳаҳо, аз ҷумла саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, инчунин, кишоварзӣ, хусусан чорводориро дар бар мегиранд.
Ҷиҳати андешидани тадбирҳои муштарак оид ба ташаккули шароити мусоид барои доираҳои соҳибкорӣ ва дастгирии ташаббусҳои қобили таваҷҷуҳи онҳо мувофиқа ҳосил гардид.
Мо аз ҳамоиши аввалини соҳибкорони Тоҷикистону Муғулистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, истиқбол мекунем. Бар ин назарем, ки баргузории мунтазами чунин чорабиниҳо ба тавсеаи тамосҳо ва барқарор кардани робитаҳои мустақими корӣ миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Зимни вохӯриҳои имрӯза, ҳамзамон, зарурати рушди ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаҳои ду кишвар ва соҳаи сайёҳӣ таъкид гардид. Мо ба густариши робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намудем. Аз фаъол гардондани мубодилаҳо дар ҷодаи фарҳанг, илму маориф, ҷавонон ва варзиш ҷонибдорӣ кардем. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Муғулистонро дар доираи сафари давлатии ҷаноби Президент ҳамчун қадами муҳим дар ин самт медонем.
Масъалаҳои вобаста ба амният аз ҷумлаи мавзуъҳои музокирот буданд. Масоили муқовимати муассир ба таҳдиду хатарҳои глобалӣ ва минтақавӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.
Мо ба зарурати ба ҳам овардани саъю талошҳо ҷиҳати коҳиш додани таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба муҳити зист таъкид кардем. Ҳамзамон бо ин, масъалаи пешбурди «рӯзномаи сабз» ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мавриди назари ду ҷониб қарор дошт.
Вобаста ба ин, ҳамкориҳои созандаи муштарак ва дастгирии ҳамдигарии Тоҷикистону Муғулистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар заминаи ниҳодҳои бисёрҷониба мавриди тазаккур қарор гирифтанд.
Мо аз идомаи таҷрибаи неки шарикии ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, бахусус дар доираи Созмони Милал ва муассисаҳои махсуси он, ҳамчунин, дигар сохторҳои ҳамкории бисёрҷониба ҷонибдорӣ кардем.
Мувофиқаҳое, ки дар доираи ин сафар ба даст омадаанд, ба таври умум, самтҳои асосии муносибатҳои кишварҳои мо ва дурнамои рушди босамари онҳоро мушаххас месозанд.
Натиҷаҳои гуфтушунидҳои имрӯза имкон медиҳанд, ки мо ба рушди муносибатҳо миёни ду кишвар бо назари нек ва умедбахш нигарем.
МАРОСИМИ ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА МУҒУЛИСТОН
24-уми июл пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон дар Қасри миллат бо иштирок ва дар ҳузури сарварони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон оид ба рушди минбаъда, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба имзо гузоштанд.
Ҳамчунин, 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон;
– Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ;
– Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
– Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
– Ёддошти тафоҳум миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва алоқаи Муғулистон дар соҳаи рақамикунонӣ;
– Ёддошти тафоҳум дар самти пешгирӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон;
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ ва технологияҳо миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Муғулистон;
– Ёддошти тафоҳум миёни Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ” ва Корхонаи давлатии “Академияи Э-Муғулистон”;
– Ёддошти тафоҳум миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон;
– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Муғулистон.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.