Баргашт Чоп кардан

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

Ҷазои худсарона ё шиканҷае, ки боиси марги фарзанд шуд
Дар шаҳри Турсунзода кормандони милитсия марди 40-соларо бо гумони қасдан расондани зарари вазинин ба саломатӣ, ки боиси марг шуд, боздошт намуданд.
Гумонбаршаванда 26-уми июли соли 2025 писари ноболиғи 15-солаашро барои дуздии маблағҳои пулиаш бо шеваи бераҳмона шиканҷа кардааст, ки бо фоҷиа анҷом ёфт. Ин мард барои ошкор ва иқрор намудани амали дуздӣ фарзандашро бо ноқили барқӣ ба мошин баста, тақрибан 100 метр аз паси воситаи нақлиёт кашола кардааст. Дар натиҷаи чунин амали разилона писарбачаи ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар манзили истиқоматиаш ба ҳалокат расидааст.
Тавре маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора хабар дод, айни ҳол нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ (қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Дуздии 2 миллион сомонӣ аз дохили воситаи нақлиёт
Як сокини шаҳри Душанбе, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ марди 57-сола ном мебарад, аз дохили воситаи нақлиёт 2 миллион сомонӣ дуздидааст.
Ин мард, ки ҳоло бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Фирдавсӣ дастгир шудааст, 25-уми июл даст ба чунин кирдори ҷинояткорона зад. Маблағи дуздидаи ӯ ба ҶДММ “Гавҳараки шарқ” тааллуқ дошта, худи гумонбар аз соли 2022 то кунун дар ҳамин ширкат ба ҳайси ронанда фаъолият менамудааст.
Айни ҳол, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
220 ҳазор сомонӣ барои “озод намудан” аз ҷавобгарии ҷиноятӣ
Кормандони ШВКД дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аъмоли мардумфиребонаеро мавриди тафтиш қарор додаанд, ки дар содир кардани он зани 52-солаи сокини шаҳри Душанбе айбдор мешавад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, гумонбаршаванда бо роҳи фиреб ба бовари марди 52-солаи сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ даромада, давоми моҳҳои май – июни соли 2024 дар чанд маврид аз ӯ 220 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки тавассути шиносҳояш писарашро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод менамояд.
Феълан нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намудани ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ солро пешбинӣ менамояд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”