
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз минбарҳои гуногун борҳо иброз намудаанд, ки логистикаи муассир истеҳсолкунандагон, таъминкунандагон, интиқолдиҳандагон (дистрибюторҳо) ва истеъмолкунандагони ниҳоиро бо ҳам мепайвандад, афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва рушди соҳаҳои ба ҳам вобастаро таъмин месозад. Аз ҷумла, дар иҷлосияи 78-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва уқёнуси Ором (ЭСКАТО), ки 23-27-уми майи соли 2022 дар Бангкок (Тайиланд) баргузор гардид, Президенти Тоҷикистон аҳамияти таҳкими заминаи меъёрию ҳуқуқии марбут ба нақлиёт, таъсиси марказҳои логистикии минтақавӣ, амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ, инчунин, низоми зеҳнии нақлиётро дар доираи ЭСКАТО таъкид намуданд.
Тоҷикистон ба таҳкими пайвастаи ҳамкории дуҷониба бо ҳар аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн манфиатдор аст. Ҳамзамон, ҷонибҳо бояд якчанд масъалаҳои нақлиётӣ ва логистикиро ҳал намоянд.
Зимни суханронӣ дар саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (Тошкент, 8-9-уми ноябри соли 2023) Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳарчи зудтар мавриди истифода қарор додан ва истифодаи самараноки долони нақлиётии мултимодалии Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо метавонад ба афзоиши ҳамлу нақли бор байни мамлакатҳоямон такони иловагӣ бахшад.
Бо назардошти ин манофеъ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2024) ба Вазорати нақлиёт супориш доданд, ки барои татбиқи босифати лоиҳаҳои сармоягузорӣ, амалисозии саривақтии сохтмон ва навсозии роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ, ташаккули долонҳои транзитӣ ва нақлиётӣ ва инфрасохтори онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.
Дар саммити Созмони ҳамкории Шанхай дар Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарикону нозирон пешниҳод намуданд, ки ба Созишномаи байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки 12-уми сентябри соли 2014 дар Душанбе ба имзо расида буд, ҳамроҳ шаванд.
Ёдовар мешавем, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи қарори Ҳукумати мамлакат аз 6-уми майи соли 2011 дар сохтори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» таъсис ёфт. 28-уми октябри соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди низоми логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 тасдиқ гардид.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»