Баргашт Чоп кардан

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

«ТОҶИКФИЛМ»
Банаворгирии филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз мешавад
Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки банаворгирии филми таърихии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дар павилионҳои «Тоҷикфилм» ва маконҳои таърихии ҷумҳурӣ оғоз мегардад.
Зикр гашт, ки марҳалаи аввали банаворгирӣ моҳҳои август-сентябр дар Тоҷикистон ва марҳалаи дуюм моҳҳои октябр-ноябр дар Ӯзбекистон баргузор мешаванд. Дар назар аст, ки филм то Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ манзури тамошобин мегардад.
То имрӯз барои банаворгирии филм 1500 нусха китоб, 1650 дона лавозимоти гуногун, аз қабили шамъдон, номаҳо, тоқчаҳо, миз, курсӣ, халта, гӯшвор, гарданбанд, тарозу, кӯзаҳо, қандил ҷамъ ва сохта шуданд. Инчунин, барои қаҳрамонони филм 750 либос, 400 ҷомаи гуногун, 300 тоқӣ ва 350 пойафзол омода шуданд. Барои иштирок дар филм 40 ҳунарманд аз Ӯзбекистон дар Тоҷикистон қарор дорад.
Мавриди зикр аст, ки филми ҳунарии таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба навор гирифта мешавад. Ҳадафи асосии филм тарғиби анъанаҳои дӯстиву бародарии ду миллат маҳсуб ёфта, он роҷеъ ба муносибатҳои дӯстона ва рӯзгори ибратбахши Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ба тамошобинон қисса мекунад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ДБССТ
3235 довталаб комёб гардид
- Ташкили раванди таълим яке аз самтҳои меҳварӣ ва афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маҳсуб ёфта, айни замон теъдоди донишҷӯён беш аз 15 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, - гуфт ректор Убайдулло Асрорзода.
Ба гуфтаи ӯ, имсол ба Донишгоҳ 3235 донишҷӯ дохил гардид, ки нисбат ба хатми соли ҷорӣ панҷ маротиба зиёд мебошад. Миқдори барномаҳои таҳсилот ба 106 номгӯй расонда шуд. Дар ин давра беш аз 100 нафар омӯзгор ба Донишгоҳ ҷалб гашт, ҳайати илмиву омӯзгорӣ 1330 нафарро ташкил дод.
Таъмини иҷрои нақшаҳои стратегӣ, қарорҳои олимон, раёсатҳо ва ҷаласаҳои назоратӣ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ, шарикони рушд имкон фароҳам оварданд, ки мавқеи Донишгоҳ дар фазои таҳсилоти миллӣ ва байналмилалӣ таҳким ёфта, нишондиҳандаҳои рушд бамаротиб афзоиш ёбанд.
Дар намоишгоҳ ва ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод намояндагони зиёда аз 90 корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ бо пешниҳоди беш аз 1500 ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод иштирок намуданд. Хатмкунандагони Донишгоҳ ба корхонаву ташкилотҳо барои суҳбат ҷиҳати дарёфти ҷойи кор роҳнамоӣ шуданд.
Шаҳноз ҚУРБОН
Зарина Идизода: “219 иншоот ба истифода дода шуд”
Дар ноҳияи Рашт ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 307 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 219-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ин нуктаро зикр кард Идизода Зарина Фузайлшо, раиси ноҳияи Рашт, зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон.
Ба гуфтаи мавсуф, вобаста ба амалишавии Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2021-2025 боз 256 иншоот бунёд хоҳад ёфт, ки бештар ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, тиҷорату савдо ва варзиш мансубанд.
Заминларзаи шадиде, ки 11-уми апрел ба вуқуъ пайваст, хисороти зиёд ба бор овард. Дар 11 деҳаи деҳоти Ҳиҷборак ва Аскалон 150 хонаи истиқоматӣ осеб дид.
Аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ дар ҷойи 34 хонаи истиқоматие, ки пурра вайрон шуда буд, биноҳои нави ҷавобгӯ ба меъёрҳои замонавӣ қомат меафрозанд.
Ба сокинони 116 хонаи осебрасида маводи сохтмонӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат пурра дастрас шуд. 193 оилае, ки зарари сабук дидааст, 2 маротиба маблағ ва маводи хӯрока аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кумак гирифт.
Киромиддин ХОЛЗОДА: “Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 56,5 миллион сомониро ташкил дод”
Дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 56,5 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 821 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Холзода Киромиддин Камолиддин, раиси ноҳияи Лахш, ҳамчунин ба хабарнигорон изҳор дошт, ки ҳоло дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 35222 сар чорвои калон, 628 қутос, 154830 чорвои хурд, 73838 паранда, 2259 асп ва 6412 оилаи занбӯри асал парвариш меёбанд. Нақшаи наслгирӣ ва фурӯши гӯшту ширу тухм иҷро шуд.
Кишоварзон дар майдони 5507 гектар картошка, 893 гектар ғалладона ва лӯбиёӣ, 3 гектар зироатҳои техникӣ, 99 гектар сабзавот ва 1558 гектар кишти зироатҳои хӯроки чорво гузаронда, дар 5 гектар боғи нави себ бунёд карданд.
Зарардидагони зилзила соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар ноҳияи Тоҷикобод барои оилаҳо, ки бар асари заминларзаи 13-уми апрел рухдода зарар дидаанд, дар маҷмуъ, 197 хонаи истиқоматии замонавӣ бунёд ва таъмир мегардад.
Тавре Фақерзода Қадриддин Аббос, раиси ноҳияи Тоҷикобод, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, таъмиру бунёди хонаҳо ва дигар иншооти иҷтимоии зарардида дар 12 рустои деҳоти Лангари Шоҳ ва Қалъаи Лаби Об бомаром идома доранд.
Ба зарардидагон Ҳукумати мамлакат пайваста ёрӣ мерасонад. Аз ҷумла, 33 хонаи истиқоматие, ки пурра вайрон шуд, бо сифати баланд қад мекашад. Ба сокинони 164 хонаи қисман вайроншуда маводи сохтмонӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пурра дастрас гардида, хонаҳо ба тариқи ҳашар навсозӣ мешаванд.
Маҳмадшоҳ Давлатзода: “Сангвор симои шаҳрро мегирад”
Сохтмон барои ноҳияи Сангвор соҳаи муҳим ба шумор рафта, барои симои шаҳракро гирифтани деҳот мавқеи хосро ишғол менамояд.
Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, раиси ноҳия, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки роҳбарон дар фаъолияти худ ба масъалаи тозагию озодагӣ ва бунёдкорӣ ҳамвора таваҷҷуҳи махсус зоҳир месозанд. Ноҳияи баландкӯҳи Сангвор бо манзараҳои дилошӯбу табиати нотакрораш барои рушди соҳаи сайёҳӣ мусоид аст. Ҳамарӯза даҳҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ барои сайру саёҳат ба ноҳияи мо меоянд. Аз ин рӯ, тозаю озода нигоҳ доштани маркази ноҳия ва сохтмони иншооти нав, аз ҷумла меҳмонхонаю ошхона ва марказҳои тиҷоративу дилхушӣ хеле муҳиманд. Аз ин ҷост, ки бунёди 80 иншоот ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ба нақша гирифта шудааст. Имсол барои сохтмони асосӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 740 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Худодод ЗАЙНИДДИН