
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «ТЕННИС»
Дар ин филворд ном ё насаби теннисбозони маъруф ва ҷавони ояндабахши ҷаҳон нуҳуфтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. АБДУЛЛОҲ
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
Масъули рубрика
Ш. ШОКИР
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «НИЁГОН»:
1. Мавлавӣ 2. Бедил 3. Сомонӣ 4. Куруш 5. Томирис 6. Ҷомӣ 7. Камол 8. Ардашер 9. Саъдӣ 10. Беҳзод
11. Темурмалик 12. Ҳофиз 13. Борбад 14. Анӯшервон 15. Рӯдакӣ 16. Фирдавсӣ 17. Розӣ 18. Сино 19. Деваштич 20.Спитамен 21. Алхоразмӣ 22. Берунӣ 23.Низомулмулк 24. Хайём
КАЛИМАИ «АЛЛО», ЯЪНЕ ЧӢ?
Аксари мо вақте гӯшии телефонро мебардорем, алло мегӯем. Ин калима чӣ маънӣ дорад?
Агар шумо ҳам фикр мекардед, ки ин саломи телефонӣ аст, пас хато мекунед, зеро Алло номи шахс аст.
Маргарет Алло, номи аруси Александр Грейам Белл, ихтироъкори телефон, мебошад. А.Белл ҳангоми санҷиши телефони ихтироъкардааш аввалин бор номи маъшуқаашро гирифта, «Алло» гуфтааст.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
ФУТБОЛ
БОЗ ЯК ФАКТИ ҶОЛИБ
Агар нисфи мардон футболбозиро дӯст доранд, нисфи дигарашон шавқманди тамошои онанд. Аҷибаш ин, ки барои иҷрои ҳар ду амал ҳам ба онҳо чизе халал расонда наметавонад. Мисоли равшани ин гуфтаҳоро мо дар клуби ҳаводорони футболи «Татран»-и деҳаи Черни Балоги Словакия мебинем.
Тими ин деҳа тамрин ва бозиҳояшро дар варзишгоҳе мегузаронад, ки нишастгоҳи мухлисонашро аз майдон роҳи оҳан ҷудо мекунад. Вале садои гӯшхарош ва ҳаракати беисти қатораҳо наметавонад монеи бозигарону мухлисони онҳо гардад. Баръакс, маҳз бо ҳамин хусусияташ варзишгоҳи мазкур диққати бештари одамонро ба худ ҷалб намудааст.
Таҳияи Кароматулло АТО
ДУ АЛМОСЕ, КИ 48 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ФУРӮХТА ШУД
Дар музоядае дар шаҳри Женеваи Швейтсария ду алмоси ноёбро ба маблағи 48,2 миллион доллар фурӯхтанд.
Нархи алмоси вазнаш 163 қирота 33,5 миллион франки Швейтсарияро ташкил дод. Дар феҳристи музояда нархи тахминии ин ашёи нодири заргарӣ ҳатто нишон дода нашуда буд. Ин алмоси қиррааш зумуррадии ба маснуоти заргарии иборат аз 18 адад алмоси хурдҳаҷм ва 66 адад зумурради нокшакл насбшуда санги қиматбаҳотарини ба музояда гузошташуда ба ҳисоб меравад.
Алмоси дигари ба музояда гузошташуда «Ле Гранд Мазарини» ном дошта, рангаш гулобӣ аст. Он ба маблағи 14,3 миллион франк (14,5 миллион доллар) фурӯхта шуд. Таърихи ин санг аз асри ХVII сарчашма мегирад.
Таҳияи Кароматулло АТО
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО...
АЛЕКСАНДРИ II ВА ОЗОДИИ ДЕҲҚОНОН
Александри II барои дӯстдорони таърих маъруфу шинохта аст. Дастикам хонандаи закӣ медонад, ки ӯ дар таърихи рус ҳамчун шоҳи ислоҳотгаро ва навовар эътироф шудаву бародари хурдии Николайи I мебошад. Мунаққидон то имрӯз Александри II-ро ба он муттаҳам мекунанд, ки як минтақаи «тиллоӣ»-и Русияи подшоҳиро дар замони ҳукмронияш ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фурӯхтааст. Албатта, ҷойи баҳс нест, ки 30-юми майи соли 1867 Александри II шартномаро барои ба ихтиёри ИМА додани 1 519 000 км2 ҳудуди онвақтаи Русия имзо карда, бар ивазаш бо арзиши тилло 7,2 миллион доллар гирифтааст. Аммо кам касоне ёдовар мешаванд, ки маҳз дар даврони салтанати ӯ ҳуқуқи крепостноӣ расман барҳам дода шудаву Русияи подшоҳӣ рӯ ба тамаддун ниҳодааст. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки то нимаи дувуми қарни XIX дар Русия ҳуқуқи крепостноӣ роиҷ буд ва аксаран мардуми одӣ зиндагии асримиёнагӣ ба сар мебурданд. Маҳз Александри II соли 1861 ҳуқуқи крепостноиро барҳам дод ва бо ин амалаш номи худро дар таърих чун ҳокими адолатпарвар сабт намуд.
Аз русӣ тарҷумаи С. РАҲМОНЗОДА
ЭЙНШТЕЙН ВА ҚИССАИ ПАЛТОЕ, КИ НАВ НАШУД
Ҳангоми донишҷӯӣ Алберт Эйнштейн дар тан палтои куҳна ба дарс меомад. Ҳамсабақон ба қароре омаданд, ки ба вай палтои нав бихаранд. Эйнштейн бо исрор гуфт: «Чи зарурат аст, охир маро касе намешиносад!»
Дар авҷи камолот ва шуҳрати ҷаҳонии ин олим, иттифоқан як ҳамсабақаш дар анҷумане ӯро бо ҳамон палтои куҳнаи замони донишҷӯӣ дид. Ҳайратзада шуду пешниҳод кард, ки биё бароят палтои нав харам. Ин навбат Эйнштейн гуфт:
– Акнун маро ҷаҳон мешиносад, ба палтои нав ҳоҷат нест!
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
УСУЛИ НАВ
Ҳуҷраи раиси кумитаи замин:
Корафтодае аз дар даромада, фиғон мебардорад:
- Ту раиси бевиҷдон, ҳаромхӯр, чаро дар ду сол навбати ман то ҳол нарасид. Ман ҳам метавонам пора диҳам, чаро аз дигарон мегиреду аз ман не?! Аз пушти шумо фасодон то суд даъво мебарам…
- Шуд-шуд Ғарибшоев, ман ҳамаашро дар диктофон сабт кардам.
- Акнун чӣ мешавад?
- Нағз мешавад, ду ҳазор доллар барои таҳқиру туҳмат ба хизматчии давлатӣ супорида, қарори заминро гирифта меравед.
Таҳияи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
ДУЗДИИ РЕКОРДӢ
13:00. Раҳораҳ аз радио шунидам, ки буҷет барои хариди яроқу аслиҳа ба қӯшунҳои хушкигард се триллион рубл ҷудо кардааст. Соати 16:00 бошад, Яндекс, хабар дод, ки барои хариди яроқу аслиҳа ба қӯшунҳои хушкигард буҷет 2,6 триллион рубл медодааст. Ба худ гуфтам, ана инро дуздии рекордии буҷети давлатӣ мегӯянд - 400 миллион рубл дар се соат.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
ШУКРИ НЕЪМАТ КУНУ…
Подшоҳе аз вазираш пурсид:
– Чаро хидматгорам аз ман хушҳолтар аст, дар ҳоле ки ӯ чизе надорад ва ман ҳама чиро дорам?
Вазир гуфт:
– Подшоҳам барои посух ба ин суол бояд «Қоидаи 99»-ро имтиҳон кунем!
– «Қоидаи 99», яъне чӣ?
– 99 сиккаро дар халтача гузошта онро ба хизматгузор медиҳем ва мегӯем, ки ин 100 динор ҳаққи хидмати ту аст ва натиҷаашро зери назар мегирем!
Чунин коре сурат гирифт, хизматгор замоне ки ба хона расид, сиккаҳоро шумурд ва мутаваҷҷеҳ шуд, ки 1 сикка кам аст. Тамоми шаб дар бораи ҳамон 1 сикка фикр мекард, гумон дошт, ки онро гум кардааст ва хушҳол будан дар бораи он ҳама сиккаҳои дигарро фаромӯш кард. Рӯзи дигар хизматгор дигар ҳолу ҳавои хубе надошт.
Вазир ин ҳолро дида ба подшоҳ гуфт:
– Шоҳам маънои «Қоидаи 99» ин аст, ки мо дар зиндагӣ худро бобати чизҳои гумкарда нороҳат мекунем, дар ҳоле ки фаромӯш кардем, чи неъматҳои дигареро дар ихтиёр дорем.
Таҳияи Файёз ФИРӮЗ
БУЗУРГТАРИН ПОРАИ МИРРИХ ВА СКЕЛЕТИ ДИНОЗАВР ФУРӮХТА ШУД
16-уми июли соли равон дар музоядаи Сотбис (Sotheby’s), дар Ню-Йорк бузургтарин пораи Миррих, ки дар Замин афтода буд, ба фурӯш гузошта шуд. Санги 25-килограмма ба маблағи 5,3 миллион доллар ба фурӯш рафт. Ба гуфтаи хонаи музояда, ин объект, ки бо номи NWA 16788 маъруф аст, як метеорит мебошад, ки дар натиҷаи зарбаи астероид аз сатҳи Миррих партоб шуда, пеш аз афтодан ба Сахара тақрибан 225 миллион километрро тай кардааст.
Дар ҳамин ҷо, инчунин, скелети динозавр, ки бештар аз 1,8 метр баландӣ ва қариб 3 метр дарозӣ дошт ва арзиши ибтидоиаш аз 4 миллион доллар оғоз меёфт, ба маблағи 30,5 миллион доллар фурӯхта шуд.
Дар ин бора The Guardian хабар додааст.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО
ЗОҲИРПАРАСТӢ
Қиссаи як имтиҳон
Як ҷавони кордбадаст вориди масҷид шуд ва ба намозгузорон гуфт: "Оё байни шумо касе ҳаст, ки мусалмон бошад?"
Ҳама бо тарсу тааҷҷуб ба якдигар нигаристанд ва сукут ҳукмфармо шуд. Баъдан, пирмарде аз ҷой бархост ва хомӯширо шикаст:
– Оре, ман мусалмонам!.
– Пас, бо ман биё!
Ҳар ду берун рафтанд ва чанд қадаме аз масҷид дур шуданд. Ҷавон ба галлаи гӯсфандон ишора кард:
– Мехоҳам тамоми онро қурбонӣ кунаму байни фуқаро тақсим намоям ва барои анҷоми ин кор ба кумак эҳтиёҷ дорам. Мӯйсафед бо ҷавон ба куштани гӯсфандон машғул шуданд. Пас аз муддате пирмард хаста шуд ва аз ҷавон хост, ки масҷид равад то шахси дигареро барои ёрӣ даъват кунад. Ҷавон бо корди хунолуд ба масҷид бозгашт ва боз пурсид:
– Оё мусалмони дигаре дар миёни шумо ҳаст?
Афроди дар масҷидбуда гумон карданд, ки ҷавон пирмардро ба қатл расондааст. Дар ҳамин ҳол, нигоҳашонро ба пешнамоз (имоми масҷид) дӯхтанд. Имом рӯ ба ҷамъият оварда гуфт:
– Чаро ба ман нигоҳ мекунед, ки бо чанд ракъат намоз хондан касе мусалмон намешавад.
Таҳияи Файз ФИРӮЗ
НОБИҒАҲОИ ТИББИ ҶАҲОН
10 НАФАРЕ, КИ ДАР СОҲАИ ТИБ ТАҲАВВУЛОТ КАРДАНД
ИБНИ СИНО (солҳои 980 - 1037 милодӣ)
Абуалӣ ибни Сино пас аз марг унвони табиби бузурги ҷаҳони мусалмониро гирифт, ҳарчанд дар вақти зинда будан аз дасти гурӯҳи диндорони ҷоҳил шаҳр ба шаҳр сарсону саргардон мегашт. Сабаб ин буд, ки Сино дар «Китоби шифо» ошкоро изҳор дошт, ки бемориҳо ҷазо аз қазо набуда, балки сабабҳои сирф заминӣ доранд.
Ана барои ҳамин андеша аз ҷониби диндорон таъқиб ва ҳатто ба марг таҳдид мешуд, вале аз назари илман асоснокаш даст накашид.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ЛАБУБУ
Даромади ҳангуфт аз фурӯши як бозича
10 сол пеш тарроҳи Ҳонконг Касинг Лунч барои китоби худ «The Monsters» персонажи Лабубуро пешкаш кард. Соли 2019 Поп Марти чинӣ бозича – овезаро бо шакли Лабубу дар қуттии туҳфа ба фурӯш баровард. Лабубу аввали соли 2024 дар Осиё, баъдан ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Россия паҳн шуд.
Ин персонаж симои тездандони бадҳайбат дошта, моҳи майи ҳамин сол ба мӯд баромад. Моликони он танҳо дар як моҳ аз ҳисоби фурӯш қариб 1 миллиард рубл ба даст оварданд. Айни замон, дар Wildberries and Russ фурӯши бозичаи Лабубу ба 1,5 миллиард рубл афзудааст.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
ОШХОНАИ МЕКСИКА
Таърихи таомҳои мексикоӣ дар тамаддунҳои қадимии Майя ва Астек решаҳои амиқ доранд. Тако, тартилла, тамалес ва чилавил яке аз маъмултарин хӯрокҳои мексикоӣ ба ҳисоб мераванд. Вале ошхонаи мексикоӣ, бештар бо қаламфури чили ва омехтаи кашниз бо панир ва зира дар ҷаҳон шинохта шудааст. Қаламфури чили на танҳо барои илова кардани маза ба хӯрок истифода мешавад, балки он як қисми фарҳанги ин мардум аст. Дар Мексика навъҳои гуногуни чили мавҷуданд, ки ҳар яке дорои таъми хос мебошанд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
БЕМОРИ ФОРИҒБОЛ
Духтур:
– Майнӯшии зиёд ба саломатии шумо таъсири манфӣ расондааст ва агар идома диҳед оҳиста-оҳиста шуморо мекушад.
Бемор:
– Агар оҳиста-оҳиста бошад, ин хуб аст, зеро ман ҳам барои мурдан саросема нестам.
Аз англисӣ тарҷумаи Шодмон АБДУРАҲИМ
ИНТИХОБИ МАРГУ ЗИНДАГӢ
Машҳуртарин масхарабоз дар таърих Трибуле, масхарабози дарбори Луис XII ва Франсиск I буд, ки, ҳамчунин, бо маслиҳатҳои пурарзишаш ба подшоҳон шуҳрат дошт.
Ба Трибуле масхара кардани малика ва хонумҳои дарбор қатъиян манъ буд. Аммо вай ин қоидаро борҳо вайрон кард. Дар натиҷа, шоҳ Франсиск тасмим гирифт, ки ӯро ба қатл расонад. Зимнан, ба масхарабоз шонс дод, ки шеваи ба марг расиданашро худаш интихоб кунад.
Трибуле гуфт, ки ба ҳукми шоҳ розӣ аст, вале мехоҳад бар асари пирӣ ҷон ба Ҳақ таслим кунад.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
15 ҒОРИ ҶОЛИБТАРИН ДАР ҶАҲОН
4. Ғорҳои дурахшони Вайтомо Glowworm (Зеландияи Нав)
Ғорҳои дурахшони Вайтомо Glowworm дар Зеландияи Нав миёни ғорҳои ҷаҳон машҳуртарин маҳсуб меёбанд. Онҳо ба шарофати гуногунии магаси занбӯруғии Arachnocampa luminosa, ки дар ғорҳо зиндагӣ мекунанд, машҳур шудаанд.
Дар рафти экскурсия сайёҳон аз се толор гузаронда мешаванд. Толорҳо дорои системаи васеи дарёҳои зеризаминӣ мебошанд. Саёҳат бо воситаи қаиқ тавассути Гроти шабчароғ қад-қадди дарёи зеризаминии Вайтомо анҷом мегирад. Аҷиб аст, ки роҳравҳои тангу тулонӣ аз ҳамин магасҳои хурд ба вуҷуд омада, дар назар осмони пурситораро мемонанд.
Сайёҳон бояд донанд, ки беҳтарин вақт барои боздид аз ғорҳои дурахшони Вайтомо аз моҳи декабр то март мебошад.
Таҳияи М. ШАРИФОВА
КУҲАНСОЛТАРИН ИНСОНҲОИ ОЛАМ
Тавре сомонаҳои интернетӣ иттилоъ медиҳанд, дар олам миёни занон бонуи фаронсавӣ Жанна Луиза Калман бо 122 солу 164 рӯзи доштааш аз ҳама умри дароз дидааст. Зани куҳансол 21-уми феврали соли 1875 ба дунё омада, 4-уми августи соли 1997 вафот кардааст.
Миёни мардон бошад, Кимура Дзироэмони ҷопонӣ дарозумртарин шинохта мешавад, ки 116 солу 54 рӯз дар қайди ҳаёт буд.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМЗОДА