Баргашт Чоп кардан

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САДИР ЖАПАРОВ

29-уми июл дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров доир гардид.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистонро ҳамаҷониба муҳокима карданд.
Натиҷаҳои самараноки сафарҳои давлатии чанде пеши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин замина, сарварони давлатҳо муҳимияти рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои дуҷонибаро таъкид карда, ба масъалаҳои пешбурди раванди демаркатсияи хатти Сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи мавзуъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.