Медали биринҷии Маҳдӣ Баротов дар Чемпионати ҷаҳон
Паҳлавони навраси кишвар Маҳдӣ Баротов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин (тарзи озод ва юнонӣ-римӣ) миёни наврасони то 17-сола сазовори медали биринҷӣ шуд.
Чемпионат 28-уми июл дар шаҳри Афинаи Юнон оғоз гардида, то 3-юми август идома меёбад.
М. Баротов дар вазни -55 кг гӯштини юнонӣ-римӣ бар варзишгарони Гурҷистон, Туркия, Булғористон пирӯз гашта, ба нимфинал роҳ ёфт. Ӯ дар ин давр аз намояндаи Қазоқистон мағлуб гашта, сипас дар зӯрозмоӣ барои ҷойи сеюм паҳлавони Озарбойҷонро шикаст дод.
Чор варзишгари дигарамон – Амирҷон Обидов (-60 кг), Шоҳиҷаҳон Бобоев (-65 кг), Алишер Рӯзиматов (-71 кг) ва Муҳаммад Султонзода (-80 кг) дар даврҳои аввал аз ҳарифон мағлуб шуда, аз ҷоизаҳо бенасиб монданд.
Дар равияи гӯштини тарзи озод, ки 2-3-юми август доир мегардад, кишварамонро як нафар – Аюбҷон Бозорзода дар вазни -71 кг намояндагӣ мекунад.
ШОҲМОТ
Ду медали наврасони тоҷик дар Чемпионати Осиёи Марказӣ
Шоҳмотбозони кишвар дар Чемпионати Осиёи Марказӣ байни наврасон, ки 20-28-уми июл дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор шуд, ду медал (як тилло ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ба иттилои Иттиҳоди шоҳмоти Қирғизистон, дар мусобиқа беш аз 400 шоҳмотбози навраси аз 8 то 18-сола аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон 17 нафар (10 писар, 7 духтар) шомил буд.
Ҷалолиддин Илҳомӣ миёни наврасони то 18-сола барандаи медали тилло гардид. Намояндаи дигари Тоҷикистон Муродалӣ Сайфиев дар миёни кӯдакони то 8-сола соҳиби медали биринҷӣ шуд.
ВАРЗИШИ САБУК
Варзишгарони наврас дар Мастчоҳ сабқат карданд
26-27-уми май дар ноҳияи Мастчоҳ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук миёни кӯдакону наврасони соли таваллудашон 2012-2013 доир гашт.
Дар мусобиқа беш аз 300 варзишгари шаҳри Душанбе (ду даста), Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд (ду даста), Хатлон (ду даста), инчунин, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Тунсунзода) ширкат доштанд.
Варзишгарони наврас аз рӯи риштаҳои гуногуни варзиши сабук – аз ҷумла, дав ба масофаҳои кӯтоҳ ва миёна (60 метр, 800 метр), дав бо монеаҳо, ҷаҳиш ба дарозӣ, партофти найза, диск, ядро ва гурз, инчунин, эстафетаи 8x50 метр сабқат карданд.
Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода иброз дошт, ки баргузории мусобиқаи мазкур заминаи воқеӣ барои муайянсозии варзишгарони боистеъдод ва ташаккули дастаҳои мунтахаби сатҳи минтақавию ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб меравад.
Мусобиқа бо риояи муқаррароти Федератсияи байналмилалии варзиши сабук баргузор гардида, дар дав ба масофаи 60 метр варзишгари дастаи шаҳри Душанбе натиҷаи беҳтар нишон дода, соҳиби ҷойи аввал гардид. Дар масофаи 60 метр бо монеаҳо бошад, варзишгарони вилояти Суғд маҳорати баланд нишон доданд. Ҷаҳиш ба дарозӣ аз ҷониби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бомуваффақият иҷро шуд. Дар партофти найза, диск ва ҳаво додани гулула варзишгарони вилояти Хатлон ғолибият ба даст оварданд. Дар гурзпартоӣ дастаи Суғд пешсаф шуд. Дар дав ба масофаи 800 метр намояндагони ШНТҶ натиҷаи беҳтаринро нишон доданд. Дар эстафетаи 8x50 метр дастаи вилояти Суғд пирӯз гардид.
Дар ҷамъбаст ду варзишгари фаъол – Нозия Ғоибова аз ноҳияи Шаҳристон ва Аҳмадҷон Салимов аз ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун беҳтаринҳо эътироф гардида, бо медал, диплом ва мукофотпулӣ қадр шуданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”