Баргашт Чоп кардан

ДУШАНБЕ. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ НАХУСТИН ФОРУМИ САРМОЯГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОНУ МУҒУЛИСТОН


Дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Форуми сармоягузории Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид.
Дар Форум Ҳоким Холиқзода, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайнбуян Амарсайхан, муовини Сарвазири Муғулистон, роҳбарон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сохторҳои иқтисодӣ ва бахшҳои хусусии ҳарду давлат иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ муовинони сарвазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон аҳамияти таҳкими ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармояи мутақобил ва ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳоро таъкид намуда, омодагии қавии худро барои дастгирӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак иброз доштанд.
Тавре таъкид гардид, ҳадаф аз баргузории Форум таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкории оянда ба шумор меравад.
Дар ҷараёни Форум пешниҳодҳо ва ташаббусҳои мушаххас оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои энергетика, нақлиёту логистика, кишоварзӣ, саноат ва рушди сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.
Дар доираи баргузории нахустин Форуми сармоягузории Тоҷикистону Муғулистон 3 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ҳамзамон, дар ҳошияи Форум мулоқоти дуҷониба (В2В) байни соҳибкорони ду давлат ва вохӯриҳои (B2G) соҳибкорон бо намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ баргузор гардида, дар ҷараёни он ҷонибҳо роҳҳои амалии татбиқи ташаббусҳои иқтисодӣ ва густариши муносибатҳои мутақобили судмандро баррасӣ ва мувофиқа намуданд.

Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”