Баргашт Чоп кардан

ВОЖАҲОИ СУҒДИИ ЗАБОНИ МУОСИРИ ТОҶИКӢ. НИГОҲЕ БА ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ ПАЖӮҲИШ

Боиси сарфарозии тоҷикистониён ва аҳли форсизабонони ҷаҳон аст, ки моҳи апрели соли 2025 аз тарафи Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) “Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ” шомили феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ” гардонда шуд. Бояд зикр кард, ки соли 1932 дар деҳаи Хайрободи ноҳияи Айнӣ дар харобаҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ аз тарафи як сокини ин деҳа дастхате пайдо карда мешавад, ки забонаш барои ӯ фаҳмо набуд. Баъдан, соли 1933 барои муайян кардани забони дастхат аз тарафи гурӯҳи муҳаққиқони Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия дар шаҳри Санкт-Петербург бо роҳбарии шарқшинос А. Фрейман дар ин макон 81 дастхати дигар дарёфт ва мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дода мешавад.
Маълум мегардад, ки ин дастхатҳо бо забони суғдӣ навишта шуда, аз номаҳо, қарордодҳо, мукотибаҳои дипломатӣ ва дигар гузоришҳо иборат мебошанд ва дар давраи ҳукмронии охирин шоҳи Суғд дар шаҳри Панҷакенти Қадим – Деваштич (аввалҳои асри VIII) омода карда шудаанд. Айни замон 75 адади ин дастхатҳо дар Осорхонаи Эрмитажи давлатии шаҳри Санкт-Петербурганд.
Воқеан, забони суғдӣ ба шохаи забонҳои шимолу шарқии эронӣ мансуб буда, он тайи асрҳои III-VIII мелодӣ забони байналмилалии Осиёи Марказӣ (Варорӯд) ба шумор мерафт ва то Чин нуфуз дошт. Дар асоси маълумоти забоншиносон ва таърихнигорони машҳури Шарқу Ғарб забони суғдӣ дар ин ҳавзаҳо аз қарнҳои пеш аз истилои араб ҷойгоҳи забони гуфторӣ ва навишториро ёфта буд. Дар ин давра суғдиҳо нахустин бор дар таърих «Роҳи бузурги абрешим»-ро асос гузоштанд ва тавассути он роҳи тиҷоратии нав таъсис доданд, ки соҳилҳои шарқии баҳри Миёназаминро бо Чин мепайваст.
Дар асрҳои IX-X, баъди ба сари қудрат омадани сулолаи Сомониён, забони порсии дарӣ, яъне забони тоҷикии имрӯза, ки дар заминаи шохаҳои забони форсии бостон – забонҳои паҳлавӣ, суғдӣ ва бохтарӣ ташаккул ёфта буд, акнун ҳамчун забони давлатӣ ва байналмилалӣ на танҳо дар ҳавзаи Мовароуннаҳр ва Хуросон, балки берун аз марзҳои онҳо хизмат мекард. Бо баробари ривоҷу равнақ ва густаришу интишори забони дарии тоҷикӣ, то охирҳои асри X дар деҳаҳои атрофу акнофи Бухоро ва Самарқанд ҳанӯз ҳам мардуми маҳаллӣ бо забони суғдӣ ҳарф мезаданд. Ба навиштаи ҷуғрофияшинос ва сайёҳу муаррихи шинохтаи Араб Ал-Муқаддисӣ, дар байни мардуми кӯҳистони водии Зарафшон (яъне, имрӯза Кӯҳистони Мастчоҳ, Фалғар, Панҷакент ва водии Яғноб), забони суғдӣ тақрибан то асрҳои XIII- XIV боқӣ мондааст. Шаҳодати ин гуфтаҳо боқӣ мондани номҳои ҷуғрофӣ (номи деҳаю кӯҳу дараю дарёҳо ва ғайра), ҳамчунин, номи дарахту рустаниву гиёҳҳо дар ин водӣ то ин замон бо забони суғдӣ мебошад. Забони мардуми Яғнобдара (воқеъ дар ноҳияи Айнӣ) забони суғдии нав ва ё дурусттараш, яке аз гӯишҳои забони суғдии бостонӣ ба шумор меравад ва то ба имрӯз мардуми ин дара бо он ҳарф мезананд.
Тавре таҳқиқоти шарқшиносони машҳури шуравӣ В.Лившитс, А. Фрейман, П.Лурйе, А.Хромов, шарқшиносони аврупоӣ П.Ҳорн, В.Ҳеннинг, Ж.Лазар, Рухом Айша ва дигарон, муҳаққиқони вожашиноси тоҷик Т.Зеҳнӣ, О. Маҳмадҷонов, С.Мирзоев, Б.Тураев, Ф.Убайдов ва суғдшиноси эронӣ Б.Ғариб ва дигарон оид ба забони суғдӣ, забони яғнобӣ ва вожаҳои онҳо собит месозад, таркиби луғавии забони суғдиро низ аксаран вожаҳои забонҳои форсии бостон, яъне, вожаҳои авестоӣ ва паҳлавӣ ташкил медоданд.
Дар баробари ин, бояд зикр намуд, ки забони суғдӣ бо хатту алифбои худ сохтори хоси сарфию наҳвиро доро буд, ки баъзе аз вожаҳои ин забон то ба имрӯз дар забони муосири тоҷикии форсӣ ва, умуман дар забони муосири форсӣ, мавриди истифода қарор доранд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” барҳақ зикр намудаанд: “Имрӯз Тоҷикистон аз ҷиҳати бойгарии забонӣ низ мисли як осорхонаи таърихи зинда аст. Чандин забонҳои қадимаи мутааллиқ ба забонҳои шарқии эронӣ дар Бадахшон ва Яғноб, дар болооби дарёи Зарафшон ҳанӯз ҳам мавҷуданд. Ин забонҳо як лабораторияи бебаҳои таърихи забон буда, онҳоро ҳифз кардан ва ҳарчи бештар аз лиҳози илмӣ, хоссатан этнолингвистӣ омӯхтан зарур аст”.
Хулоса, вожаҳои суғдӣ дар забони муосири тоҷикӣ то ба ин рӯз мавқеи муҳим дошта, омӯзишу таҳқиқи амиқтари онҳо аз нигоҳи сохт, маъно ва решашиносӣ, аз вазифаҳои минбаъдаи забоншиносони тоҷик ба шумор меравад.
Пирмаҳмад НУРЗОДА,
доктори илмҳои филология, сарходими илмии Институти забон
ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ