– Ноҳияи Мурғоб ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, – гуфт узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳокимшо дар суҳбат ба хабарнигори “Ҷумҳурият”.
Ба гуфтаи ӯ, пирони рӯзгордидаи ин минтақаи дурдасти кишвар, аз он сипосгузоранд, ки Ҷаноби Олӣ ҳамеша дар ҳаққи сокинони ноҳияи баландкӯҳ ғамхорӣ зоҳир месозанду баҳри рушди ҳама соҳаҳо тадбирҳои муассир роҳандозӣ менамоянд. Дар замони шуравӣ, ки 60 - соли таърихи ноҳия ба ин давра рост меояд, аз роҳбарони баландпояи Ҳукумати Тоҷикистони Шуравӣ фақат дар соли 1960 – ум котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев як бор ба Мурғоб омадааст. Дигар ягон роҳбари сатҳи олӣ нисбат ба ҳалли мушкилоти мардуми меҳнатқарини ин ҷо таваҷҷуҳе зоҳир накардааст. Вале, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мурғоб ҳафт маротиба ташриф оварданд ва ҳар як сафари Роҳбари давлат таърихию тақдирсоз ва саршори файзу баракат мебошад. Сафари нахустини Пешвои миллат ба ин ноҳияи баландкӯҳ соли 1995 ба вуқуъ пайваст. Он солҳо шароити зиндагии мардум хеле душвор буд. Баъди нахустташрифи Пешвои миллат корвони аввалини мошинҳои пур аз маводи озуқа ба Мурғоб расид ва сокинонро ба ояндаи нек дилпур сохт. Ноҳия ба маҷрои нави пешрафт ворид гашт. Кушода шудани гузаргоҳи Кулма-Қароқурум ба рушди ҳамаҷонибаи ноҳия роҳи васеъ кушод. Имрӯз маҳз Мурғоб Тоҷикистонро тавассути гузаргоҳи байналмилалии Кулма – Қарасу бо кишвари ҳамсояи ба мо дӯст – Чин мепайвандад. Ҳар сол аз 8 то 10 ҳазор мошини боркаш бо зиёда аз 100 ҳазор тонна молу маҳсулоти гуногун аз ин гузаргоҳи байналмилалӣ интиқол меёбанд. Тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, дар оғози бунёди ин масир зикр карда буданд, “агар аз ҳар мошини ин масир дар ноҳияву вилоят ақаллан гарде монад, дар маҷмуъ, кӯҳ мегардад.” Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар ҳошияи сохтмони роҳи байналмилалӣ Мурғоб хеле пеш рафт. Ошхонаву меҳмонхонаҳои сарироҳӣ, марказҳои таъмири нақлиёт ва дигар хизматрасониҳо ба буҷети ноҳия ҳамасола маблағҳои зиёд ворид мекунанд.
Солҳои пеш аҳолии ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб аз қувваи барқ танқисӣ мекашид. Ин мушкилот аз мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон берун намонд. Президенти кишвар соли 2017, баъди сафари навбатиашон ба Боми ҷаҳон дар Маҷлиси Ҳукумати мамлакат таъкид карда, дастур доданд, ки мақомоти дахлдор дар ин самт чораҳои бетаъхир роҳандозӣ намоянд. Ширкати “Помир Энерҷи” дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ аз пайи иҷрои супориши Сарвари давлат шуданд. Барои азнавсозии неругоҳи барқи обии ноҳия 7,4 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардид. Канали обгузари неругоҳ комилан аз нав сохта шуда, агрегатҳои он бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонда шуданд. Моҳи сентябри соли 2018, ҳангоми сафари навбатиашон ба Мурғоб Президенти кишвар тугмаи оғози фаъолияти Неругоҳи барқи обии хурди «Тоҷикистон»-ро пахш карданд. Ба шабакаҳои барқии навбунёди ноҳия 1500 кВт барқ интиқол ёфту ташкилоту идораҳо ва манзилҳои истиқоматии аҳолии маркази ноҳия, деҳоти ба номи Гожо Бердибоев бо нури чароғи раҳмонӣ равшан гардиданд. Ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти барқ аз тарафи Ширкати «Помир Энерҷи» бунёди истгоҳҳои барқи офтобӣ бо тавоноии умумии 1 МВт ба нақша гирифта шуда, истгоҳи нахустин бо иқтидори 200 кВт аллакай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, боз даҳҳо хонаводаҳои ин ноҳияи дурдаст ба неруи барқи хушсифат дастрасӣ пайдо намуданд. Аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, Ширкати «Помир Энерҷи» ба маблағи қариб 1 миллион сомонӣ панелҳои офтобӣ дар деҳаҳои Булункӯл, Чечекдӣ ва Башгумбез насб шуданд. Тамоми хатҳои барқии 10 ва 04-киловатта пурра таҷдид ва муштариён бо ҳисобкунакҳои замонавӣ таъмин шуданд. Ба сардиҳои имсола нигоҳ накарда, давоми се моҳи зимистон дар ноҳия, дар маҷмуъ, 7900 кВт барқ истеҳсол гардид, ки ин дар қиёс ба солҳои пеш хеле зиёд аст.
– Солҳои охир дар ноҳияи Мурғоб ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар мавсими ниҳолшинонии соли гузашта бо роҳбарии раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ беш аз 5600 қаламчаи ниҳолҳои ба иқлими Мурғоб тобовар шинонданд, ки 80 фоизи онҳо нашъунамои нағз доранд. Ният дорем, ки имсол низ, ин иқдомро идома диҳем. Бо супориши раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ, аллакай барои дастраскунии қаламчаву ниҳолҳои беду сафедор ва ангату хуч бо ноҳияҳои ҳаммарз мувофиқаҳо ба даст омаданд ва бо фарорасии мавсими ниҳолшинонӣ маъракаро бо нишондиҳандаҳои беҳтарин ба роҳ мемонем, – иброз дошт раиси ноҳия.
Мурғоб хунуктарин нуқта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин ҷо баъзан сардӣ то 45-50 дараҷа мерасад. Ин мушкилот низ, аз мадди назари Сарвари мамлакат берун нест. Масалан, соли сипаришуда ҷиҳати таъмини хоҷагиҳо бо сӯзишворӣ ба ғайр аз 2970 тонна ангишт ва 3100 метри мукааб ҳезум, иловатан 3 миллион сомонӣ равона гардид. Ин имкон дод, ки ноҳия ҳамаи муассисаҳоро бо сӯзишворӣ ба таври кофӣ таъмин созад. Ҳамзамон, бо дастури Пешвои муаззами миллат аз тарафи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хоҷагиҳои ниёзманд 115 тонна ангишт бо нархи дастрас пешкаш шуд. Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 184 тонна ангишти хушсифатро ба фурӯш гузошт. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оилаҳои камбизоат 400 тонна ангишт туҳфа намуд. Ҳамаи ин тадбирҳо ба он мусоидат карданд, ки ҳам хоҷагиҳои шахсӣ ва ҳам муассисаву идораҳо ба мавсим пурра омода гардиданд.
– Меваи истиқлолиятро аз ҳама бештар мо, сокинони ноҳияи Мурғоб чашида истодаем, – мегӯянд пирони хирад, ки ҳақ асту рост. – Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин ва ягона Роҳбари давлат ҳастанд, ки чандин маротиба ба ноҳия омада, аз ҳолу аҳволи мардуми заҳматкашу ободкор боздид ба амал оварданд ва баҳри беҳбудии рӯзгори онҳо иқдомҳои нек роҳандозӣ намуданд. Аз ин хотир, сокинони ин диёри баландкӯҳ, аз Сарвари мамлакат ниҳоят сипосгузор ҳастанд ва тамоми пешрафти ноҳияро аз шарофати ӯ медонанд.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”