Соли ҷорӣ дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаги Ҷамоати деҳоти Язгулом, Бунайи Ҷамоати деҳоти Ҷовидон, Техарви Ҷамоати деҳоти Техарв ва Ғуҷовасти деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ 7 муассисаи таълимии томактабӣ бунёд ва ба истифода дода шуд. Муассисаҳои навбунёд аз 20 синфхона иборат буда, дар онҳо 380 тарбиятгиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад. Дар баробари ин, 34 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.
Муассисаҳои таълимии томактабӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар хусуси бунёду барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ баён шуда буданд, бунёд гардидаанд. Тадбири мазкур, аз як тараф иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад, ки дар ин масир дар ноҳия корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ идома доранд.
Корҳои сохтмонии муассисаҳои мазкур моҳҳои феврал-июни соли 2025 сурат гирифта, аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят 4 муассисаи таълимӣ ва 3 муассисаи дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар бунёд ёфтанд. Дар муассисаҳои мазкур 17 гурӯҳи таълимӣ амал намуда, машғулиятҳо бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудаанд.
Ҳоло дар ноҳияи Ванҷ 2 ҳазору 867 кӯдаки синни томактабӣ ба қайд гирифта шудааст. Бо бунёд гардидани ин муассисаҳо фарогирии кӯдакон ба таълимгоҳҳои томактабӣ ба 38 дарсад баробар мешавад.
– Боиси зикр аст, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳими давлат дониста мешавад ва талошҳо ба он равона шудаанд, ки кӯдакон дар шароити хуб тарбия ёфта, ба камол расанд ва дар оянда дар пешрафти диёри худ дар самтҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.Бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ноҳия идома меёбад ва дар ин кори муҳим сокинон, соҳибкорон ва кормандони идораву муассисаҳо саҳм мегиранд.
– Тадбирҳои пешбининамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндабинона буда, барои тарбияи насли наврас дар заминаи худшиносии миллӣ ва бедории шуури миллӣ равона гардидаанд, ки ин нишондодҳо бояд ҳатман амалӣ шаванд, – иброз дошт раиси ноҳияи Ванҷ Наҷмиддин Давлатзода.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА, рӯзноманигор