
Пиряхҳои Тоҷикистон, ки манбаи асосии захираҳои обӣ мебошанд, дар вақти муайян тавассути усулҳои муосир мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дода мешаванд. Аз ҷумла, таҳқиқоти геодезӣ бо истифода аз GPS ва дигар асбобҳои барои дақиқ муайян кардани тағйирот дар ҳаҷм ва шакли пиряхҳо сурат мегирад. Инчунин, пармакунӣ ва омӯзиши намунаҳои ях, ки барои таҳлили иқлим ва ташхиси таркиби пиряхҳо мусоидат менамояд, анҷом дода мешавад.
Усули дигар – таҳқиқоти гидрологӣ мебошад, ки омӯзиши ҷараёнҳои об аз обшавии пиряхҳо барои арзёбии таъсири онҳо ба муҳити зистро дар бар мегирад. Ҳар яке аз ин усулҳо дар бораи вазъи пиряхҳо ва тағйирёбии онҳо маълумоти арзишманд дода метавонанд. Аз ҳама таҷҳизоти муосир барои анҷом додани чунин таҳқиқот дрон (паҳпод) мебошад, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ фаъолияти 3-тои он ба роҳ монда шудааст. Назорат ва идораи дронро Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ ба уҳда дорад. Он барои мониторинги пиряхҳо, захираи барф ва кӯлҳои пиряхӣ самаранок истифода бурда мешавад. Маълумоти охир тибқи омӯзиши дрон ин аст, ки дар соли 2025 захираи барф дар ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ 81 дарсади меъёри бисёрсоларо ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта як фоиз кам аст.
Рамазон Раҳмонзода, сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ, изҳор намуд, ки дрон барои таҳқиқот кардани объектҳои табиӣ, бахусус пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ, муҳим арзёбӣ шуда, ҳангоми истифодабарӣ аз он кор чандин маротиба осон мегардад. Дрон имконият фароҳам меорад, ки масоҳати пирях аниқу дақиқ аксбардорӣ шавад. Ҳамчунин, ба воситаи дронҳо, ки дар онҳо якчанд таҷҳизоти иловагӣ насб гаштаанд, вазъи боду ҳаво санҷида шуда, ҳарорати замин ва об, ҳамчунин, суръати шамол ва нурпошии Офтоб чен карда мешавад.
ТАСВИРҲОИ МОҲВОРАВӢ ДАСТУРАМАЛ БАРОИ КОРҲОИ САҲРОӢ
Тасвирҳои моҳворавӣ тавассути моҳвораҳо (спутникҳо), ки дар мадори Замин қарор гирифтаанд, бо истифода аз таҷҳизоти махсус (масалан, сенсорҳо ё камераҳои дурбинӣ) дар зери таъсири нурҳои гуногуни электромагнитӣ (мисли рӯшноии намоён, инфрасурх, радиомавҷҳо) сабт мегарданд. Маҳз ба воситаи тасвирҳои моҳворавӣ пешгӯии вазъи боду ҳаво, назорати обу ҳавои шадид, мисли тӯфон, сел ва хушксолӣ дақиқ ва саривақтӣ муайян карда мешаванд.
Ба гуфтаи Парвина Юнусова, сармутахассиси Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ, омӯзиши пиряхҳо ва дигар қисматҳои криосфера низ бо истифода аз аксҳои моҳворавӣ сурат мегирад. Аксҳои моҳворавӣ аз сомонаҳои ройгони Ламсар сентр истифода шуда, барои дар як муддати кӯтоҳ таҳқиқот кардан: аксбардорӣ ва муайян намудани масоҳати пиряхҳо ва пеш аз оғози корҳои саҳроӣ нақшагузорӣ кардан ниҳоят муҳиманд. Ҳангоми гузарондани корҳои таҳқиқотӣ- экспедитсионӣ бо усули пиёда дар пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ истифодаи аксҳои моҳворавӣ натиҷаи таҳлилҳои моро пурратар ва дақиқтар мегардонанд.
АЗ НАТИҶАИ ҲАМКОРИҲО ТО ВУСЪАТИ КОРҲО
Албатта, истифодаи технологияҳои муосир, ба монанди дрону моҳвораҳо, натиҷаи густариши ҳамкориҳои байналмилалии мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ бо муассисаҳои илмию омӯзишии донишгоҳҳои сатҳи байналмилалии Швейтсария – Донишгоҳи Фрайбург ва Донишгоҳи Давос мебошад. Зимнан, бо мақсади вусъат бахшидани ҳифзи пиряхҳо ва дигар манбаъҳои табиӣ бо Институти илмии байналмилалии Ҷопон ҳамкории зич ба роҳ монда мешавад, ки натиҷаи баргузорӣ ва баррасии масоили ҳифзи пиряхҳо ва ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад.
Ҳамчунин, дар доираи ҳамкориҳо, моҳи июл мутахассисони Маркази яхшиносӣ бо яке аз таҷҳизоти ниҳоят муҳим – таҷҳизоти батиметрӣ барои чен намудани чуқурии кӯлҳо, хусусан кӯлҳои пиряхӣ, таъмин карда мешаванд.
Ҳамин тариқ, мутахассисони Маркази яхшиносӣ дар рафти таҳқиқоти обуҳавошиносӣ, бахусус пиряхҳо, муайян намудани тавозуни кӯлҳо, чен кардани ҳаҷми оби кӯлҳои пиряхӣ, ғафсии қабати барф ва обнокии онҳо аз технологияҳои муосир истифода мебаранд. Танҳо зарур аст, ки дар самти мониторинг истифодабарии дронҳо, таҷҳизоти GPS ва тасвирҳои моҳворавӣ беҳтар ба роҳ монда шавад, зеро ин имконият медиҳад, ки тағйироти ҳаҷм, масоҳат ва ҳаракати пиряхҳо дар вақти воқеӣ мушоҳида ва сабт гардад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”